ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

01 май 2023, Душанбе
46
0

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ ИДОНАИ «1 МАЙ»
1. Номи авлодӣ. 2. Туҳфа – синоними он. 3. Газетаи бачаҳо. 4. Жанри шеърӣ. 5. Ман аз Ватан …… дорам. 6. Поквиҷдон, боақлу идрок….. 7. Театри бачагона. 8. Ихтироъ, бозҷӯи нав…… 9. … муборак арӯсу домод. 10. Хӯрданӣ, ширинӣ. 11. Шеъру … хонем. 12. Фикр, хаёл … . 13. Моҳи толеънома. 14. Асари С. Шерозӣ. 15. Ноҳияи Тоҷикистон. 16. Ҳафтанома. 17. Шаҳраке дар Исфара. 18. Давлат дар Осиё. 19. Ансамбли овозӣ. 20. Корманди соҳаи фарҳанг. 21. Замини мева, дарахтзор. 22. Дар озмун …. Омад. 23. Паранда. 24. Асбоби мусиқӣ. 25. Шоира …. Сафиева. 26. Китоби шодравон Лоиқ Шералӣ. 27. Истилоҳи адабӣ. 28. Азиз, дилҷӯ…
Таҳияи Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ,
сокини ноҳияи Ашт

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
 Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru



РАНГИ БУНАФШ.  ЧАРО ОН ДАР ПАРЧАМИ КИШВАРҲОИ ОЛАМ ИСТИФОДА НАШУДААСТ?
То 1800 сол қабл аз милод ранги бунафш он қадар нодиру гарон буд, ки ҳатто аз тилло ҳам болотар арзиш доштааст. Тайи қарнҳои гузашта ин ранг ҳамчун рамзи сарват ва қудрат маънидод мешуд ва онро тоифаи мушаххаси одамон, аз ҷумла шоҳзода Елизавета истифода менамуд.
Тафовути ранги бунафш аз дигар рангҳо дар камёбу нодир будан ва дар он истифода аз рангомезе буд, ки арзиши ниҳоят гарон дошт.
Бо сабаби гаронии ранги бунафш, ҳатто императори Рум «Аврелиан» ба завҷааш иҷозат намедод, то либосҳои ранги арғувонидоштаро бихарад, зеро қимати ранги онҳо се баробар бештар аз вазни тилло буд. Бинобар ин, ягон кишвар тавони бардошти харҷи ранги бунафшро дар парчамҳояш надошт.

Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ГУРБА ВА КАБӮТАР
Ба чашми гурбае кабӯтаре афтод, ки дар назди хона нишаста буд ва ҳеҷ намеҷунбид. Хурсанд шуд. Хост онро туъмаи худ қарор бидиҳад. Ба оҳистагӣ, бе овози по ба он наздик шуд ва ҳам рӯ ба рӯ гардид. Кабӯтар, ҳамчунон, ҳеҷ аз ҷой намеҷунбид ва даҳшати ҳуҷуми гурбаро низ, эҳсос намекард. Тааҷҷуби гурба аз ин бештар афзуд: «Чаро кабӯтар наметарсад, ки пас аз замоне туъмаи ӯ мешавад? Чаро намепарад, дар ҳоле ки пар дорад ва худро ба осонӣ наҷот дода метавонад?». Албатта, бо тааҷҷуб шодмон низ буд, ки акнун ба чангаш медароварад.
Гурба боз ба кабӯтар наздиктар шуд ва ба чашмони ӯ нигарист. Дид, ки кабӯтар кӯр аст. Аз раъяш баргашт. Дилаш ба ҳоли ин парандаи оҷиз сӯхт ва ба қароре омад, ки на танҳо туъмаи худ насозадаш, балки тамоми рӯз ҳимояташ намояд. 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ


ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
ФАРЗОНА
Тулуи муваффақияти  як ҷавондухтари тоҷик
Фарзона Восиева ягона тоҷикдухтаре мебошад, ки ба тарҷумаи шеъри арабӣ бо забони тоҷикӣ машғул аст. Ӯ то ба имрӯз аз ашъори шоирони даврони Уммавиён ва Аббосиён шеъру қасидаҳои Ҳассон ибни Собит, Башшор ибни Бурд, Аббос ибни Аҳнаф, Буҳтурӣ, ибни Муътаз ва дигаронро тарҷума намудааст. 
Соли 2020 намояндагону ҳунармандони Кувейтро, ки барои гузарондани Рӯзҳои фарҳанги ин кишвар ба Тоҷикистон омада буданд, ба ҳайси тарҷумон роҳбаладӣ кард. Онҳо ба Фарзона пешниҳоди идомаи таҳсилу кор дар фарҳангистони Кувейтро намуданд, вале ӯ розӣ нашуд. Ба ҷуз аз забони арабӣ забони русиву англисиро низ, дар сатҳи хуб медонад. Фарзона табъи хуби шоирӣ низ, дорад. Достони ҳаҷман кӯтоҳаш таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор», ки бахшида ба асари «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардидааст, дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ба саҳна гузошта шуд. Фарзона соли 2020 дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти бачагона сазовори ҷойи аввал гардид. 

Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
    


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ДАЪВО 
- Духтур даъвои ман ин буд, ки пеши чашмонам доғҳои хира медидам, баъди муолиҷаи шумо баръакс доғҳо тамоман рӯшан шуда рафтанд, худаш чӣ гап? Ё аз болоят ариза нависам?
- Бобоҷон, ман чашмони шуморо муолиҷа кардам, доғҳои айнакатонро набераатон бояд тоза кунад. 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ



“DOLCE & GABBANA”

"Dolce & Gabbana" - хонаи мӯди итолиёӣ аст, ки аз ҷониби итолиёвиҳои ватанӣ Доменико Долче ва Стефано Габбана таъсис ёфтааст. Қарори кушода шудани тиҷорати онҳо соли 1982 буд. 
Доменико ва Стефано Габбана дар Милан бо ҳам шинос шуданд. Онҳо ба зудӣ дӯстдоштаи маҷаллаҳои мӯд шуданд. Ҳамин тавр, аввалин коллексияи онҳо, ки як сол пас аз оғози эҷодиёти муштарак пешниҳод гардид, ба тарроҳони ҷавон шуҳрати воқеӣ овард. Соли 1992 аввалин атри бренди - "Dolce & Gabbana Parfum" дар ҷаҳон муаррифӣ шуд. Дар соли 2001 зиёда аз 70 дарсади фаъолияти бренди мӯд берун аз Италия сурат гирифт. Имрӯз 'D&G' яке аз ширкатҳои пешрафта ва маъруфтарин брендҳои мӯд дар ҷаҳон аст.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА



ҲОДИСАИ БЕСОБИҚА ДАР ТАБИАТ
Борони дарозтарин дар рӯи Замин дар яке аз ҷазираҳои Кауай сабт шуд, ки 247 рӯз беист борид. Боридани борон аз 27 августи соли 1993 то 30 апрели соли 1994 идома кард.
 Таҳияи Суҳайл НОЗИМОВА



ОЯНДАНИГАРӢ 
Ё ЧАРО СТАЛИН МУАЛЛИМОНРО БА ФРОНТ РОҲ НАМЕДОД?

Сталин дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ягона синферо, ки ба ҷанг роҳ надод муаллим буд! Вай ҳатто амр дод, ки муаллимонро дар хандақҳои зеризаминӣ пинҳон кунанд. Вақте аз Сталин сабаби тасмимашро пурсиданд гуфт: «Агар мо дар ҷанг пирӯз шавем, барои кушодани ҷаҳон ба онҳо ниёз дорем ва агар мағлуб шавем, ба онҳо барои сохтани кишвар ниёз дорем».

Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН



ИТТИҲОДИ АВРУПО   ИСТЕҲСОЛИ НЕРУИ БАРҚ  АЗ ОФТОБ ВА БОД БЕШТАР ШУД
Соли 2022 тибқи ҳисобҳои маркази таҳлилии Ember, Иттиҳоди Аврупо бори аввал аз манбаъҳои барқароршаванда назар ба сӯзондани газ бештар неруи барқ гирифт. Дар ин миён Олмон аз ҳама бештар «неруи сабз» истеҳсол кардааст. 
Мувофиқи ҳисобҳо, соли гузашта дар Иттиҳоди Аврупо  тақрибан 22 дарсад неруи барқи тавлидшуда ба неруи офтобӣ ва бодӣ рост омадааст, ки нисбат ба пештара зиёд мебошад.  Аз ин шумора 10 дарсад неруи барқи офтобӣ ва  тақрибан 20 дарсад неруи барқи бодӣ ба Олмон рост меояд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ 



ХУРДТАРИН БОҒ  ДАР ҶАҲОН
Хурдтарин боғи ҷаҳон дар шаҳри Портленди ИМА ҷойгир буда, 0, 29 метри мураббаъ масоҳат дорад. Боғ бо номи Милл Ендсро соли 1948 рӯзноманигор Диг Фаган, дар наздикии идораи худ бо шинондани як чанд буттаҳо, бунёд кардааст. Он соли 1976 аз ҷониби шурои шаҳр расман эътироф гардид. 
Таҳияи Сумая АБДУҲАМИДОВА


МУЪҶИЗАҲОИ МУҲАНДИСӢ
МЕТРОИ ЛОНДОН

Ҳар субҳ беш аз 4 миллион нафар ба шабакаи васеи нақбҳои зери шаҳр мефароянд. Бале, ин метрои Лондон аст, ки бо номи «қубур» низ, маълум аст. Ин бузургтарин системаи метро дар ҷаҳони Ғарб ва шоҳасари воқеии сохтмони зеризаминӣ мебошад. 
Метрои Лондон дар як сол зиёда аз як миллиард мусофирро интиқол медиҳад. Миллионҳо нафар бештар аз он ки барои интиқол пешбинӣ шуда буд. Ҳоло ин метро яке аз калонтаринҳо дар ҷаҳон буда, шабакаи он аз 11 хат ва дарозии умумии тақрибан, аз 402 км иборат буда, 45 дарсади он аз зери замин мегузарад. Аз рӯи дарозии умумии хатҳо метро дар ҷаҳон пас аз Сеул, Пекин, Шанхай ва Москва дар ҷойи панҷум аст. Метрои Лондон дорои 270 истгоҳ мебошад. 

Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН



4 СОҲИЛИ ЗЕБОТАРИНИ САЙЁРА
4. МАВРИКИЙ — PARADIS

Маврикий -  Paradis  яке аз минтақаҳои зеботарини уқёнуси Ҳинд ва сайёра ба шумор рафта, дар қисмати ҷанубии Маврикия ҷойгир аст. Дар тамоми фасли сол оби ин ҷо ором ва барои истироҳату оббозӣ мувофиқ мебошад. Ба ин ҷо бештар дар фасли гармо мардум барои оббозӣ ташриф меоранд ва ин минтақа низ, бо манзараҳои аҷоиби худ диққати тамоми сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. Сайёҳон орзу мекунанд, ки ҳадди ақал як маротиба аз мавзеъҳои ин макони тамошобоб дидан намоянд.                                                                  

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


АЗ «МАҚОЛОТИ ШАМС»
Марди некро аз касе шикоят нест, назар ба айб нест. Ҳар кӣ шикоят кард, бад ӯст.
* * * 
Дурӯғ бадтарин гуноҳ аст.
* * * 
Садақа чунон беҳ, ки ғайр набинад, ки ту он медиҳӣ.
* * * 
Соҳибтабъ намебояд, соҳибдил мебояд. Дил биҷӯй, на табъ.

Гирдоваранда Абдулқодири РАҲИМ


ФУТБОЛ 
РОНАЛДО БА ДУШАНБЕ  МЕОЯД, АГАР…
Тағйироте, ки қарор аст дар Лигаи  чемпионҳои  Осиё воқеъ шавад, ба мухлисони футбол имкон медиҳад, ки Роналдоро дар Душанбе бинанд. Агар “Ан - Наср” ва “Истиқлол” дар Лигаи чемпионҳои Осиё дар як гурӯҳ қарор гиранд, пас дастаи Криштиану ба Душанбе меҳмон хоҳад шуд. Зеро тибқи низомномаи нав дар Лигаи чемпионҳои Осиё бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ  ҳам дар майдони худ ва ҳам дар меҳмонӣ баргузор мешаванд. Қаблан, ҳамаи бозиҳои гурӯҳӣ дар ягон кишвари алоҳида доир мегашт.

Қурбонбибӣ  ХОЛНАЗАРОВА, 
таҷрибаомӯзи  “Ҷумҳурият”



НАВБАТПОИ КИРОЯ 
Роберт Семюэл, ки сокини шаҳри Ню-Йорк мебошад, 8 сол боз ба як тиҷорати ғайриодӣ машғул аст. Ӯ ва ҳамкоронаш бар ивази истодан дар навбат аз одамон пул мегиранд. Роҳандозии чунин тиҷорат ба сари Роберт замоне омад, ки марде аз ӯ хоҳиш кард ба ҷояш дар навбат истад ва ҳаққи вақти сарфшудаашро пардохт намуд. Минбаъд, вақте Роберт дид, ки мардум, воқеан ҳам, ба чунин навъи хизматрасонӣ зарурат доранд, дар атрофаш гурӯҳеро ҷамъ овард. Ин навъи тиҷорат бизнеси ҷадид ва  рушднокарда буда, бунёди он далели қимат будани вақт аст. 
Таҳияи Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА



АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР ДАР ВАРЗИШ
РЕКОРДИ НАВ   
ДЕНИС ТАЁРАИ 32-ТОННАГАРО КАШИД 

6 апрел дар Рӯзи байналмилалии варзиш Денис Вовк, варзишгари рус, дар фурудгоҳи Сочи рекорди ҷаҳонӣ ва рекорди мутлақи Россияро гузошт. Вай самолёти 32-тоннагии Sukhoi Superjet 100-ро бо қувваи бозу дар 42 сония 10 метр кашид. 
Худи варзишгар бошад, 90 килограмм вазн дорад. 
Қаблан, ин қавибозу ҳавопаймои Airbus A-319 «Спортолет», ки 40,57 тонна вазн дошт, дар 52 сония аз ҷойяш ба масофаи 4 метру 32 сантиметр кӯчонда, рекордгузор шуда буд. 

Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН


ОДАМИ ҶАНГАЛ Ё ҚУДРАТИ БУНЁДКОРИИ ЯК ИНСОН
Ҷадав Пайенг, ки яке аз машҳуртарин экологҳои ҷаҳон дониста мешавад, сазбкории худро аз соли 1979 оғоз намудааст. Вақте дар дарёи Брахмапутраи Ҳиндустон обхезӣ ба амал омад, ҳазорон ҷонвар дар заминҳои хушку холӣ нобуд мешаванд. Он замон Ҷадав ҳамагӣ 16 сол дошт ва дар назди худ мақсад гузошт, то ин маконро ба ҷангалзор табдил диҳад. Ӯ бо вуҷуди наврасии худ ба кор шуруъ кард. 
Бо гузашти беш аз 40 сол, ин макон ба ҷангали ҳақиқӣ табдил ёфта, макони зисти ҳазорон ҷонвар, аз ҷумла филҳо, бабрҳо, носорог ва парандаҳову ҷонварони хурд гаштааст. Ҷангали Ҷадав, ки дар майдони 550 гектар доман густурдааст, айни ҳол ҳамчун мамнуъгоҳ ҳифз мешавад. 
Соли 2013 дар бораи ҳаёту фаъолият ва қаҳрамонии ӯ филми “Одами ҷангал” рӯи пардаи синамо омад.
Таҳияи Комрон САФАР


СУХАНОНИ КӮТОҲ
Барои зинда мондан ду Хуршед лозим аст: яке дар осмон ва яке дар дил.

* * * 
Ҳунар калиди фаҳми зиндагӣ аст

* * * 
Се чизро нигаҳ дор: гуруснагиатро сари суфраи дигарон, забонатро дар ҷамъ ва чашматро дар хонаи дӯст.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ


 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ДАР ДЕВОНАХОНА 
Журналист:
- Рафиқ сардухтур, шифо ёфтани беморонро чӣ гуна муайян мекунед?
Духтур:
- Усули санҷидашуда ҳамин аст, ки ванаро пур аз об намуда, барои холӣ кардани он як қошуқ ва як коса мемонем. Аз рӯи интихобе, ки бемор мекунад, то кадом андоза шифо ёфтани ӯ худаш маълум мешавад.
Журналист: 
- Ҳамин ҳам усул шуд?! Аниқ аст, ки шифо ёфта бошад, косаро мегирад.
Духтур: 
- Не дӯстам, шифо ёфта бошад, тамбаи ванаро мекушояд.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ



ДУОИ МОДАР  МУСТАҶОБ АСТ
Марк ном саратоншиноси машҳур, ки дар ин соҳаи тиб номвар буд, дар роҳ ба сӯи як конфронс ба иттифоқоти аҷибе рӯ ба рӯ шуд. Табиб, ки аз рӯи нишондоди навигатор ҳаракат мекард, баробари гум шудани мавҷи интернет роҳгум зад. Ҳарчанд ҷуст масири дурусти ҳаракаташро пайдо накард, гуруснаву хаста маҷбур шуд, ки дареро бикӯбад. Ба бахти ӯ, модаре дари манзилашро ба рӯяш боз кард ва ба хона таклиф намуд. Зан ба назди меҳмони нохонда дастархон густурд, барояш ғизо овард ва худ дар бари болини фарзанди бемораш қарор гирифту зери лаб муноҷот мекард. 
Чунин ҳолат диққати меҳмонро ба худ кашид, ки аз соҳибхона пурсид: 
- Ин чӣ манзара аст ва дуои Шумо аз баҳри чист?
- Ин ки мебинед, фарзанди ман аст ва аз бемории саратон ранҷ мекашад. Нафаре, ки метавонад ӯро аз дарди ҷонкоҳ халос кунад Марк ном табиби овозадор аст. Вале барои дидор бо ӯ дасти кӯтоҳ дорам. Аз Парвардигор талаб дорам, ки дидори Маркро бароямон муяссар гардонад…

Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА

Санаи нашр: 28.04.2023 №: 88-89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив