БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ

28 июл 2025, Душанбе
12


24-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Муҳтарам Владимир Владимирович,
Хабари фоҷиаи ба ҳалокат расидани мусофирон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амури Федератсияи Русия боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Таъзияву таслияти самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем”.

Санаи нашр: 25.07.2025 №: 144