СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
24-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ карданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба муносибати рӯзи таваллудашон табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо ба манфиати мардуми бародари Ӯзбекистон орзу намуданд.
Пешвои миллат рушди устувори Ӯзбекистон ва нуфузи пайваста афзояндаи онро дар арсаи байналмилалӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев таъкид сохтанд.
Омодагии ҷонибҳо ба талошҳои минбаъдаи муштарак барои ноил шудан ба натиҷаҳои нав дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид гардид.
Сарварони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин, ҷадвали мулоқоту тамосҳоро дар ҳошияи чорабиниҳои дарпешистодаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.
