ДАРВОЗ. НИГИНЕ ДАР КӮҲИСТОНИ ТОҶИК
Дарвоз яке аз ноҳияҳои зебоманзар ва хушбоду ҳавои Тоҷикистон буда, ҳамчун дарвозаи Бадахшон байни сайёҳон маъруфият дорад. Чун ноҳия дар саргаҳи минтақаи сайёҳии мамлакат қарор дорад, онро ҳамасола ҳазорон сайёҳон ва меҳмонон убур мекунанд. Бо назардошти ин, сокинон барои ободӣ ва рушди ноҳия саҳм мегиранд. Дар Дарвоз барои истироҳат ва фароғати фаъоли сайёҳону меҳмонон меҳмонхонаҳои хуштарҳи замонавӣ, ошхонаҳо ва комплексҳои нави сайёҳӣ, марказҳои хизматрасониву солимгардонӣ сохта мешаванд.
ИНФРАСОХТОРИ САЙЁҲИИ ДАРВОЗ
Ҳоло Дарвоз ҳамчун яке аз минтақаҳои сайёҳии мамлакат шинохта шуда, ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инфрасохтори сайёҳӣ босуръат рушд мекунад. Дар минтақа бо назардошти рафтуомади зиёди сайёҳону меҳмонон меҳмонхонаҳои муосир сохта мешаванд. Чанде пеш, ҳангоми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи ВМКБ, дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» ба фаъолият пардохт.
Комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, ки дарёву чашмаҳои мусаффо ва маназараҳои нотакрор дорад, сохта шудааст. Дар ин ҷо барои зиндагӣ ва фароғати сайёҳон, инчунин, сайругашт, ташхису табобат ва машғулиятҳо ба камонварӣ ва дигар намуди бозиҳои шавқовари қадима шароити хуб муҳайё аст. Ҳамчунин, дар ноҳияи Дарвоз деҳаи этнографии Комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст. Дар ин мавзеи сайёҳӣ барои муаррифии таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик намунаи хонаҳои истиқоматӣ, осиёби обию бодӣ ҷувоз ва дигар намуди суннату анъанаҳои мардумӣ, давраҳои гуногуни зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад, бунёд ёфтаанд. Акнун, дар деҳа хонаҳои хурди бо лой ва чӯб сохташуда, ки асрҳои пеш тоҷикони кӯҳистон барои худ месохтанд, ба сайёҳон муаррифӣ мешаванд.
Ноҳияи Дарвоз сайёҳонро бо омезиши хусусиятҳои ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, инфрасохтори пешрафта ва фароғат ҷалб мекунад. Минтақа дар 370-километрии шаҳри Душанбе дар иҳотаи кӯҳҳои Бадахшон ҷойгир буда, бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Ҷаҳонгардон ҳангоми сафар ба ин минтақа аз манзараҳои Афғонистони ҳамсоя, ки аз он тарафи дарёи Панҷ хуб намуддоранд, низ тамошо мекунанд. Дар ин ҷо харобаҳои шаҳри қадимаи Каронро метавон вохӯрд, ки дар баландии беш аз 1500 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифта, яке аз ҷойҳои маъмули сайёҳии ноҳия мебошад.
ДАРВОЗ БА МАКОНИ САЙЁҲӢ ТАДБИЛ МЕЁБАД
Дар ноҳияи Дарвоз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиӣ зиёданд, ки ҳамасола сайёҳону меҳмонони зиёдро ҷалб месозанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ноҳияи Дарвоз 162 иншооти таърихиву сайёҳӣ ва хизматрасонӣ фаъолият доранд. Барои дӯстдорони истироҳати фаъол имкониятҳои вақтхушӣ, аз қабили камонварӣ, боздид аз бозорҳои афғонӣ, сайр дар шоҳроҳи Бадахшон, кӯҳгардӣ, фароҳам оварда шудаанд.
Дар Дарвоз, бахусус, сайёҳии кӯҳӣ ва солимгардонӣ фаъолона рушд мекунад. Инчунин, Дарвоз мисли дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ дорад, ки сайёҳии экологиро ба самти ояндадор тадбил медиҳад.
Тибқи иттилои дастрас, танҳо дар шаш моҳи соли равон наздики 5 ҳазор сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии ноҳияи Дарвоз дидан намудаанд. Бунёди босуръати иншооти сайёҳӣ дар минтақа, бешубҳа, ба рушди соҳа ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ заминаи устувор мегузорад.
Дар маҷмуъ, минтақаи Дарвоз бо табиати зебоманзар, рушди инфрасохтори муосир ва пешниҳодҳои гуногуни фароғати фаъолу солимгардонӣ ба макони ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфта истодааст.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.07.2025 №: 144