“ШОМИ БОКС”

28 июл 2025, Душанбе
14


Пирӯзии варзишгарони тоҷик тантанаи миллист
22-юми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” («IBA.Pro 8») баргузор шуд.
Дар набарди асосӣ варзишгари маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов бар намояндаи Камерун Кристофер Муафо бо қарори доварон пирӯз шуд. Чемпиони Осиё дар соли 2019 ва барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар соли 2023 Баҳодур Усмонов камарбанди “IBA.PRO Intercontinental” дар вазни сабукро дифоъ кард. Инчунин дар ин набард, ки аз 10 раунд иборат буд, муштзани тоҷик соҳиби камарбанди “WBO Intercontinental” гардид.
Ин 11-ум пирӯзии Баҳодур Усмонови 27-сола дар бокси касбӣ мебошад ва то ҳоло мағлуб нашудааст.
Дар муҳорибаи дигари “Шоми бокс” ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ ва ғолиби Бозиҳои 19-уми Осиё Давлат Болтаев аз Тоҷикистон барои камарбанди “IBA.PRO Intercontinental” бо муштзани Нигерия Соломон Адебайо рақобат кард. Зӯрозмоӣ, ки аз 10 раунд иборат буд, дар раунди аввал бо нокаути техникӣ бар суди муштзани тоҷик хотима ёфт.
Ин ҳафтум пирӯзии Давлат Болтаев дар бокси касбӣ ба шумор меравад ва ӯ то ҳоло шикастнопазир аст. Адебайо бошад, дар бокси ҳирфаӣ пас аз 14 пирӯзӣ бори аввал ба шикаст мувоҷеҳ шуд.
Инчунин, муштзанҳои тоҷик Некрӯз Салимов (2-0) дар вазни -80 кило бар Абдулазиз Абдуфаттоев (3-1) аз Ӯзбекистон ва Акмал Убайдов (8-0) дар вазни 57,2 кило бар Тайфур Алиев (3-1) аз Озарбойҷон ғалаба карданд. Муҳорибаи аввали муштзани тоҷик Дамир Муйбалихонов дар бокси касбӣ дар вазни 59 кило бо Георгий Капанадзе аз Гурҷистон мусовӣ шуд.

ГӮШТИН
Медали нуқраи Евлоев дар мусобиқаи рейтингӣ дар Венгрия
Узви дастаи мунтахаби гӯштини тарзи озоди кишвар Магомед Евлоев дар мусобиқаи байналмилалии рейтингӣ ба хотираи чемпионҳои олимпӣ Имре Пойяк ва Янош Варга медали нуқра ба даст овард.
Мусобиқа 17-20-уми июл дар шаҳри Будапешти Венгрия бо ширкати беҳтарин паҳлавонон доир гашт. Магомед, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа буд, дар гӯштини тарзи озод, вазни -79 кг гӯштин гирифта, бар паҳлавонони Олмон, Ҳиндустон, Юнон ғолиб омада, дар финал аз варзишгари Гурҷистон мағлуб гашт.
Ёдрас мекунем, ки Магомед Евлоев чанде пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Туркия сазовори медали тилло шуда буд.


Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон доир мешавад
Аз 28-уми июл то 3-юми август дар пойтахти Юнон – шаҳри Афина Чемпионати ҷаҳонии гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасони то 17-сола баргузор мешавад.
Ҳудуди 700 паҳлавони наврас аз кишварҳои ҷаҳон дар пойтахти Юнон ҷамъ меоянд, то беҳтаринҳоро дар 30 вазн (10 вазн – тарзи озод, 10 вазн – юнонӣ-римӣ, 10 вазн – гӯштини занона) муайян созанд.
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштинҳо, Тоҷикистонро дар мусобиқа 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд: Аюбҷон Бобозода (-71 кг), Алиризо Баҳромов (-80 кг) дар гӯштини тарзи озод; Маҳдӣ Баротов (-55 кг), Амирҷон Обидов (-60 кг), Шоҳиҷаҳон Бобоев (-65 кг), Алишер Рӯзимадов (-71 кг), Муҳаммад Султонзода (-80 кг) дар гӯштини юнонӣ-римӣ.


ҶУДО
Паҳлавонони кишвар дар Гранд-слами Уланбатор ширкат мекунанд
Пас аз Чемпионати ҷаҳон, ки барои тими ҷудои кишвар бобарор буд, сайри ҷаҳонии ҷудо 25-27-уми июл бо Гранд-слами Уланбатор идома меёбад.
Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа иштироки 247 варзишгар аз 29 давлат дар назар аст. Аз ҷумла, ҷумҳурии моро 12 нафар намояндагӣ мекунанд – мардҳо: Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Умедҷон Раҷабов, Мизробшо Лоиқов (-90 кг), Муҳсин Малаев, Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг); бонувон: Александра Кан (-57 кг), Виктория Кисилёва (+78 кг).
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал, чун анъана бо ҷоизапулӣ қадр мешаванд. Барои ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барои барандагони медали нуқра 3000, медали биринҷӣ 1500 евро пешбинӣ шудааст.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.07.2025 №: 144