ҶУДО

28 июл 2025, Душанбе
25
Масъуди Аҳмадзод дар Гранд-слами Уланбатор медали нуқра гирифт
Паҳлавонони тоҷик аз “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025”, ки 25-27-уми июл дар пойтахти Муғулистон – шаҳри Уланбатор баргузор шуд, бо як медали нуқра бармегарданд.
Медалро Масъуди Аҳмадзод дар вазни -73 кг ба даст овард. Ӯ дар даври аввал бар варзишгари мизбон Энхтур Ҷугдергарав, дар даври дуюм бар Карен Галстян аз дастаи бетараф (IJF), дар чорякфинал бар Гаонуи Лин аз Чин ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Масъуд дар нимфинал Казбек Нагучев аз Амороти Муттаҳидаи Арабро шикаст дода, дар финал аз паҳлавони муғул Уранбаяр Одгерел мағлуб шуд. Ин аввалин медали Масъуди Аҳмадзод дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад.
Инчунин, дар “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025” чаҳор паҳлавони тоҷик - Меҳрзод Суфиев дар вазни -60 кг ва Умедҷон Раҷабов дар вазни -90 кг мақоми панҷум, Александра Кан дар вазни -57 кг ва Мансур Раҳмон дар вазни +100 кг ҷойи ҳафтумро гирифтанд.
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 236 варзишгар (142 мард ва 94 зан) аз 28 кишвар ширкат доштанд.
Дар ҳисоби медалҳо Ҷопон бо касби 12 медал (6 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Муғулистон бо 11 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) бо касби 10 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали нуқра, ду ҷойи панҷум ва ду ҷойи ҳафтум дар байни 28 кишвар дар зинаи даҳум ҷой гирифт.
Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 ва биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардиданд.
Мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо Гран-прии Қингдао (Чин) мебошад, ки 26-28-уми сентябр ба нақша гирифта шудааст. Вале қабл аз он, 27-31-уми август дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни наврасон доир мешавад.
ТАЕКВОНДО
Ду медали биринҷӣ дар Чемпионати Осиё
Варзишгарони кишвар дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (WT) миёни наврасону ҷавонон дар Малайзия ду медали биринҷӣ гирифтанд.
Ба иттилои ноиби раиси Федератсияи таеквондои кишвар Ҷаҳонзеб Қармишев, дар Чемпионат, ки 25-уми июл оғоз гардида, то 1-уми август идома меёбад, варзишгарони аз 42 давлати қора ширкат доранд.
Медалҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Абдуҷаъфари Баҳодур миёни ҷавонон ва Олия Муродова миёни наврасон сазовор гаштанд.
Абдуҷаъфар дар вазни 55 кг бар намояндагони Фаластин, Қирғизистон, Ҳиндустон ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари Тайланд шикаст хӯрд. Олия бошад, дар вазни 37 кг миёни наврасон дар ду давр бар намояндагони Арабистони Саудӣ ва Қазоқистон пирӯз гашт, вале дар нимфинал аз варзишгари Ҷумҳурии Корея мағлуб гардид.
Чемпионат бо рақобатҳо дар равияи “Poomsae” ва миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд идома меёбад.
ФУТБОЛ
КМВА – ғолиби Ҷоми ҷавонӣ-2025
Мусобиқаи футбол – Ҷоми ҷавонӣ миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи КМВА ба анҷом расид.
Мусобиқа тули се ҳафта бо ширкати ёздаҳ даста баргузор шуд. Дар бозии ниҳоӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, ҷавонони КМВА бар ҷавонони «Вахш»-и Бохтар бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда, соҳиби ҷоиза гардиданд. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Ҳосилот» бар «Истаравшан» пирӯз шуд – 2:1.
Бо натиҷагирӣ аз мусобиқа, ки бори чорум доир гашт, Ҳусниддини Маҳмадалӣ (КМВА) беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Ҷоизаи нишонзани беҳтаринро Беҳрӯз Хуҷаев («Вахш») гирифт.
Фонди ҷоизавии мусобиқаи Ҷоми ҷавонӣ-2025 60 ҳазор сомониро ташкил дод. Ғолиби мусобиқа бо 30 ҳазор сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 20 ҳазор сомонӣ ва соҳиби медали биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадр гардиданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.07.2025 №: 145