САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ТУРКМАНИСТОН

05 август 2025, Сешанбе
24


4-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба Туркманистон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

* * *

4-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгули Бердимуҳамедов гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 3-юмин Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок менамоянд.


МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГУРБОНГУЛИ БЕРДИМУҲАМЕДОВ
4-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Туркменбошӣ бо Раиси Халқ маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгули Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Гурбонгули Бердимуҳамедов Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Туркменбошӣ хайра мақдам гуфта, барояшон хоҳони будубоши хуш ва боздиди пурмаҳсул шуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фурсати муносиб барои дидору гуфтугӯ бо роҳбарияти Туркманистони дӯст изҳори қаноат намуда, ба кори Конфронси байналмилалии басо муҳим ба бародарони туркман барору комёбӣ хостанд.
Зимнан, доир ба доираи васеи масоили вобаста ба мунобатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид.
Ҳамчунин, доир ба як қатор мавзуъҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Санаи нашр: 05.08.2025 №: 151