БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ МОЛҲОИ САНОАТӢ, КИШОВАРЗӢ, ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
5-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони давлатҳои иштирокдори Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон боздид намуданд.
Дар намоишгоҳ гӯшаҳои намоишии Тоҷикистон ташкил гардида буданд, ки дар он номгӯйи зиёди молҳои корхонаҳои саноатии кишвар, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуданд. Дар намоишгоҳи таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон сарварони давлатҳо ва дигар меҳмонон ба гӯшаи намоишгоҳи Тоҷикистон мароқи баланд зоҳир карданд.
Павилиони Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил гардида, баёнгари он буд, ки Тоҷикистон сарзамини зархез, ватани обҳои ширину мусаффо ва мардуми заҳматкашу меҳнатдӯст мебошад.
Аснои шиносоӣ бо гӯшаи таомҳои миллӣ дар намоишгоҳи Тоҷикистон сарварони давлатҳо ба маҳорати баланди ошпазҳо ва маҳсулоти дастранҷи деҳқонони тоҷик баҳои сазовор доданд.
Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат ва таомҳои миллӣ шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Дар гӯшаи молҳои саноатӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, саноати сабук, заргарӣ, алюминӣ, обҳои рангаи ташнагишикан, маҳсулоти рангуборкунӣ, сангҳои ороишӣ ва ғайра муаррифӣ шуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат ва бахши хусусӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ қарор дод. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бунёд ёфтанд.
Имрӯзҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати маҳсулоти худ дар бозорҳои минтақа ва ҷаҳон рақобатпазир гаштаанд ва торафт маъруфияти бештар касб мекунанд. Дар намоишгоҳ дар қатори дигар кишварҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон тавонистанд маҳсулоти ба талаботи бозор ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯро ба маъраз гузоранд.
Зимни муаррифии гӯшаи намоишии Тоҷикистон сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба зарфият ва имкониятҳои рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Баъди боздид аз намоишгоҳ роҳбарони давлатҳо дар барномаи фарҳангии аҳли ҳунари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат варзиданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистонро бо барномаи ҷолиби консертӣ устодони санъати тоҷик, овозхонон, мутрибон ва раққосаҳои хушхироми ансамблҳои кишвар муаррифӣ намуданд.
