БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Омодагиҳои Ҳиндустон ва Қатар барои соли 2036
Ин ду кишвари Осиё ба бозиҳои олимпии соли 2036 омодагӣ мебинанд. Дар ҳоле ки Доҳа дорои захираҳои молиявӣ ва имконот аст, Аҳмадобод ба лоиҳаи нав ишора мекунад, ки танҳо барои ин чорабинӣ амалӣ мегардад.
Қатар, ки собиқаи мизбони чорабиниҳои сатҳи ҷаҳониро дорад, охири моҳи июл расман номзадии худро эълон кард. Ҳиндустон, сераҳолитарин кишвари сайёра бо 1,4 миллиард аҳолӣ, беш аз ду сол боз оромона рӯйи дархости худ кор мекунад. Шаҳри мавриди назар Аҳмадобод аст, ки корҳои омодагӣ суръат гирифтааст.
Баъзе кишварҳои дигар ҳам тамғаи "номзади расмӣ" доранд, вале ба назар мерасад, ки худро канор мегиранд: Туркия, Индонезия, Маҷористон, Олмон.
Аз 33 олимпиадаи тобистона, аз Афина-1896 то Париж-2024, танҳо чортоаш дар Осиё ва дар се кишвар баргузор шудааст: Токиои Ҷопон (1964 ва 2020), Сеули Корея (1988) ва Пекини Чин (2008).
Қатар, кишвари сарватманд дар нимҷазираи Араб, аллакай, дар се дархост - Брисбен-2032, Рио-2016 ва Токио-2020 мағлуб шудааст, аммо бовар дорад, ки роҳи оянда равшантар аст. Иддао дорад, ки 95% маконҳои мусобиқот, аллакай сохта шудаанд ва мизбони чорабиниҳои байналмилалӣ мебошанд.
Бо вуҷуди ин, ҳар ду номзад ҷиҳатҳои қобили мулоҳизаро пешниҳод мекунанд: Қатар дархости худро бо "Стратегияи миллӣ-2030", як тарҳи фарогир барои тағйироти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамоҳанг мекунад, дар ҳоле ки Ҳиндустон орзуи олимпии худро дар доираи "Виксит Бҳарат-2047", ки садсолагии истиқлоли худро ҷашн мегирад, ҷойгир мекунад. Ҳар ду бозиҳоро ҳамчун катализатор барои тағйирот дар дохили кишвар ва арсаи ҷаҳонӣ мебинанд.
Қатар дар чанд соли охир Ҷоми ҷаҳонии футбол (2022), Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук (2019), Чемпионати ҷаҳонии ҳандбол (2015), Чемпионати ҷаҳонии варзишҳои обӣ (2024)-ро дар сатҳи баланд гузарондааст. Соли 2030 бошад, Бозиҳои Осиёро мизбонӣ мекунад.
Ҳиндустон барои намоиш додани тавоноии худ рӯйдодҳои муҳимро акнун оғоз кард. Фақат ҳамин сол дар Аҳмадобод ҳам Чемпионати Осиё оид ба шиноварӣ ва ҳам мусобиқаи Иттиҳод оид ба вазнабардорӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Бозиҳои Иттиҳод дар соли 2030, ки 56 кишвари узвро, ки аксарияташон қаламравҳои собиқи Империяи Британия мебошанд, ҷамъ меорад. Чемпионати ҷаҳонии волейбол байни занон (2027) ва Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук соли 2028 низ дар Ҳиндустон доир хоҳанд шуд.
МУДИРИЯТ
Шурои олимпии Осиё президенти нав интихоб мекунад
Шурои олимпии Осиё (ШОО) хабар додааст, ки ба вазифаи президенти ин ниҳоди қоравӣ танҳо як номзад – шайх Ҷоан ибни Ҳамад ат-Таниро ба қайд гирифтааст.
Ат-Тани ҳоло президенти Кумитаи олимпии Қатар ва ноиби президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) мебошад. Номзадии ӯ аз ҷониби Кумитаи олимпии Қатар пешниҳод шуда, аз ҷониби 3 кумитаи миллии олимпии дигар дастгирӣ ёфтааст.
Интихоботи президенти ШОО ба далели вазъи саломатии президенти кунунӣ Раҷа Рандҳир Сингҳ аз Ҳиндустон таъин шудааст. Ҷаласаи интихобӣ 26-уми январи соли 2026 дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон доир мегардад.
ФУТБОЛ
Ҷоми Тоҷикистон то марҳалаи нимфинал расид
5-6-уми август мо шоҳиди бозиҳои марҳалаи чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2026 шудем.
Дар бозиҳои шадид дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар сафар бар тими Лигаи якум – “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 3:2, “Эсхата” дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бар “Истаравшан” бо ҳисоби 6:2, “Вахш” дар майдони худ бар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 4:2 аз рӯйи силсилазарбаҳои 11-метра (вақти асосӣ - 0:0) ва “Регар-ТадАЗ” бар “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашта, ба нимфинал баромаданд.
Дар марҳалаи нимниҳоӣ, ки 29-30-юми август ба нақша гирифта шудааст, “Регар-ТадАЗ” бо “Равшан”, “Эсхата” бо “Вахш” вомехӯранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.08.2025 №: 152