ҶАШН

11 август 2025, Душанбе
25


Тантанаи Рӯзи варзишгарон дар Суғд
8-уми август дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи варзишгарон (10-уми август) чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ варзишгарон, мураббиёну собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуда, таъкид кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ замина фароҳам карда шуд. Дар натиҷаи ин ғамхориҳо варзишгарони тоҷик дар чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро парафшон менамоянд.
Гуфта шуд, ки варзишгарони вилояти Суғд дар шаш моҳи соли равон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба гирифтани 451 медали тилло, 442 медали нуқра ва 629 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд, ки натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш аст.
Сипас, ба варзишгарон, мураббиён ва собиқадорони соҳа сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Варзишгарон барои таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

ҶУДО
Муваффақияти паҳлавонони мо дар “Russian Judo Tour”
Тими ҷудои кишвар дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Красноярск (Россия) ба гирифтани се медал – як нуқра, ду биринҷӣ мушарраф шуд.
Мусобиқа дар доираи чорабиниҳои “Russian Judo Tour” 9-10-уми август бо иштироки варзишгарони 18 давлат гузашт.
Ба иттилои ноиби аввали президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков, паҳлавони ҷавон ва умедбахш Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) медали нуқра, бонувон Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселева (+78 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
– Ин дастовард натиҷаи заҳмати фидокоронаи варзишгарон ва мураббиҳо мебошад. Мо пеш рафта истодаем, маҳорати худро сайқал медиҳем ва барои пирӯзиҳои нав дар арсаи байналмилалӣ таҷриба мегирем, – хулоса кард Э. Маҳмадбеков.

Паҳлавонони наврас дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунанд
27-31-уми август дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни наврасон баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо, барои ширкат дар мусобиқа то имрӯз 479 варзишгар аз 68 давлат номнавис шудааст. Аз ҷумла, ҷумҳурии моро 6 паҳлавон намояндагӣ мекунад: Ҳайдар Маҳмадшарифов (-55 кг), Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг), Муҳаммадёсин Сулаймонов (-66 кг), Бобоҷон Шаропов (-73 кг), Абубакр Абдуҷалилзода (-81 кг) – миёни писарон; Мадина Қурбонзода (-52 кг) – миёни духтарон.
Зӯрозмоиҳо аз рӯйи 16 вазн – 8 вазни бонувон, 8 вазни мардҳо – сурат мегирад. Ҳар рӯз мо шоҳиди ҳунарнамоии паҳлавонон дар чор вазн – ду вазни духтарон ва ду вазни писарон – мегардем. 31-уми август бошад, зӯрозмоии даставии омехта доир мешавад.
Ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадр мешаванд: тилло – 2300, нуқра – 1300, биринҷӣ – 700 евро.


ФУТБОЛ
Тими наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми истиқлол ширкат мекунад
Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2025, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии дӯстонаи «Ҷоми истиқлоли Индонезия-2025», ки аз 12 то 18-уми август баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин мусобиқа тими мо таҳти роҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини бо дастаҳои Индонезия (12-уми август), Мали (15-уми август) ва Ӯзбекистон (18-уми август) вомехӯрад.
Барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ин Мусобиқа марҳалаи асосии омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2025 мебошад, ки аз 3 то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад. Ҳарифони дастаи мо дар Доҳа тимҳои ИМА, Буркина-Фасо ва Чехия ҳастанд.


Лигаи олӣ: КМВА пешсафиро нигоҳ медорад
Рӯзҳои истироҳати гузашта чор бозии даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир гашт.
Дар бозии марказии давр дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар сафар тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.
“Панҷшер” аз “Барқчӣ” бо ҳисоби 0:2, “Ҳулбук” аз КМВА бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда, бозӣ миёни дастаҳои “Эсхата” – “Истаравшан” бидуни гол (0:0) хотима ёфт.
Ду бозии дигари давр миёни дастаҳои “Ҳосилот” – “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” – “Вахш” мавқуф гузошта шуд.
Дар ҷадвали мусобиқа КМВА бо 30 хол дар ҷойи аввал аст. “Вахш” бо 27 хол дар зинаи дуюм, “Равшан” бо 26 хол дар зинаи сеюм мавқеъ доранд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.08.2025 №: 154