БАРҚИЯИ ШОДБОШӢ
1 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми бародари Ӯзбекистонро ба муносибати баргузории бомуваффақияти раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик менамоям.
Натиҷаҳои раъйпурсӣ бори дигар боварии баланд ва дастгирии мустаҳками мардуми Ӯзбекистонро аз роҳи стратегии Шумо, ки ба рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ дар кишвар нигаронда шудааст, тасдиқ мекунад.
Бо истифода аз фурсат ҷонибдории устувори Тоҷикистонро аз таъмиқу тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳампаймонӣ таъкид менамоям.
Ба Шумо, Шавкат Миромоновичи азиз, сидқан сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу некуаҳволӣ ва пешрафти босубот орзумандам».