НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ

13 август 2025, Чоршанбе
26
Дар Темурмалик чун дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон дар самти таъмини шароити муосир дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, хусусан муассисаҳои таълимӣ, тадбирҳои зиёд роҳандозӣ мегарданд. Дар натиҷа фарогирии хонандагон сол ба сол сифатан беҳтар гардида, натиҷаҳо низ рӯ ба беҳбудӣ доранд. Бурду бохти соҳаро дар суҳбати ихтисосӣ Қурбоншо Асомуродзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, ба таври зайл шарҳ дод:
– Дар ноҳия айни ҳол 56 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, шумораи умумии хонандагон 15867 нафарро ташкил медиҳад. Ба онҳо 1021 омӯзгор, аз ҷумла 509 нафар занон дарс медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон бо маълумоти олӣ 700 нафар, олии нопурра ва миёнаи касбӣ 321 нафар дар муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолият доранд.
Дар ноҳия Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор ва Интернати давлатии Кангурт фаъолият доранд, ки дар онҳо 221 нафар кӯдак ба таълими шабонарӯзӣ фаро гирифта шудааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳфилҳои фаннии “Математикони ҷавон”, “Физикон”, “Химикон”, “Забони русиро меомӯзем” ва “Забони англисиро меомӯзем” ба роҳ монда шуда, 828 маҳфил бо фарогирии 3820 хонанда фаъолият доранд. Хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 19 медал (2 нуқра ва 17 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Аз 781 нафар хатмкунандаи синфи 11-ум 661 нафар аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд, ки ба 84,6 дарсад шумораи умумии хатмкунандагон баробар аст.
Бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 корҳои сохтмонии биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 26, 33, 39, деҳаи Дустӣ, Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод ва дар деҳаи Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ, толори варзиш ва маҷлисгоҳ дар назди Муассисаи таълимии № 6 ва толори маҷлис дар назди Муассисаи таълимии № 18-уми Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ идома дорад. Боиси зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони ду муассисаи томактабӣ: яке дар деҳаи Танобчии Миёнаи Ҷамоати деҳоти Танобчӣ барои 200 кати хоб ва дигаре барои 100 кати хоб дар деҳаи Руҳафзои Ҷамоати деҳоти Гурдоварон бо маром идома дорад.
Инчунин, сохтмони биноҳои нави таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаҳои таълимии №№ 10, 25 ва дар деҳаи Даҳани Намак ба анҷом расида, барои баҳрабардорӣ омода мебошанд.
Илова бар ин, корҳои банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 5, 12, 16, 34 ва 36 аз тарафи Дирексияи сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расидааст ва рӯзҳои наздик дар онҳо корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.08.2025 №: 156