ФУТБОЛ

13 август 2025, Чоршанбе
30
Ифтитоҳи майдончаҳои нав дар шаҳри Бохтар
Бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бохтар ду майдончаи нави футболи хурд сохта, ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он узви Кумитаи иҷроияи ФФТ, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов, котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва раиси шаҳри Бохтар Абдумаҷид Муминзод иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ду майдончаи варзишӣ туҳфаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҷавонони шаҳри Бохтар мебошад.
Майдонча барои баргузории машғулиятҳои гуногун, аз ҷумла бозии футбол ва машқҳои ҷисмонӣ, нигаронда шудааст.
Мусовии мунтахаби
наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Индонезия
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини нахустин бозии худро дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Истиқлоли Индонезия-2025» анҷом дод.
Ҳарифи якуми дастаи мо тими мизбон – Индонезия буд. Вохӯрӣ мусовӣ — 2:2 анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Зариф Зарифзода ва Назрулло Ашурализода заданд.
Ҳарифи навбатии мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими наврасони Мали хоҳад буд, ки дар даври аввал бар дастаи Ӯзбекистон (5:1) пирӯз шуд. Вохӯрии дастаҳо 15-уми август доир мегардад.
САМБО
Нахустин бор дар Душанбе Ҷоми ҷаҳонии самбо баргузор мешавад
Шаҳри Душанбе мизбони Ҷоми ҷаҳонии самбо хоҳад шуд. Мусобиқа бо иштироки беҳтарин паҳлавонони ҷаҳон 20-21-уми сентябр дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир мегардад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), ин барои пойтахти Тоҷикистон рӯйдоди махсус аст – шаҳр бори аввал дар таърихи муосир ба майдони чунин мусобиқаи бузурги байналмилалии самбо табдил меёбад.
Ҷоми ҷаҳонии самбо аз рӯи ҳафт вазн байни мардону занон дар самбои варзишӣ ва 7 вазн дар самбои размӣ сурат мегирад.
“Душанбе, шаҳри дорои таърихи ғанӣ ва инфрасохтори босуръат рушдёбандаи варзишӣ, барои пазироии меҳмонон ва ширкаткунандагони мусобиқа омодагӣ мегирад, ки дар густариши самбои минтақа ва таҳкими робитаҳои байналмилалии варзишӣ як қадами муҳим хоҳад буд”, – гуфта шудааст дар гузориши FIAS.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.08.2025 №: 156