ФУТБОЛ

18 август 2025, Душанбе
16
“Регар-ТадАЗ” ба Лигаи чемпионҳои AFC роҳ наёфт
Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2024, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар бозии интихобии Лигаи дуюми чемпионҳои AFC аз тими “Аҳал”-и Туркманистон мағлуб шуд.
Бозии дастаҳо 13-уми август дар варзишгоҳи “Талко-Арена” сурат гирифта, бо ҳисоби 2:1 бар суди меҳмонон анҷом ёфт. Тими «Аҳал» ба марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои AFC роҳхат гирифт. “Регар-ТадАЗ” бошад, дар Лигаи даъвати AFC бозӣ хоҳад кард.
ПСЖ
Суперҷоми УЕФА-ро ба даст овард
Дастаи ПСЖ (Фаронса) бори аввал дар таърихи мавҷудияташ бар дастаи "Тоттенҳем" (Англия) ғалаба карда, Суперҷоми Аврупоро ба даст овард. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт ва парижиҳо дар зарбаҳои пеналтӣ қавитар буданд – 4-3.
ПСЖ имсол дар Лигаи чемпионҳои УЕФА низ “Интер” (Италия)-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб карда буд.
ВАРЗИШИ ОСИЁ
Иттиҳоди наврасони Осиё дар рӯйи ях
Лагери варзишгарони навраси Осиё оид ба рақси рӯйи ях бо талошҳои муштараки Шурои олимпии Осиё, Иттиҳоди байналмилалии конкибозӣ (ISU) ва Кумитаи байналмилалии “Бачаҳои Осиё” дар Ҳарбини Чин, минтақаи маъруфи варзишҳои зимистона расман оғоз ёфт.
Лагери тамринии нуҳрӯза қарор аст як барномаи бунёдии рушди варзиш дар қитъа бошад. Ҷулиан Йи, намояндаи ISU, дар маросими ифтитоҳи лагер хушбинии худро изҳор кард: "Ин як марҳалаи таърихӣ дар рушди рақси рӯйи ях дар Осиё аст".
Шерзод Асадуллоев, ноиби президенти Кумитаи байналмилалии «Бачаҳои Осиё», бевосита ба варзишгарони ҷавон муроҷиат карда, ин дидгоҳро тақвият дод. "Мо ифтихор дорем, ки кӯшишҳои худро барои фароҳам овардани муҳите муттаҳид менамоем, ки шумо метавонед саёҳати худро ба сӯйи орзуҳои олимпӣ оғоз кунед", - гуфт Ш. Асадуллоев ва ширкаткунандагонро даъват кард, ки ба худашон бовар кунанд ва ба суханони мураббиён гӯш диҳанд.
Виссам Тркмани, директори Шурои олимпии Осиё оид ба робита бо кумитаҳои миллии олимпӣ, таъсири васеътари ин чорабиниро таъкид кард: "Ин лагер на танҳо як тамрин аст. Ин як платформаест, ки мо дар он истеъдодҳоро кашф мекунем, арзишҳои олимпиро тарғиб мекунем ва барои дӯстӣ миёни варзишгарон замина фароҳам меорем".
Дар тамринҳо як гурӯҳи 47-нафараи варзишгари ҷавон – 19 писар ва 28 духтари 14 то 16-сола аз 20 кишвари Осиё ширкат доранд. Бо онҳо 25 мураббӣ кор хоҳанд кард.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.08.2025 №: 157