ШАҲРИ ВАҲДАТ. СОҲАИ МАОРИФ РУШД МЕКУНАД, АГАР...
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ дар мамлакат тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф, беш аз пеш ривоҷу равнақ пайдо кардаанд.
Имрӯзҳо дар баробари аҳли маорифи кишвар маорифпарварони шаҳри Ваҳдат низ, аз суҳбату мулоқотҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳа дастаҷамъона саъю кӯшиш доранд.
Дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” сардори раёсати маорифи шаҳр Зиёратшо Назруллозода иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри татбиқи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
Бино ба иттилои ӯ, дар шаҳр ба сохтмон, таъмир ва навсозии муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад ва сол ба сол шароити таълиму тадрис беҳтар мегардад. Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, сохтмони китобхонаҳо ва муассисаҳои томактабӣ идома доранд. Боиси таъкид аст, ки ба муносибати Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар арафаи соли нави таҳсили 2025-2026 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар назди 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 140 синфхонаи иловагӣ ва китобхонаҳои нав ба истифода дода мешаванд.
Ҳамзамон, тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, имрӯзҳо дар маркази шаҳр аз тарафи ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сохтмони муассисаи таълимӣ бо 1200 ҷойи нишаст дар ду баст бомаром идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Имрӯз талошҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба он равона шудаанд, ки кӯдакони шаҳр дар шароити хуб таҳсил намуда, дар оянда дар пешрафти диёри азизамон саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» зери таваҷҷуҳи ҳамешагии шуъбаи маориф мебошад. Баҳри иҷрои саривақтии талаботи Қонун байни падару модарон корҳои таблиғотӣ бурда мешаванд. Зодмандон дар рӯзҳои муайяншуда ба мактаб меоянд ва аз рафти донишандӯзӣ, одобу ахлоқи фарзандонашон бохабар мешаванд.
– Ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Рӯзи дониш ва ҷалби наврасон ба муассисаҳои таълимӣ, корҳои назаррас ба сомон мерасанд. Ташкили ярмаркаҳои мактабӣ ва таъмири биноҳои таълимӣ аз ҳамин қабил чорабиниҳоянд. Тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз таъмир бароварда шуда, ба оғози соли нави таҳсил омодаанд. Як нуктаро бояд зикр кард, ки норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ҳанӯз ҳам мушкили асосии соҳа аст. Айни ҳол дар шаҳр МТМУ № 21-уми деҳаи Кӯҳдомани деҳоти Гулистон бо 354 хонанда, МТМУ № 57-уми деҳаи Тӯдаи Наски деҳоти Абдулло Абдулвосиев бо 86 хонанда ва МТМУ № 75-уми деҳаи Ғӯлакандози деҳоти Чорсу бо 313 хонанда дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Илова бар ин, мушкили дигари соҳа он аст, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-уми деҳоти Карим Исмоил таълим дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки дар самти донишандӯзии хонандагон монеа эҷод мекунад. Дар се баст таҳсил кардан, албатта, мушкилиҳои зиёд ба бор меорад: ҳам барои хонандагон ва ҳам барои омӯзгорон. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри бартараф кардани мушкилоти муассисаҳо чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар назар аст, ки мушкилоти ин муассисаҳо дар наздиктарин муҳлат бартараф мешаванд, – иброз дошт Зиёратшо Назруллозода.
Тавре гуфта шуд, дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳи имсола, тибқи маълумот, дар шаҳри Ваҳдат наздик ба 10 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.08.2025 №: 158
