МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА

19 август 2025, Сешанбе
20
Пирӯзии навбатии Одилов ва Ёқубов
15-уми август дар шаҳри Москва (Россия) мусобиқаи асосии ташкилоти АСА-190 миёни Фаридун Одилов (Тоҷикистон) ва Леонардо Силва (Бразилия) доир гашт.
Муҳорибаи варзишгарон дар вазни миёна сурат гирифта, бо пирӯзии Фаридун анҷом ёфт. Акнун Фаридун Одилов дар муҳорибаҳои омехта 19 ғалаба дораду 3 бохт, 2 мусовӣ. Леонардо Силва бошад, 22 пирӯзӣ ва 8 бохт дорад.
16-уми август бошад, Муҳаммадхӯҷа Ёқубов дар ИМА муқобили Уилям Фостери амрикоӣ дастболо шуд. Варзишгарон дар вазни 59 кг 10 раунд муҳориба карданд. Пирӯзиҳои Ёқубов дар муҳорибаҳои омехта ба 23-то расид. Ӯ як бохт низ дорад. Фостер бошад, 19 пирӯзӣ ва 3 бохт дорад.
ФУТБОЛ
“Ал-Наср”-и Роналдо – ҳарифи “Истиқлол” дар Лигаи чемпионҳои Осиё
Дар натиҷаи қуръакашии марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025/26, чемпиони Тоҷикистон, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо клуби «Ал-Наср», ки дар ҳайати он капитани тими миллии Португалия Кристиан Роналдо бозӣ мекунад, дар як гурӯҳ қарор гирифт.
Рақибони «Истиқлол» дар гурӯҳи «D» ба ҷуз аз «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) дастаҳои «Ал-Завраа» (Ироқ) ва «Гоа» (Ҳиндустон) ҳастанд.
Умуман, дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё 12 даста дар 4 гурӯҳ бозӣ мекунад. “Истиқлол” аввалин бозиашро 17-уми сентябри соли равон дар сафар муқобили “Ал-Наср” анҷом медиҳад. 1-ум ва 22-юми октябр дар Душанбе “Гоа” ва “Ал-Завраа”-ро қабул мекунад. Футболбозони мо 5-уми ноябр ба меҳмонии “Ал-Завраа” рафта, 26-уми ноябр дар Душанбе бо “Ал-Наср” вомехӯранд. “Истиқлол” бозии ниҳоии марҳалаи гурӯҳиро дар сафар муқобили “Гоа” анҷом хоҳад дод.
ФУТЗАЛ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бо тими Ӯзбекистон мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо тими миллии Ӯзбекистон бозии санҷишӣ анҷом дод.
Дидори дастаҳо 16-уми август дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошкент доир шуда, бе гол анҷом ёфт (0:0).
Қаблан футболбозони мо дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Тошкент бо бошгоҳи футзали «SQB» бозии санҷишӣ анҷом дода, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буданд. Мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Тошкент бозии санҷишии сеюмро бо чемпиони феълии Ӯзбекистон – дастаи «ВМВ» доир мекунад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.08.2025 №: 158