ФУТБОЛ
Ҷоми Тоҷикистон: “Регар-ТадАЗ” ва “Эсхата” дар финал
16 ва 18-уми август бозиҳои нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2025 доир шуданд.
Дар бозии аввал, ки дар шаҳри Бохтар миёни дастаҳои “Вахш” ва “Эсхата” доир шуд, бонкчиҳо пирӯз гаштанд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 4-ум бозигари “Эсхата” Санҷар Рихсибоев кушод. Пас аз 3 дақиқа Аҳтам Ҳамроқулов аз дастаи “Вахш” голи ҷавобӣ зад ва ҳамин натиҷа то охир нигоҳ дошта шуд. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра футболбозони “Эсхата” маҳорати баланд нишон доданд – 4:3.
Дар бозии дигар, ки дар варзишгоҳи “Талко-арена” баргузор шуд, “Регар-ТадАЗ” бар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Шерзод Муҳаммадиев аз “Регар-ТадАЗ” дар дақиқаи 53 ва Шериддин Бобоев аз “Равшан” дар дақиқаи 63 аз пеналтӣ гол заданд ва вақти асосӣ бо ҳамин ҳисоб ба поён расид. Дар дақиқаи 106-уми вақти иловагӣ Самандар Қодиров голи дуюми дастаи шаҳри Турсунзодаро зада, ғалабаи тимашро таъмин кард.
Ҳамин тариқ, дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2025, ки моҳи сентябр дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд сурат мегирад, ғолиби феълии Ҷоми миллӣ – “Регар-ТадАЗ” бо “Эсхата” вомехӯранд.
Пирӯзии “Истиқлол” бар “Истаравшан”
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 10-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 6:0 ғалаба кард.
Дар ҳайати тими ғолиб Ризо Деҳқонӣ ду гол, Амирбек Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Рустам Соиров ва Рустам Камолов якголӣ заданд.
Пас аз ин пирӯзӣ “Истиқлол” бо 27 хол ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромад. Дар ҷойи аввал бо 30 хол КМВА қарор дорад. “Вахш” низ, ки 27 хол дорад, дар ҷойи сеюм аст.
ТЕННИС
Алкарас бори ҳаштум дар “Мастерс” ғолиб шуд
Ракеткаи дуюми ҷаҳон Карлос Алкараси испанӣ дар финали мусобиқаи “Мастерс” дар Синсиннатии ИМА бар ракеткаи якуми ҷаҳон Янник Синнери итолиёӣ ғалаба кард.
Ин шашум ҷоизаи Алкарас дар соли равон мебошад. Дар маҷмуъ, ӯ 22 ҷоизаи АТР-ро сазовор шуда, аз ҷумла дар мусобиқоти “Мастерс” 8 маротиба пирӯз гаштааст.
Алкарас сеюм теннисбози испанӣ шуд, ки дар мусобиқаи Синсиннати соҳиби ҷом мешавад. Қаблан ҳамватанонаш Карлос Мойя (2002) ва Рафаэл Надал (2013) дар мусобиқаи мазкур ғолиб шуда буданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.08.2025 №: 159