НОҲИЯИ АЙНӢ. БАРДОШТ АЗ ЯК ЧОРАБИНИИ СУДМАНД ВОБАСТА БА РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ

22 август 2025, Ҷумъа
8


Бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали ноҳияи Айнӣ мулоқоти гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии вазири адлия Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия баргузор гардид, ки дар он Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, иштирок дошт.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзуъҳои меҳварии ин вохӯрӣ буд.
Дар оғози мулоқот Равшан Раҳимзода, раиси ноҳияи Айнӣ, аз ташрифи ҳайати баландпояи гурӯҳи корӣ ба ноҳия қадрдонӣ карда, ҳамзамон, аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ёдовар шуд.
Вазири адлия Музаффар Ашуриён оид ба татбиқи самараноки сиёсати энергетикии кишвар, истифодаи мақсадноки имконоти мавҷуда, кам кардани талафоти неруи барқ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ибрози назар намуда, моҳияти тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ оид ба истифодаи неруи барқро шарҳ дод. Номбурда таъкид кард, ки пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ танҳо бо ҳамкории зичи мақомот ва шаҳрвандон, баланд бардоштани ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ, инчунин истифодаи таҷҳизоти муосир ва тарғиби истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ имконпазир хоҳад буд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва экстремизм, зарурати рушди иқтисоди рақамӣ ва шаффофияти низоми ҳисоббаробаркунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки рақамикунонии иқтисодиёт ва васеъ намудани истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ на танҳо самаранокии идоракуниро боло мебарад, балки метавонад ба коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ мусоидат кунад.
Дар анҷом изҳори бовар карда шуд, ки сокинони ноҳия риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти истифодаи неруи барқро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо заҳмати содиқона ва дастовардҳои назаррас таҷлил хоҳанд кард.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.

Фирӯз РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 20.08.2025 №: 160