ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОБУ ИҚЛИМ.  ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНӢ ПЕШГОМ АСТ!

ОБУ ИҚЛИМ.  ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНӢ ПЕШГОМ АСТ!

02 май 2023, Сешанбе
30
0

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ барои муаррифӣ ва рушди ҳамаҷониба муносибатҳои дипломатиро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро амалӣ менамояд. Аъзо шудани Тоҷикистон дар чанде аз созмонҳои байналмилалӣ имкон фароҳам овард, ки кишвар дар доираҳои гуногуни давлатҳо эътироф ва пазируфта шавад. Гарчанде ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси ба таври манфӣ шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби субъектони дигари муносибатҳои байналмилалӣ гардид, минбаъд шароит фароҳам омад, ки бо роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби бузурги дипломатияи тоҷик инкишоф ёбад. 
Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон, баробари ба масъалаҳои дохилӣ машғул шудан, дар самти сиёсати берунӣ қадамҳои назаррас гузошта, бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои гуногунсамтро ба роҳ монданд.
Марҳилаи нави рушди сиёсати хориҷӣ, ки боиси баланд шудани эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, маҳз бо пешниҳоди Президенти кишвар дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ (1 октябри 1999) алоқамандии бевосита дорад. Дар асоси ин ташаббус, 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби ин Созмони бонуфуз эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015),  Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  аз ташаббусҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамаи ин ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии аксарияти кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мегарданд, ки он нишонаи аҳамияти умумисайёравӣ ва мубрам будани масъалаҳои бамиёнгузоштаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Воқеан, ҳамаи иқдомҳои байналмилалии Тоҷикистон на танҳо ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии кишвар мебошанд, балки барои кулли давлатҳои ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин иқдомҳои худ тавонист, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои ҳалталаби оби тоза ҷалб намуда, онҳоро ба мавзуи баррасӣ ва ҷустуҷӯҳои ҷиддии кишварҳои ҷаҳон табдил диҳад. 
Умедворем, ки таклифу пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба ҳаллу фасли масъалаи обу иқлим дар сайёра, ки зимни баргузории Конференсияи дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба об рӯзҳои 22-24 март дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико садо доданд, бо пуштибонии давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳон натиҷаҳои нек ба бор меоранд ва, бо ин восита, Тоҷикистон саҳми муносиби худро дар ҳаллу фасли муаммоҳои ҷаҳонии обу иқлим мегузорад. Гузашта аз ин, солҳои минбаъда баргузор шудани конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба об дар Тоҷикистон ва таҳқиқу пешниҳодҳои муфиди олимон метавонад барои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоти марбут ба об ва муаррифии боз ҳам шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши назаррас дошта бошад.
Тамоми талошу заҳмат ва кӯшишҳое, ки Роҳбари давлат дар самти сиёсати хориҷии кишвар ба анҷом мерасонанд, барои рушди сиёсати “дарҳои кушода”-и мамлакат, боло бурдани обрӯву мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи он дар миқёси ҷаҳон мусоидат менамояд. Бовар дорем, ки дарки дуруст ва шинохти амиқи хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва комёбиҳои кишварамон дар самти сиёсати хориҷӣ барои шаҳрвандон, махсусан ҷавонони соҳибмаърифати диёрамон, омили ифтихори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани ҳисси ватандӯстии онҳо мегардад. 

Шӯҳрат САИДЗОДА, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Санаи нашр: 02.05.2023 №: 91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив