ИТТИҲОДИ АВРУПО. ЁРӢ БА ДЕҲҚОНОН ТАВСЕА МЕЁБАД
Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER Иттиҳоди Аврупо пармакунии чоҳро дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дастгирӣ намуд.
Айни замон дар деҳоти Унҷӣ шабакаи мутамаркази обрасонӣ вуҷуд надорад. Деҳқонон барои обёрӣ кардани замин ва зардолузор солҳои зиёд аз ягона чоҳи амудие, ки соли 1975 роҳандозӣ шуда буд, истифода мебурданд. Дар мавсими обёрӣ деҳқонон аз камии об танқисӣ кашида, шабу рӯз дар навбат меистоданд, то боғҳоро об диҳанд. Бисёр ниҳолу дарахтони мевадиҳанда хушк шуданд. Аз беобӣ иҷрои корҳои агротехникӣ ғайриимкон буд. Ҳосили зиёд рехта, талаф меёфт.
Лоиҳа якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии "Муносибатҳои иқтисодии сарҳадӣ"-и вилояти Суғд барои обёрии боғҳои зардолу чоҳи нав кофт. Он ба се гурӯҳи истеҳсолӣ (ГИ): Даштак, Меҳргон ва Арбоб дар пармакунии чоҳи амудии обӣ ёрӣ расонда, аз 100 метр чуқурӣ об баровард. Маросими ифтитоҳи он бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, баҳрабардорон ва кормандони лоиҳа баргузор гардид. Директори Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Вулф-Хендрик Горетски ба сардори гурӯҳи истеҳсолии Даштак Мубинҷон Аминов як бастаи ҳуҷҷатҳоро оид ба интиқол ва истифодабарии чоҳ пешниҳод намуд. Тавре Мубинҷон Аминов гуфт, дар бунёди чоҳ ва 25 гектар зардолузор (аз ҷумла, 70 хоҷагии деҳқонӣ) аъзои гурӯҳҳои истеҳсолӣ низ, саҳми худро гузоштанд.
Сохтмони пойгоҳи обкашӣ имкон медиҳад, ки ҳосилнокии ҳар дарахти зардолу то 50 фоиз баланд гардад. Ҳолати заминҳо низ, беҳтар гашт.
Деҳқонон ба ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи усули маҷмуии рушди захираҳо ва истифодаи сарфакоронаи об саҳм гузоштанд, миннатдорӣ изҳор намуданд, зеро истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳосили зироат ва некуаҳволии иҷтимоию иқтисодии онҳо бевосита аз захираи асосӣ, яъне об вобастагӣ дорад.
Шарофат АШУРОВА, телефон: (+992) 987-27-00-46, почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de.