ҚАЛЛОБӢ ДАР ИНТЕРНЕТ Ё ЧӢ ГУНА ОРЗУИ ПУЛДОРШАВИИ ҲАВОДОРОНИ CO-NFT ХОК ХӮРД?
Шуруъ аз моҳи феврали соли ҷорӣ Ширкати хориҷие бо номи CO-NFT “ҳаводоронаш” - ро дар Тоҷикистон пайдо карда, миёни мардум ба зудӣ доман густурд. Бо вуҷуди ҳушдорҳо аз қаллобиҳои интернетӣ гурӯҳе ноогоҳона ба думболи даромади “хуб” афтода, шитобон тариқи онлайн ба он пайвастанд. Ин дар ҳолест, ки барои ворид шудан ба он ва оғози кор бояд ба ҳисоби электронии Ширкат аз 50 то 500 доллари ИМА гузаронд.
Сипас, ҳар нафар аъзо вориди барнома гардида, яктоӣ тасвир (стикер)-ро мехараду дар барномаи CO-NFT нашр ва ба ин тартиб “маблағ ба даст” меорад. Тааҷҷубовар ин аст, ки қаллобон сафи коргарони худро на танҳо аз ҳисоби ҷавонон, ки таҷрибаи ками ҳаётӣ доранд, балки калонсолон ва нафарони таҳсилдида низ, пурра мекарданд. Гумон меравад, саркардагони амалҳои фиребгарона ба мақсадашон расиданд, ки пули мардумро ба ҷайби хеш зада, аз интернет нопадид ва ҳама роҳҳои муросилотиву тамос бо муштариёнашон баста гардид.
Ширкати Connectnft сараввал бо кулли ҷузъиёт фаъолияташро ба ҳар нафаре, ки нав вориди барнома шуда, худро сабти ном мекард, муаррифӣ менамуд. Дар муаррифиномаи Ширкати номбурда омадааст, ки он тиҷорати онлайнӣ дар назди OpenSea буда, қароргоҳаш дар иёлати Колорадои Амрикост ва соли 2019 таъсис ёфтааст. Connectnft касбитарин Ширкати онлайнии савдои NFT дар ҷаҳон буда, дар ИМА, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо фаъолият дорад.
Ҳоло ки аз ин ширкат, дар “бозор”-и фазои маҷозӣ дигар ному нишоне нест, бо чунин фиреби назар мардумро ба худ ҷалб карда буд: “Таркиби саҳомони мо асоси биржаҳои бузурги рақамӣ ва ширкатҳои фаромиллӣ мебошад, ки рушди стратегии муҳими Connectnft-ро кафолат медиҳад. Он ба дараҷае афзудааст, ки мо барои харидорон, фурӯшандагон ва эҷодкорон як бозори мувофиқро эҷод мекунем. Ҳоло яке аз бозорҳои ҳамаҷониба, бехатар ва самараноки коллексияи рақамӣ дар ҷаҳон ҳастем, ки ба харид, фурӯш ва кашфи ашёи рақамии истисноии як платформаи ҳамгирошуда машғулем”.
Ширкати онлайнии савдои NFT (Non - Fungible Token) токенҳои якхела ва моли рақамианд, ки дар он тасвир, аниматсия, расмҳо, мусиқӣ, видео ва меъморӣ харидуфурӯш мешаванд. Гӯё онҳо метавонанд, дар сенарияҳои гуногуни барнома фурӯхта шаванд. “Кормандон” баъди “кор” кардан, маблағи тасвири фурӯхташударо ба “Wallet Binance” гузаронда, сипас USDT мефурӯшанд ва маошашонро ба суратҳисоби бонкии шахсии худ мегузаронанд. Ҳамин тавр, дар давоми се моҳ Ширкати Connectnft миёни мардуми мо чунон васеъ доман густурд, ки ҳатто одамон бе ҳеҷ дудилагӣ пардохти 500 доллари ИМА-ро таҷриба карданд ва санаи 18 апрел Ширкат батамом дар Тоҷикистон фаъолияташро қатъ кард. Гурӯҳҳое, ки қаллобон барои “коргарон” дар платформаи телеграмм таъсис додаанд, аз 200 то 500 нафар аъзо доштанд ва ҳар яке баъди фурӯхтани тасвирҳо маблағи коркардаашро намогирифт (скриншот) карда, ба гурӯҳ мепартофт ва, бо ин роҳ, чӣ гуна маблағ кор карданашро ба намояндагони Ширкат гузориш медод. Онҳое, ки корро аз $ 50 (A collector) шуруъ карданд, бояд дар як рӯз 2,5 доллар, $ 150 (S collector) 6 доллар ва $500 (SS collector) 20 доллар кор мекарданд. Вазифаи дигари “коргарон”-и Ширкат даъвати дӯстону дигар нафарони корҷӯ барои фаъолият дар он буда, ҳар нафар дар алоҳидагӣ метавонист, гурӯҳи худро таъсис диҳад.
Ҷавони донишҷӯе, ки нахост аз ӯ ном барем гуфт, ки барои фаъолият дар Ширкат аз соҳибкоре 5 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, дар $500 ( SS collector) – и Connectnft худро сабт карда, то рӯзи қатъи фаъолияти он танҳо 2 ҳазор сомонии худро баргардонда, боқимондаашро аз даст додааст. Нафари дигар бо ҳамин миқдор пул ба доми Connectnft уфтода, кораш бе ба даст овардани ягон танга хатм шуд. Ҷойи шубҳа нест, ки ба ин монанд, садҳо нафари дигар аз сокинони кишвари мо ба доми қаллобони интернетӣ афтода маблағҳои пулии худро бо ду дасти адаб аз кишвар берун сохтанд ва ҳоло ангушти надомат бар даҳонанд...
Эмомалӣ Миралиев, омӯзгори факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ки қаллобии интернетӣ масъалаи доғи рӯз буда, шумораи чунин ширкатҳо, ки аз боварии мардум суиистифода карда, бо роҳи фиребу найранг маблағи мардумро ситонда, баъдан ғайб мезананд, хеле зиёд гаштаанд. Чунин ҳолатҳо дар аксари давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аҳолиаш зудбоваранду кореро носанҷида анҷом медиҳанд, бештар сар мезанад. Бадии кор дар он аст, ки ин ширкатҳо, дар қайди давлатӣ нестанд ва дар фазои кушоди интернет фаъолияти худро озодона пеш мебаранд. Аз оғоз ҳадафи фаъолияти онҳо маълум аст, сараввал ба пуррагӣ ба боварии халқ даромада, баъдан маблағи калонро гирифта ғайб мезананд ва фаъолияташонро қатъ мекунанд. Пас мебояд, ки дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардошт ва барои огоҳии онҳо аз тариқи васоити ахбори омма ва дар алоҳидагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд. То вақте одамон аз ҳуқуқҳои худ бархурдор нагарданду соҳиби саводи ҳуқуқӣ нашаванд, ба осонӣ ба доми фиреб меафтанд. Сараввал, бояд дурусту баманфиат истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоиро ба ҷавонон омӯзонд, зеро имрӯз интернет мағзҳоро идора мекунад ва бархе ҷавонони ноогоҳ зуд шомили ҳар гуна гурӯҳҳову ташкилот ва ҳаракатҳо гашта, ба худ ва ояндаи хеш зарари ҷиддӣ ворид менамоянд.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар шумораҳои қаблии худ (№ 68, 73) хонандагонро аз афзоиши чунин қаллобиҳо тавассути интернет ва шабакаҳои алоҳидаи ба ном “тиҷорати электронӣ” ҳушдор дода буд ва инак, мисоли рӯшани пайомади дардноки ҳамкорӣ бо қаллобонро манзур менамояд, ки бовар дорем аз он хулосаҳои зарурӣ бароварда мешаванд.
Оламбегими НЕКҚАДАМ
“Ҷумҳурият”