МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАҲД ҲАМАД АС-СУЛАЙТӢ

25 август 2025, Душанбе
27
23-юми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад ас-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва ниҳодҳои иқтисодию бонкии он баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хоси Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо ин кишвар таъкид намуданд: “Мо Қатарро яке аз кишварҳои бонуфузи ҷаҳони араб ва шарики муҳими худ медонем”.
Ҳар ду ҷониб аз афзоиши ҳамкории судманд миёни ду кишвари дӯст изҳори қаноат намуданд.
Зимни мулоқот андешаҳо ва пешниҳодҳои ҷолиб доир ба роҳҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории барои ҳар ду ҷониб судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Санаи нашр: 25.08.2025 №: 163