ПРЕЗИДЕНТ, “ШОҲНОМА” ВА ТАНТАНАИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ

03 сентябр 2025, Чоршанбе
37


То ба дасти мардум расондани китоби мондагори “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, эълони Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”, ки аз иқдоми ватандӯстонаву фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, намунаи барҷаставу таърихии китобдории миллати тоҷик аст. Дар давоми асрҳо, агар мо худро чун миллати китоб шинохта будем, инак, бурҳони мондагори он дар бисту панҷумин соли асри ХХI собит гардид.
Бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавон гуфт, ки ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи тоҷикон беназир аст. Тасаввур намоед, ки ҳам китоб бароятон эҳдо шавад ва ҳам барои хондану ҳифзи он озмун эълон шуда, бароятон мукофотпулӣ диҳанд. Чунин ибтикор барои ошноии ҳамагонӣ бо китобро дар кишвари дигаре мушоҳида накардаем.
Шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо барои мардон, балки барои занони мо ҳам шуҷоат ва маърифати бепоён мебахшад. Бисёр рамзист, ки Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба мардумаш китобро чун беҳтарин туҳфа расонданд. Ҳадафи чопи китобро Сарвари давлат дар сарсухани китоб “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон” арзёбӣ кардаанд, ки ҳақ асту рост.
Хонандагони мо бояд донанд, ки «Шоҳнома» ба даҳҳо забони олам тарҷума шуда, перомуни он садҳо асари илмӣ ва фарҳангиву донишномаҳо иншо гардидаанд. Ин аст, ки ошноӣ бо ин китоб моро на танҳо худшинос мекунад, балки моро ба ҷаҳониён аз даричаи нав муаррифӣ менамояд.

Мунира НАБОТОВА, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 02.09.2025 №: 169