ҶУДО

03 сентябр 2025, Чоршанбе
15
Медали нуқраи Лоиқ дар Чемпионати ҷаҳон
Аз 27 то 31-уми август дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни наврасон доир гашт.
Дар мусобиқа 551 варзишгар (294 писар, 257 духтар) аз 71 давлат ширкат карданд. Ҷумҳурии моро 6 варзишгар намояндагӣ карда, танҳо Лоиқ Қутбиддинов ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд. Лоиқ дар вазни -60 кг гӯштӣ гирифта, бар намояндагони Кипр, Алҷазоир, ИМА, Эстония, Ҷопон пирӯз гашта, дар финал аз паҳлавони қазоқ мағлуб шуд.
Воқеан, ин нахустин медали нуқраи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии наврасон мебошад. То ин вақт соли 2015 Хуршед Маҷидов (+90 кг), 2017 Ҷамолиддиин Абдуллоев (-66 кг) ва соли 2023 Ёсин Бобокалонов (-60 кг) медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни наврасонро ба даст оварда буданд.
Дар София, ҳамчунин, Мадина Қурбонзода (-52 кг) ҷойи панҷум, Бобоҷон Шаропов (-73 кг) ҷойи ҳафтумро сазовор гардиданд.
Паҳлавонони кишвар ба Чин мераванд
6-7-уми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо баргузор мешавад, ки дар он тими ҷудои Тоҷикистон ширкат мекунад.
Тавре Федератсияи байналмилалии ҷудо маълумот додааст, дар мусобиқаи Ҳангжоу наздики 100 варзишгар аз 19 давлат ширкат хоҳанд кард. Ҷумҳурии моро 6 нафар миёни мардон намояндагӣ мекунад: Абдулло Қуқаншоев (-60 кг), Набӣ Нуралӣ (-66 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Сайфиддин Боймирзоев, Саидмуъмин Шарифзод, Муҳаммадраҳим Сарахонов (-81 кг).
Дар Гран-прии Қиндао (Чин) бошад, ки 26-28-уми сентябр доир мешавад, аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар (8 мард, 3 зан) ширкат мекунад: Маҳрзод Сӯфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абубакр Шеров, Масъуди Аҳмадзод (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Аҳлия Муъминова (-48 кг), Александра Кан (-57 кг), Виктория Кисилева (-78 кг).
Умуман, барои ширкат дар мусобиқа 151 варзишгар аз 24 давлат номнавис шудаанд.
ФУТБОЛ
Лигаи даъвати AFC: “Регар-ТадАЗ” бо кадом дастаҳо бозӣ мекунад?
28-уми август қуръакашии марҳалаи гурӯҳии Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) доир гашт.
Дар Лига 20 даста – 12 даста аз минтақаи Ғарб ва 8 даста аз минтақаи Шарқ барои ба даст овардани унвони чемпионӣ талош мекунанд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода, дар натиҷаи қуръакашӣ, ҳамроҳ бо тимҳои “Сафо” (Лубнон), “Ал-Арабӣ” (Кувайт) ва “Мурас Юнайтед” (Қирғизистон) ба гурӯҳи “С” шомил шуданд.
Марҳалаи гурӯҳӣ аз 25-уми октябр то 1-уми ноябри соли 2025 баргузор мешавад. Мизбони бозиҳои гурӯҳи “С” Қирғизистон аст.
Даврҳои чорякфинал ва нимниҳоӣ, ки иборат аз ду бозӣ ҳастанд, мутаносибан дар моҳҳои март ва апрели соли 2026 ба нақша гирифта шудааст ва финал 9-уми май баргузор мешавад.
ВОЛЕЙБОЛ
Мусобиқа барои Ҷоми раиси ВМКБ доир шуд
Дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ, ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон (9-уми сентябр) мусобиқаи волейбол барои дарёфти Ҷоми раиси ВМКБ баргузор шуд, ки дар он 6 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ иштирок намуданд.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот зимни суханронӣ дар маросими ҷамъбаст ҳозиронро ба ифтихори фарорасии 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Зикр шуд, ки волейбол дар вилоят маъруф буда, волейболбозон пеш аз замони соҳибистиқлолӣ дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон муваффақона баромад менамуданд. Тими занонаи вилоят бошад, дар кишвар мақоми аввалро касб менамояд.
Дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои Душанбе-1 ва ВМКБ-1 вохӯрда, бадахшониҳо бо ҳисоби 3:0 ғолибият ба даст оварданд. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи ВМКБ-2 бар Хатлон пирӯз гашт. Ба дастаҳои ғолиб медал ҷом, ва мукофотпулӣ (ҷойи аввал – 15000 сомонӣ, ҷойи дуюм – 10000 сомонӣ, ҷойи сеюм – 5000 сомонӣ) тақдим шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.09.2025 №: 169