МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЧЖАО ЛЭТСЗИ
3-юми сентябр дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот карда, маҷмуи масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуданд.
Дар оғоз Сарвари давлати мо роҳбарият ва мардуми Чинро бо солгарди 80-уми пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ ва баргузорсозии бомуваффақияти чорабиниҳои пуршукӯҳ ба ин муносибат табрику таҳният гуфтанд.
Роҳбари Парлумони Чин зимни баҳогузорӣ ба сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба бо кишвари мо, аз ҷумла изҳор дошт: “Чин ҳамеша дӯсти аз ҳама боэътимод ва шарики боварибахши Тоҷикистон хоҳад буд”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу мундариҷаи робитаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки Чин барои Тоҷикистон дӯсти боэътимод, ҳамсояи нек ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошад.
Ҷонибҳо муколамаи пайвастаи сиёсӣ, инчунин, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву гуманитариро муҳокима намуданд.
Таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҷамъиятии ду кишвар ба таври фаъол рушд меёбанд.
Ба татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва логистика дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Тақвияти бомароми шарикии Тоҷикистону Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва “Осиёи Марказӣ-Чин” махсус таъкид гардид. Гуфта шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо иштироки сармояи чинӣ фаъолият дорад.
Истифодаи фаровони имкониятҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти аграрии Тоҷикистон ба Чин, мувофиқи мақсад шумурда шуд.
Густариши ҳамкорӣ дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсия, раванди рақамикунонии иқтисоди миллии Тоҷикистон, рушди робитаҳо дар соҳаи таҳсилот ва омода намудани мутахассисони технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбат буданд.
Ҳамчунин, атрофи тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаи таъмини амният ва дастгирии доимии Чин аз пешниҳоду ташаббусҳои глобаливу минтақавии Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.
Дар бинои Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ, ҳамчунин, ба ифтихори Пешвои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо ҳузури Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии (Парлумони) Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лэтсзи зиёфати расмӣ ороста шуд.
ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин миёни ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Чин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба Ташаббуси амнияти глобалӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва технологияҳои нав;
- Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии иттилооти Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди сабз ва камкарбон миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов ва Консерваторияи Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин.
АНҶОМИ САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
3-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 31-уми август то 3-юми сентябр дар шаҳрҳои Тянҷин ва Пекин ҷараён дошт, ба Ватан баргаштанд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр – Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Чин самимона гусел намуданд.
Санаи нашр: 04.09.2025 №: 171
