МУҲАББАТНОМАҲОИ ЭРОНИЁН БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

10 сентябр 2025, Чоршанбе
28
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдому ташаббусҳои наҷиб на танҳо миёни тоҷикони Тоҷикистон, балки байни тамоми тоҷикон ва форсизабонони дунё ҳам маҳбубият доранд. Аз ҷумла, муҳаббати блогерони эронӣ самимияти мардуми ин кишварро нисбат ба Пешвои миллати мо собит месозад. Ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатӣ мо чанде аз чунин муҳаббатномаҳоро гирд овардем.
“SUNXO” (Youtube)
Дар мавриди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ходимони дин, ки гуфтанд: “Душман аввал расму оинатро мегирад, баъд забону фарҳангатро мегирад, баъд давлат бо ҳамин аз байн меравад. Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам, баъд мусулмон”.
“Ин марди бузург чӣ хуб тавзеҳ медиҳад. Афғонистон ҳам ҷумҳурии исломист ё дини ислом дорад, Эрон ҳам, Тоҷикистон ҳам. Аммо Тоҷикистон фарқиятҳое дорад. Мардуми Эрону Афғонистон намегӯянд, ки ман афғонистониям ё эрониям, мегӯянд, “мо мусулмонем, динамон ислом аст”. Вале аввал мо бояд бо пайравӣ аз Эмомалӣ Раҳмон бубинем, ки чи миллат ҳастем, баъд дину оин.
“Parifun Music” (Youtube)
Муҳокимаи (реакшн) суруди Ҷовидон Нозимов – “Раҳ боз кардан мушкил аст”.
“Аҷаб оҳанге. Чӣ қадар хуб тавҷеҳ мекунад ишқи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Меҳан. Фавқулода аст. Ҳар чизе, ки дар бистари ҷомеа шакл мегирад, дар навор дидем, ки аз айёми ҷавониашон дил дар ҳалқаи Ватан доштаанд, ишқ ба Меҳан ва ҳамин тавр, ки дар навор гуфта шуд, Парчами тоҷиконро болову болотар мебаранд. Ҳамаи талошро барои ободонию зебоӣ мекунанд.
Хеле хушҳолем, ки ин ободиву ободониро мебинем, лаззат мебарем, иншоаллоҳ як рӯзе битавонем ба Тоҷикистони зебо сафар ва даври ҳам ишқу ҳол кунем”.
“Ориё инҷост” (Youtube)
Дар мавриди яке аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки гуфта буданд: “Мо яроқи ҳастаӣ надорем, душманони миллати тоҷик хато карданд, тиру камон гирифта, ба сари модари худ омаданд. Бузургии миллати тоҷик дар ваҳдат, дар сарҷамъии миллат аст, ки қудрат ва тавоноиаш аз яроқи ҳастаӣ бештар аст”.
“Ман ошиқи ин мардам. Воқеан, ҷабри форсизабонҳоро мекашад ва хеле дӯст дорам, биравам бубинамаш ва бигӯям: “Дамат гарм”. Парчами ориёҳоро алъон фақат ин мард боло мебардорад. Қадрашро бидонед. Ин кас аз одамонест, ки номаш дар таърих мемонад”.
“Таърихи форсӣ” (Instagram)
“Раисҷумҳури Тоҷикистон боз ҳам эҳсосоти эрониҳоро барангехт. Эмомалӣ Раҳмон дастур додаанд, ки ба мардуми Тоҷикистон ду ҷилд “Шоҳнома”-ро ройгон ҳадия бидиҳанд, то бо фарҳангу асолати худашон бештар ошно бишаванд. Эмомалӣ Раҳмон нишон додаанд, ки як ориёии воқеист ва ҳамаи эрониён дӯсташ доранд. Дар 30 соле, ки Раисҷумҳури Тоҷикистонанд, акси Ибни Синову Рӯдакиро рӯйи асъорашон нақш кардаанд. Муҷассамаҳои Куруши бузургро дар майдонҳову паркҳои аслӣ насб намудаву исми ҳамаи фарзандонашро ориёӣ интихоб кардаанд. Ба Наврӯзу ҷашнҳои ориёӣ арҷ мегузоранд”.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.09.2025 №: 173