МАШВАРАТИ КОРӢ

10 сентябр 2025, Чоршанбе
6
4-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд, ки дар он, ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода иштирок намуданд.
Дар машварат масоили вобаста ба ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, меваю сабзавот ва дигар зироатҳо, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ ва зимистонгузаронӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ баррасӣ шуданд.
Доир ба вусъати корҳо ва бо сифати дилхоҳ анҷом додани онҳо ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Санаи нашр: 10.09.2025 №: 174