КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА МАРДУМИ АФҒОНИСТОН
Субҳи 8-уми сентябр бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларзаи шадиди Афғонистон осебдида, кумаки башардӯстона равон шуд.
Ин ёриҳо, ки бо корвони пурбори мошинҳои боркашонӣ равона гардиданд, аз 24 номгӯйи маҳсулоту маводи зарурӣ, аз ҷумла орду равған, шакар, биринҷ, рахти хоб, либосу пойафзол барои кӯдакон, наврасон ва калонсолон, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонии арматура, тахта, шифер, семент ва дигар молу маҳсулот иборатанд.
Кумаки ирсолшуда беш аз 3000 тоннаро ташкил медиҳад.
Ин иқдом нишони равшани ҳамдардии мардуми Тоҷикистон ба мардуми бародари Афғонистон ва бозгӯйи сиёсати башардӯстона ва ҳамсоягии неки Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 31-уми август ва 1-уми сентябр дар Афғонистон заминларзаи шадид ба вуқуъ пайваста, хисороти зиёди молӣ ва ҷонӣ дар пай гузошт.
Санаи нашр: 10.09.2025 №: 174
