МАҒЗҲО БАРДОШТЕМ АЗ ДАРСИ СУЛҲ!

10 сентябр 2025, Чоршанбе
32
Суханронии имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳро, ки дар бинои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, ҷомеаи кишвар дар маҷлисгоҳу толор ва синфхонаҳои барҳавои мактабу донишгоҳҳо сарҷамъона тамошо намудаву аз он мағзҳо бардоштанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ба шарофати Истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайёст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳро сари баланду қомати болои мардум, бахту саодати ҳар як хонадон ва асоси пешрафти давлату миллат, аз ҷумла рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар бо мақсади ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои пешқадаму муосири таълим, таҳияи меъёрҳои ягонаи муайянкунандаи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таъсиси махзани ягона ҷиҳати таҳлил, арзёбии сифати дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагон тавассути технологияҳои рақамӣ; фароҳам овардани шароит барои иштирок дар арзёбиҳо ва барномаҳои байналмилалӣ; татбиқи чорабиниҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, муосирсозии раванди таҳсилот, пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва таҳияи барномаи давлатии дурнамои омодасозии кадрҳо дар соҳаи омӯзгорӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Зикр гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар самти тарбияи кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми арзанда доранд. Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла ҷавонону наврасони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки мо бояд бо шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, бо ҳисси баланди миллӣ тамоми тавону неруи худро барои ободии ватанамон ва пешрафти давлати соҳибихтиёрамон равона созем.
Бинобар ин, ҳар яки мо вазифадорем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.
Аз баландии сухан минбар кунем,
Мағзу фикри хешро дигар кунем.
То ба фардои мунаввар ҳар замон
Дарси сулҳи Пешво аз бар кунем!
Ҷасурҷон ҲАСАНОВ,
номзади илмҳои техникӣ, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Санаи нашр: 10.09.2025 №: 174