ВАТАНИ МЕҲРУБОНӢ ВА МУҲАББАТ
Намедонам чаро, аммо ҳар боре аз сафар ба Тоҷикистони азиз бармегардам ва аз ҳавопаймо ба саҳни Фурудгоҳи байналмилалии “Хуҷанд” менигарам, дар дилам ҳисси оромиш ва ифтихор ҷӯш мезанад.
Гӯё ҳама пазмониҳо, ормонҳои дерина, симои ошно, муҳаббати Ватан дар як лаҳза гирди як меҳвар мечарханд ва ин меҳвар саҳни Фурудгоҳ аст, дарвозаи Тоҷикистони азиз!
Ин ҷо бароям танҳо истгоҳи сафар нест. Ин ҷо бароям оғози эҳсос аст. Оғӯши бози Ватан.
Аввалин чизе, ки чашмҳоро мерабояд ва руҳу ҷонро навозиш мекунад, гулбоғи Фурудгоҳ аст. Гулҳое, ки бо зебоӣ таровати дигаре мебахшанд замини ин маконро. Ба назарам ин гулҳо танҳо ба хотири ороиш нестанд, ин гулҳо паёму саломи Ватан ҳастанд ва бо забони ишқ бароям мегӯянд: “Ба Ватан хуш омадӣ!”.
Дар оғӯши гулҳо маро муҷассамаи «Дуои модар» пешвоз мегирад. Фараҳ меёбам аз тамошои дастони бози модар, аз нигоҳе, ки гӯё ҳар лаҳза дуо мекунад фарзандони ин сарзаминро, меҳмононро, осмони беғубори Ватанро... Чӣ қадар рамз аст дар ин саҳна!
Гӯё модар тамоми миллатро дуо мекунад. Миллате, ки бо ҳазорон ормон давлати соҳибистиқлоли худро бунёд кард. Миллате, ки рӯз аз рӯз сарсабз мешавад ва бо давлати хеш ифтихор мекунад.
Маҷмааи “Дуои модар” паёмест, ки Тоҷикистон давлати бофарҳанг аст. Расму оини аҷдодони хешро пос медорад ва меҳмононро гиромӣ. Ватани меҳрубонӣ ва муҳаббат аст.
Ҳар гул, ҳар дарахт, ҳар ошёна дар ин макон муқаддас аст бароям ва ман инро пас аз ҳар сафар бештару бештар эҳсос мекунам.
Соҳибистиқлолӣ ва ифтихори ватандорӣ танҳо ҳарф нест. Ин эҳсос аст ва ман ҳар дафъае, ки аз ҳамин саҳни пуррамз ба атроф менигарам, эҳсос мекунам, ки осмони сулҳрези кишвар ифтихори ман аст. Шукр мегӯям, ки ҷойе барои баргаштан дорам!
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.09.2025 №: 175
