АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛ. СОЛИ ПАС АЗ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ БАРОИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ЧӢ ГУНА БУД?

15 сентябр 2025, Душанбе
20


Соли гузашта, пеш аз таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, варзишгарони мо дар Бозиҳои олимпии Париж се медали биринҷӣ ба даст оварда, тантанаҳои ҷашниро зебу зинати дигар бахшиданд. Дар идома, соли пас аз бозиҳои олимпӣ соҳаи варзиши кишвар ба чӣ ноил шуд? Дар ин матлаб муҳимтарин дастовардҳои варзишии кишвар дар давраи аз истиқлол то истиқлол пешкаш мегардад.

МАЪМУРИЯТ
Дар асоси муқаррароти Хартияи олимпӣ, пас аз бозиҳои олимпӣ ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ ҷаласаҳои интихоботӣ мегузаронанд ва фаъолияти чорсолаашонро натиҷагирӣ карда, барои чор соли оянда нақшаҳо тартиб медиҳанд.
Аз ҷумла, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботиашро 13-уми декабри соли 2024 доир кард. 30 федератсияи варзишӣ, ки узви Кумита аст, номзадии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дигарбора ба вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпӣ пешниҳод карда, якдилона интихоб намуд. Дар он ҷаласа таъкид гардид, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон беназир буда, маҳз бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат то имрӯз дар сартосари ҷумҳурӣ беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфта, соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи баланди варзишӣ таъсис ёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009, ҳамзамон, президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳастанд.
14-уми декабр бошад, Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор гардида, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муҳлати чор соли дигар – то соли 2028 президенти ФФТ интихоб шуд.
Аз ин пештар, дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Истиқлоли давлатӣ (8-11-уми сентябри соли 2024), дар 44-ум ҷаласаи Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё (OCA) ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпиони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров раиси Кумитаи варзиш барои ҳама, ҳамзамон, узви Кумитаи иҷроияи OCA интихоб шуд.
Ҳамчунин, зимни баргузории ҷаласаҳо соҳибкор Маҳмуд Амонзода президенти Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода раиси Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон ва вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир раиси Федератсияи волейболи Тоҷикистон интихоб шуданд.

ҶУДО
Дастоварди тими ҷудои кишвар дар давраи аз истиқлол то истиқлол беназир буд. Тоҷикистон бори аввал Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавононро дар сатҳи баланд гузаронда, ҷудочиёнамон дар Чемпионати ҷаҳон сазовори 3 медал шуданд.
Пас аз бомуваффақият гузаштани мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо – Гран-при дар соли 2023 ва Гранд-слам дар моҳи майи соли 2024, Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон низ дар Душанбе (2-6-уми октябри соли 2024) бомуваффақият доир гашт. Барои иштирок дар мусобиқа 531 варзишгар аз 67 давлати ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудои ҷавонон ду медал – як нуқра аз ҷониби Лоиқ Қутбиддинов дар вазни -60 кг ва як биринҷӣ аз ҷониби Муҳиддин Асадуллоев дар вазни -73 кг ба даст овард.
Дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2025 бошад, ки 13-20-уми июни соли равон дар шаҳри Будапешти Венгрия баргузор шуд, паҳлавонони мо Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) медали нуқра, Обид Ҷебов (-66 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ногуфта намонад, ки аз ин пеш Тоҷикистон дар чемпионатҳои ҷаҳонии ҷудо танҳо як медали биринҷӣ дошт, ки онро Расул Боқиев соли 2007 сазовор гашта буд.

Мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” мисли ду мусобиқаи гузашта барои кишвари мо хотирмон гузашт. 2-4-уми май мо дар пойтахти кишварамон як иди ҳақиқии варзиш, тантанаи ҷудоро шоҳид шудем. Варзишгарони мо дар мусобиқаи хонагӣ маҳорати баланд нишон дода, 11 медал – 4 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ гирифтанд ва тими ҷудои Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳо миёни 27 кишвари иштирокчӣ ҷойи аввалро мушарраф гашт.
7 медали Чемпионати Осиё-2025 (2 нуқра, 5 биринҷӣ), 7 медал аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо (2 нуқра, 5 биринҷӣ) аз дастовардҳои дигари тими ҷудои кишвар дар давраи аз истиқлол то истиқлол мебошад.
Дар арафаи таҷлил аз 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ паҳлавони навраси кишвар Лоиқ Қутбиддинов дар Чемпионати ҷаҳон (София, Булғористон) сазовори медали нуқра гашт, ки дар таърихи ҷудои кишвар аввалин аст.

ФУТЗАЛ
Воқеаи фараҳбахши дигари соҳаи варзиши кишвар дар як соли охир иштироки тими миллии футзали Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон мебошад, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли 2024 дар Ӯзбекистон доир гашт.
Иштирок дар Чемпионат барои тими миллии мо аввалин таҷриба буд. Футболбозони толории мо дар гурӯҳи “Е” бо дастаҳои мунтахаби Марокаш (2:4), Португалия (2:3) ва Панама (3:8) бозӣ карданд.

ФУТБОЛ
Дар намуди футбол дастаи мунтахаби наврасон ба натиҷаҳои баланд ноил гардид. Тими футболи то 17-солаи кишвар моҳи октябри соли гузашта дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар Сингапур бар дастаҳои Гуам (33:0), Сингапур (3:1) ва Уммон (2:0) ғалаба карда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт. Дар Ҷоми Осиё-2025 бошад, ки 3-20-уми апрели соли равон дар Арабистони Саудӣ доир гашт, футболбозони навраси мо дар гурӯҳи “D” ҷойи аввалро гирифта, ба чорякфинал ва ҳамин тариқ, дар баробари дастаҳои Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ, ба Чемпионати ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт.
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бошад, дар Ӯзбекистон ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гардид. Футболбозони навраси мо бар Туркманистон (4:1), Афғонистон (3:0) ва шоми 31-уми май дар финал бар мунтахаби Ӯзбекистон (4:3) ғалаба кард.

ГӮШТӢ
Медали биринҷии Абдулмаҷид Кудиев дар Чемпионати ҷаҳон аз дастовардҳои дигари соҳаи варзиши кишвар дар давраи аз истиқлол то истиқлол маҳсуб меёбад. Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштӣ дар вазнҳои ғайриолимпӣ 28-31-уми октябр дар шаҳри Тиранаи Албания доир гашт.
Дар мусобиқа варзишгарон дар категорияҳое, ки ба барномаи бозиҳои олимпӣ шомил нест, зӯрозмоӣ намуданд.
Медалҳои нуқраи Виктор Рассадин ва Магомед Евлоев дар Чемпионати Осиё-2025 дар гӯштии тарзи озод, медали биринҷии Мустафо Ахмедов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, медалҳои биринҷии Аюб Бозорзода дар равияи тарзи озод ва Маҳдӣ Баротов дар равияи юнонӣ-римӣ дар Чемпионати ҷаҳон (28-уми июл – 3-юми август, Афинаи Юнон), медалҳои нуқраи Муҳаммад Султонов ва биринҷии Алишер Рӯзимадов дар Чемпионати Осиё миёни наврасони то 17-сола дар равияи юнонӣ-римӣ аз дастовардҳои дигари гӯштигиронамон ҳастанд. Паҳлавони навраси кишвар Идрис Баҳромов бошад, дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини соҳилӣ дар Ветнам медали нуқра ба даст оварда, миёни варзишгаронамон аввалин шуда ба Бозиҳои олимпии наврасон-2026 роҳхат гирифт.

БОКС
Дар давраи аз истиқлол то истиқлол натиҷаи муштзанҳоямон низ хуб буд. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби бокси кишвар дар Чемпионати Осиё, ки аз 28-уми ноябр то 11-уми декабри соли гузашта дар Тайланд доир гардид, панҷ медал (як тилло, як нуқра, се биринҷӣ) ба даст оварданд. Медали тиллоро Акмал Убайдов дар вазни 60 кг сазовор гашт. Парвиз Каримов дар вазни -92 кг медали нуқра, Шуҳрат Саломатов (-67 кг) , Шаҳобҷон Шукуров (-71 кг) ва Аҳмадҷон Саидов (-86 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
Варзишгарони кишвар дар Чемпионати бокси Осиё миёни наврасон ва мактаббачаҳо, ки аз 27-уми август то 10-уми сентябри соли 2024 дар АМА доир гашт, 11 медал – 4 тилло, 1 нуқра, 6 биринҷӣ ба даст оварданд. Инчунин, 11-23-юми майи соли равон дар Шри-Ланка Чемпионати Осиё миёни муштзанҳои то 18 ва то 22-сола доир гашт, ки варзишгарони мо ба гирифтани 16 медал – 3 тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ мушарраф шуданд.

ДУШАНБЕ – МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар давраи мавриди назар Тоҷикистон як қатор мусобиқаву чорабиниҳои варзиширо мизбонӣ кард, ки дар мавриди Мусобиқаҳои ҷудо гуфтем. Чемпионати ҷаҳонии самбо миёни собиқадорон, яке аз бонуфузтарин мусобиқаи байналмилалӣ – Ҷоми ҷаҳонии велосипедронии кӯҳӣ “Eliminator” (13-уми апрел), форуми Шурои олимпии Осиё ва Ҳамбастагии олимпӣ барои кумитаҳои миллии олимпии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ (6-7-уми апрел) бо ҷалби намояндагон аз 19 давлати минтақа, мусобиқаҳои бокси касбӣ моҳҳои май ва июли соли равон аз дигар чорабиниҳои варзишӣ буданд, ки дар пойтахти кишвар доир гаштанд.

ХУЛОСА
Ба ғайр аз ин дастоварди варзишгаронамон дар варзишҳои ғайриолимпӣ, мисли самбо ва муҳорибаҳои омехта низ назаррас аст.
Умуман, соҳибистиқлолӣ аст, ки варзишгаронамон ба майдонҳои байналмилалӣ роҳ меёбанд ва дар муаррифии Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд. Дар давраи шуравӣ варзишгарони мо чунин имкон надоштанд. Барои ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баромадан, варзишгарони моро лозим буд, ки аввал миёни 15 кишвари узви ИҶШС пирӯз гарданд.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар инъикоси дастовардҳои варзишгарони кишвар аз фаъолтарин расонаҳои хабарӣ мебошад ва бо ҳар пирӯзии парчамбардорон ифтихор мекунад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.09.2025 №: 177