МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАЙХ ТАМИМ ИБНИ ҲАМАД ОЛИ СОНӢ

16 сентябр 2025, Сешанбе
31
15-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарварони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар бо дар назар доштани манфиатҳои муштарак ва бар асоси усули дӯстиву бародарӣ пайваста густариш меёбанд.
Натиҷаҳои бобарори сафарҳои расмӣ ва кории сатҳи олии Тоҷикистону Қатар дар соли гузашта ва мулоқоту тавофуқоти ҳосилшуда таъкид гардид. Дар арсаи байналмилалӣ таҳкими бештари робитаҳои сиёсӣ миёни кишварҳо зарур шумурда шуд.
Густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, кишоварзӣ барои ҳар ду ҷониб судовар номида шуд. Ба рушди пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Атрофи равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, табодули афкор сурат гирифт.
Мубодилаи ошкору ҳамаҷониба, ҳамчунин, доир ба рушди авзои минтақа дар пасманзари зарбаҳои ҳарбӣ ба Қатари дӯст ҷараён гирифт.
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАСЪУДИ ПИЗИШКИЁН
15-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарварони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон ва мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли таҳаввулоти мусбати солҳои охир дар ҳамкории ду кишвар изҳори қаноат намуда, тамосу мулоқоти пайвастаро омили муҳими таконбахши рушди равобит номиданд. Таъкид гардид, ки мо арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва забонии кишварҳоямонро ҳамеша пос медорем.
Ҷонибҳо вазъи кунунии мураккаб ва ноустувори минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони исломро муҳокима карда, андешидани тадбирҳои муассири якҷояро барои нигаҳдории эътидол ва осоиши саросарӣ зарур шумурданд.
Аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш сурат гирифта, ҳаллу фасли низои Фаластину Исроилро дар асоси усули “ду давлат барои ду мардум” дар назар дорад, истиқбол карда шуд.
Изҳор гардид, ки Тоҷикистон роҳи ҳалли ҳамаи буҳрону низоъҳоро дар минтақа ва ҷаҳон, қабл аз ҳама, дар музокироту муколама мебинад.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба дигар мавзуъҳои мавриди назари ду ҷониб ҷараён гирифт.
Санаи нашр: 16.09.2025 №: 178