МАШЪАЛИ ВАҲДАТ ФУРӮЗОН КАРДАӢ, ЭЙ ПЕШВО!

16 сентябр 2025, Сешанбе
32

Тоҷикистонро гулистон кардаӣ, эй Пешво,
Як биҳиште баҳри инсон кардаӣ, эй Пешво.
Роҳи ваҳдатро намуда боз то Боми ҷаҳон
Зиндагиро хубу осон кардаӣ, эй Пешво.
Мерасад ғамхории ту то ба пиру то ятим,
Кори хайр аз амри виҷдон кардаӣ, эй Пешво.
Аз ҳисоби обу кӯҳи кишвари равшанравон,
Тоҷикистонро чароғон кардаӣ, эй Пешво.
Ин ҳама ободии мо файзи неки ваҳдат аст,
Машъали ваҳдат фурӯзон кардаӣ, эй Пешво.
Кори хайру номи некат то абад поянда бод,
Шод руҳи оли Сомон кардаӣ, эй Пешво!

Амирҷон МУХМЕМОВ,
омӯзгори МТМУ №7, ноҳияи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 16.09.2025 №: 178