ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН 

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН 

04 май 2023, Панҷшанбе
14
0


3 май дар шаҳри Остона мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш самимона хайрамақдам гуфтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои ин сафар, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва бастаи нави санадҳои ҳамкории имзошаванда барои таъмиқи муносибатҳои шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон заминаи навро фароҳам меорад.

Санаи нашр: 04.05.2023 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив