“РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ДАСТПАРВАРИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

26 сентябр 2025, Ҷумъа
17



Ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашр бо номи “Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо услуби хосса рӯйи чоп омад. Боиси сарфарозии ҳайати олимони кишвар аст, ки рӯнамоии ин китоб дар боргоҳи илму маърифати тоҷик – Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Китоби “Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо сифати баланд чоп шуда, фарогири мақолаҳои 18 шахсияти маъруфи кишвар мебошад. Китоб аз 280 саҳифа иборат буда, нигоштаҳои он бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудаанд. Муаллифони мақолаҳо раванди меҳнату кӯшишҳои созандагиву бунёдкоронаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос намудаанд. Китоб бо аксҳо оро ёфтааст, ки муҳтавои нигоштаҳоро таҳкиму тақвият мебахшанд.
Бо се забон нашр шудани китоби “Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои ҳашт соли охири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба пойтахти кишвар мусоидат менамояд.
Китоби мазкур муаррифии хизматҳои мондагори шаҳрдори ҷавон – муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамчун дастпарвар ва идомабахши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифтааст.
Воқеан, мактаби давлатдории Пешвои миллат ба ҳайси бузургтарин мактаби сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, ин мактаб ба таҳкими сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ дар сартосари мамлакат, рушди тамоми инфрасохтори кишвар замина гузошта, Тоҷикистонро дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии сарсабзу хуррам, бо суръат рушдкунанда ва муҳимтар аз ҳама, ба як кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ табдил дод. Ин мактаби бузурги сиёсӣ дар ташаккул ва рушду инкишоф ёфтани шахсиятҳои ворастаи сиёсӣ ва тарбияи неруи зеҳнию ақлонии кишвар мунтазам мусоидат намуда, дар худ як қатор чеҳраҳои сиёсиро ба камол расондааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ – шаҳрдори ҷавони кишварро метавон аз зумраи беҳтарин дастпарварони асили ин мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат номид, ки тули фаъолияти хеш ба ҳайси шаҳрдори кишвар шаҳри Душанберо ба беҳтарин маркази маъмурии кишвар, давоми фаъолияти хеш ба ҳайси раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон нишон додани ташаббуси байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи болоии парлумони кишвар – Маҷлиси миллиро ба яке аз ниҳодҳои асосии ташаббускор дар низоми қонунгузории кишвар табдил дод.
Имрӯз бо ибтикори шаҳрдори ҷавони кишвар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе муаррифгари илму фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Майдони "Истиқлол", Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худшиносии насли наврас ва ҷавонон замина фароҳам оварда, бозгӯи соҳибтамаддунии мардуми тоҷик аст.
Хулоса, дар китоби мазкур фаъолияти раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути таҳияи мақолаҳои гуногун таҷассум ёфтааст, ки ин фаъолият намунаи ибрат аст. Муаллифон зимни таҳияи мақолаҳои хеш дар асоси далелу санад ҳақиқати ин иддаоро исбот кардаанд. Китоби тозанашр дабистони муқаддасест, ки ҷавонони имрӯзу фардо аз он сабақи зиндагӣ, дарси хештаншиносиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкориро меомӯзанд.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Санаи нашр: 24.09.2025 №: 184