ПАНҶАКЕНТ. ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ САЙЁҲӢ
Ҳар сол 27-уми сентябр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии сайёҳиро таҷлил мекунад. Ин сана барои давлатҳо имконият фароҳам меорад, то дастовардҳои худро дар соҳаи сайёҳӣ ҷамъбаст карда, дурнамои онро муайян намоянд. Сайёҳӣ имрӯз ба унвони яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва робитаҳои фарҳангӣ шинохта мешавад.
Дар байни минтақаҳои гуногуни кишвар шаҳри Панҷакент ҷойгоҳи хос дорад. Ин сарзамин бо таърихи ҳазорсола, мероси гаронбаҳо ва табиати нотакрори худ яке аз беҳтарин маконҳои сайёҳии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Саразм – шаҳраки бостонӣ, ки зиёда аз 5500 сол таърих дорад ва ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст, ифтихори миллати тоҷик ва омили ҷалби ҳазорон сайёҳ мебошад. Панҷакенти Қадим, ки онро Помпейи Шарқ низ меноманд, яке аз шаҳрҳои қадимаи Суғд ба ҳисоб меравад. Таърихи он ба асрҳои V-VIII рост меояд ва имрӯз боқимондаҳои кохҳои подшоҳӣ, хонаҳои ашрофон ва деворнигораҳои рангорангро дар бар мегирад.
Дар ҳамин замина мақбараи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, оромгоҳи Хоҷа Муҳаммад Башоро ва осорхонаҳои шаҳри Панҷакент низ аз ҷойҳои бештар дидашавандаи сайёҳон ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин, имрӯз мавзеи долони Зарафшон – Қароқум ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст, ки дар оянда метавонад симои сайёҳии шаҳри Панҷакент ва минтақаи Зарафшонро боз ҳам қавитар муаррифӣ кунад.
Имрӯз шаҳри Панҷакент дорои чандин навъи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии таърихию фарҳангӣ – Саразми бостон, Панҷакенти Қадим, қалъаи Санҷаршоҳ ва осорхонаҳо, сайёҳии зиёратӣ – мақбараи устод Рӯдакӣ, Хоҷа Муҳаммад Башоро ва дигар маконҳои муқаддас, сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ – Ҳафткӯл, қаторкӯҳҳои Зарафшон ва ғайра, сайёҳии этнографӣ – шиносоӣ бо расму оинҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, мебошад.
Рушди сайёҳӣ дар шаҳри Панҷакент на танҳо имкониятҳои иқтисодиро васеъ мегардонад, балки ба эҳёи фарҳанги миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат мекунад. Бо ташкили ҷойҳои нави кор, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаи хизматрасонӣ ва ҷалби сармоя, соҳаи сайёҳӣ ба яке аз рукнҳои устувори иқтисоди маҳаллӣ табдил ёфтааст. Ҳамзамон, тавассути сайёҳон фарҳангу тамаддуни тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад.
Имрӯз шаҳри Панҷакент ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои асосии сайёҳии кишвар шинохта шудааст.
Бо татбиқи Стратегияи миллии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, шаҳри Панҷакент метавонад ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳии минтақа табдил ёбад. Долони Зарафшон – Қароқум, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил мебошад, дар оянда имконияти ҷалби бештари сайёҳони хориҷиро фароҳам хоҳад овард. Бо чунин имкониятҳо ва захираҳо, Панҷакент ояндаи дурахшон дошта, метавонад саҳми арзандаашро дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон гузорад.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД “Осорхонаи ҷумҳуриявии
таърихию кишваршиносии ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент”
