ҶАҲОН. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН КИШВАРИ ОСОИШТА БОЛО МЕРАВАД
Чанде пеш Пажӯҳишгоҳи амрикоии “Gallup” гузоришеро зери унвони “Global Safety Report – 2025” (гузориши ҷаҳонӣ доир ба бехатарӣ) нашр намуд, ки дар он номи Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи амнтарин кишварҳои дунё қарор дорад. Ин баҳогузорӣ аз он аст, ки тибқи гузориши мазкур 95 дарсад аҳолии кишвар ҳангоми сайругашти шабона худро комилан дар амн эҳсос менамоянд.
Ҳамчунин, дар ин рӯйхат Сингапур дар мақоми аввал буда, Ҷумҳурии Халқии Чин, Уммон, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Норвегия, Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ дар қатори амнтарин кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар миёни мамлакатҳои ҷаҳон борҳо ба даҳгонаи амнтарин кишварҳои дунё шомил гардида, ин мақоми худро нигоҳ дошт. Аз тарафи марказҳои байналмилалии пажӯҳишӣ эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун амнтарин кишвари дунё аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ натиҷаҳои сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии Тоҷикистонро дар самти таъмини амнияту субот, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ баланд арзёбӣ мекунанд.
Ҷон Клифтон, директори иҷроияи “Gallup”, дар оғози гузориши солонаи Пажӯҳишгоҳ бо матлабе андешаҳои худро доир ба амнияти сартосарии сайёра матраҳ мекунад. Ӯ ба ин назар аст, ки дар ҳоли авҷи даргириҳо дар Ховари Миёна ва Шарқи Аврупо касоне ҳастанд, ки ҷӯёи оромиву суботанд. Новобаста ба имконоту иқтидорашон барои ором зистан талош мекунанд.
Бо хондани ин ҳарфҳо беихтиёр симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Зеро ба ҳама мушкилоту низоъҳо ҳамеша аз роҳи муколамаву мусолаҳа ворид мешаванд ва ҳамеша кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамин роҳи гуфтугӯи сулҳомез даъват месозанд. Ҳамин аст, ки дар саросари дунё ҳамчун шахсияти сулҳофар эътироф гаштаанд.
Ғайр аз ин, дидгоҳу баҳодиҳии пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ доир ба мавқеи кишвар, обрӯи мусбати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бозгӯ мекунад.
Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои амнтарини ҷаҳон аз рӯйи фарзияи “Ҳуқуқ ва тартибот”, ки амну субот ва эътимоду боварии шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаро мегирад, дар ҷойи якум қарор дорад. Ин маълумот низ дар гузориши «Global Safety Report – 2025»-и Пажӯҳишгоҳи амрикоии «Gallup» оварда шудааст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ин натиҷа самаранокии сиёсати давлат дар самти таъмини субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.09.2025 №: 185