БУЗУРГВОРИ ХУРОСОН

27 сентябр 2025, Шанбе
6


(Ба ифтихори армуғони “Шоҳнома” ба мардуми Тоҷикистон)

Ин хок саропардаи шоҳони бузург аст,
Парвардаи "Шаҳнома"-ву гурдони бузург аст.
Фирдавсии шоир тани танҳо ба гаҳи разм
Саркардаву сарлашкари Эрони бузург аст.
Чун тоҷи сари мард бувад бонуи Эрон
Ин маншаи таърихии мардони бузург аст.
Гаҳвораам алвонҷ хурад бо пари Симурғ,
Гаҳвораам овардаи тифлони бузург аст.
Ҳамсояи Хуршед шудем, аз азал ин кӯҳ
Дар силсилаи сабр саробони бузург аст.
Дар ҳар қадаме хуни шаҳидон шуда лола
Чун лола шудан дар Ватан имкони бузург аст.
Фарҳанги ман аз порсии пок шиносанд,
Пайғоми дилам шеъри ниёкони бузург аст.
Конуни сухан гашта маро турбати Хайём,
Аз миллати Ҳофиз будан унвони бузург аст.
Девону вазорат ҳама аз пой фитоданд,
Давлат ҳама бинҳуфтаи Девони бузург* аст.
Садпорагиям нақшаи дерини адӯ буд,
Ин марзкашиҳо ғами дастони бузург аст.
Айвони мадоин чӣ касе сохта то ҳол?
Эй он кӣ туро шаҳр биёбони бузург аст.
Дарё нашавад ҳар кӣ дар андешаи ҷӯй аст,
Андеша бузург аст, ки инсони бузург аст.
Аз Балху Ҳиротам, бадар оям зи Нишопур,
Аз Суғд раҳам то ба Сиистони бузург аст.
Аз Тӯс ва ё Марв расам то ба Бухоро,
То Ҳинд маро равзаи ризвони бузург аст.
Гарчи зи Бухоро ба Бадахшон ҳама санг аст,
Дар синаи мо нақби Зарафшони бузург аст.
Эй дида фақат хатти кажу сурхи харита,
Ҳар як раги мо хатти Хуросони бузург аст.
Ҳамхунии мо мешавад аз порсӣ исбот,
Ҳар вожаи мо ҳуҷҷати паймони бузург аст.
Пайванди маро ҳеч касе нашканад осон,
Ҳар риштаи он баста ба имони бузург аст.
Дар қуллаи Помир нишастам ба ниёиш:
Озодагиям ҳадяи Яздони бузург аст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.09.2025 №: 186