САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ВАҲДАТ
![]()
Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар шаҳри Ваҳдат
26-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат бинои нави беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кору хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Беморхона бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки олмонии рушд бунёд гардид.
Иншооти нав дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии соҳаи тиб сохта шуда, дар он барои табобату муолиҷаи кӯдакони гирифтори бемории сил шароити мусоиду муосир фароҳам аст.
Корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи бемориҳои кӯдаконаи сил соли 2023 оғоз ёфта, бо ҷалби зиёда аз 100 мутахассиси маҳаллӣ ва ба маблағи 2 миллиону 595 ҳазору 274 евро моҳи сентябри соли равон пурра ба анҷом расид.
Масоҳати иншоот 15 ҳазору 434 метри мураббаъ буда, масоҳати бино 1 ҳазору 554,8 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои беморхона дуошёна буда, дорои 50 кати хоб мебошад. Дар ин ҷо барои ташхису табобат имконияти васеъ фароҳам гардида, бобати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаи шароит муҳайёст.
Дар беморхона шуъбаҳои бемориҳои сили микробхориҷкунанда, бемориҳои сили такроран сироятёфта, шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона, ҷарроҳии сили кӯдакона ва дигар бахшҳои зарурӣ мавҷуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити беморхона, таъкид сохтанд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии кӯдакон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Барномаи давлатии мубориза бар зидди бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгириҳои рӯзафзуни Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 бо маблағгузории лоиҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд навсозии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил оғоз ёфта, соли 2011 ифтитоҳ ёфта буд.
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми январи соли 2013, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии сил ба Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина" барои 400 кат табдил дода шуд.
Дар беморхонаи мазкур ҳоло 14 шуъба мавҷуд аст, ки дорои 420 кат мебошад.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи ин Муассисаи тиббии муосир боз як нишони равшани ғамхории пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба насли ояндасози кишвар мебошад. Бо истифодаи имкониятҳои беморхонаи кӯдаконаи зидди сил, ташхису муолиҷаи бемориҳои хавфнок дар синни кӯдакӣ ба марҳалаи сифатан нав бароварда шуда, сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар кишвар боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.
Ба истифода додани бинои МТМУ №152
26-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин бунёд гардид.
Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва соли нави таҳсил барои хонандагон ва сокинони шаҳри Ваҳдат, ҳамчун туҳфаи арзишманд арзёбӣ мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои Муассиса сеошёна буда, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, синфхона ва дигар кабинетҳои фаннӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳазанд.
Сохтмони бинои МТМУ №152 соли 2020 оғоз ёфта, дар асоси лоиҳа дар масоҳати 4 ҳазору 447 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин Муассисаи наву замонавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.
Муассиса дорои 53 синфхонаи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти хониш, аз ҷумла 7 кабинети фаннӣ, мебошад. Кабинетҳои фанни химия, биология, физика, география, таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид мегузорад. Вобаста ба талаботи муосир, Муассиса дорои зиёда аз 42 компютери пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет мебошад. Озмоишгоҳҳои фаннӣ ва китобхона бо теъдоди 10 ҳазор нусха адабиёт, аз ҷумла 1500 китоби дарсӣ, барои рушди ҷаҳонбинии хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 426 курсӣ ва ошхона бо 120 ҷойи нишаст ва ҳавзи нигоҳдории об мебошад.
Дар иншооти наву замонавӣ толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзиш бо 116 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзиш барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Дар иншооти наву замонавӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудан ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам аст. Дар Муассисаи таълимӣ 140 омӯзгор бо кор таъмин шуд. Илова бар ин, Муассисаи таълимӣ дар фасли зимистон аз тариқи буғхонаи алоҳидаи марказондашуда бо гармӣ таъмин мешавад.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имкониятҳои мавҷуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзӣ, технологияи иттилоотӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, расидан ба қадри дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва сулҳу субот ҷалб намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди муассисаҳои нави таълимиву ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона шудааст. Аз ин лиҳоз, таълимгирандагонро зарур аст, ки бештар ба омӯзиши илм машғул шаванд ва ворисони гузаштаи пурифтихори хеш бошанд.
Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат
26-уми сентябр бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти нав аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои фаъолияти кормандон мутобиқи талаботи замонавӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҳуҷраҳои корӣ, китобхона, толори варзиш, маҷлисгоҳ, ошхона ва ҳуҷраи бойгонӣ иборат мебошад. Дар ҳамин рӯз ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат калиди манзилҳои нави истиқоматӣ супурда шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ёдоварӣ аз ҳолати зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдатро барои хизмати садоқатмандона ба нафъи давлату мардуми Тоҷикистон ва иҷрои сарбаландонаи масъулият вазифадор намуданд, зеро имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани амнияти миллӣ ва таъмини оромию осудагӣ аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави хизматӣ кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат аз шароити мусоид барои фаъолият ва истиқомат баҳравар шуданд.
Ҳамзамон, дар шафати бино иншооти ёрирасон сохта шуда, ҳудуди он чароғон ва сабзкорӣ гаштааст.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хишти ҶДММ «Талант»
26-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талант»-ро ба истифода доданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Муҳаммадӣ Қодирзода дар якҷоягӣ бо бародаронаш сохта шуд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 250 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил намуда, дар он 60 кас бо кор таъмин мешавад.
ҶДММ «Талант» ягона корхонаи истеҳсоли хишт дар кишвар маҳсуб меёбад, ки бо болопӯши даврзананда таъмин аст ва ин имкон медиҳад, ки фаъолияти иншооти саноатӣ қатъи назар аз барфу борон дар чор фасли сол ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат аз ҳисоби имкониятҳои табиӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва татбиқи имтиёзҳо барои намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати ворид кардани таҷҳизоти муосире, ки дар як вақт чанд амалро иҷро мекунад, сабаб шудааст. Аз ҷумла, роботҳо ба фаъолияти мунтазам ва баланд шудани иқтидори истеҳсолии ҶДММ «Талант» мусоидат мекунанд.
Истифодаи се намуди ашёми хом: хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангишт имкон медиҳад, ки маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бо тамғаи «Элок» истеҳсол шавад. Ҳудуди корхонаи хишт 3 гектарро ташкил медиҳад.
Масоҳати камро фаро гирифтани ҳудуди корхона, иқтидори баланди хатҳои технологӣ ва сарфаи қувваи барқ аз бартариҳои дигари технологияи ин корхонаи нави саноатӣ маҳсуб меёбад. Бо афзалият ба таҷрибаи муосир, бунёди иншооти саноатӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар талаботи бозорро бо маҳсулоти босифати ватанӣ қонеъ мегардонад.
Барои таъмини эҳтиёҷи корхона аз чуқурии 190 метр об бароварда шуд.
Ҳоло дар кишвар 160 корхонаи истеҳсолкунандаи хишти пухта мавҷуд аст.
Ҳамзамон, ҳамин рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои асосии корхона муаррифӣ гардид, ки он аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Иншооти нав дар шафати роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ сохта шуда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва хобгоҳ аст, ки дар он 20 кас бо кор таъмин мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон ва масъулони дахлдори соҳа таъкид сохтанд, ки корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонӣ бояд бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
