ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «БОКС»
Дар ин филворд насаби чемпионҳои собиқ ва феълии ҷаҳон оид ба бокси касбӣ (дар фарзияҳои мухталиф) нуҳуфтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. ШОКИР
ҶАВОБИ МУАММОИ «САМАРҚАНД»:
Аз чап ба рост:
1. Самарқанд 6. Гурҷистон 8. Аслан 11. Камп 12. Нина 13. Амад 15. Кофӣ
16. Даҳон 19. Марз 20. Онон 21. Аккордеон.
Аз боло ба поён:
2. Амур 3. Арҷосп 4. Қасдан 5. Неон 7. Акмал 8. Амрад 9. Нишон 10. Матин 14. Дарз 15. Коно 17. Парк 18. Лоло
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
BYD – ШИРКАТИ ПЕШСАФИ ЧИН
Тавре ҳамагон огаҳем, тайи солҳои охир дар олам электромобилҳои истеҳсоли Чин харидорони зиёд пайдо кардаанд. Дар робита ба ин, сомонаи auto.prc.today таҳлил кардааст, ки худи чиниҳо дар хариди кадом электромобилҳои мамлакаташон авлавият медиҳанд.
Зикр мегардад, ки чиниҳо беш аз ҳама электромобилҳои ширкати BYD-ро мехаранд. Аз ҷумла, моҳи апрели соли равон ширкати мазкур 380 ҳазору 089-то автомобил фурӯхтааст, ки назар ба соли гузашта 21,3 дарсад зиёд мебошад.
Дар ҷойи дуюму сеюм ширкатҳои Geely (234 ҳазору 112, 53 дарсад зиёд) ва Chery Group (200 ҳазору 760, 10,3 дарсад зиёд) қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол таъкид мешавад, ки айни ҳол электромобилҳои ширкатҳои Xiaopeng (XPeng), Leapmotor (Lingxiang) ва Avatr бештар маъруфият пайдо мекунанд.
Таҳияи Ш. ШАФОАТИЛЛО
ИН АҶИБ АСТ
«БАРОДАР»-И ОБӢ
Далфин калимаи юнонӣ буда, маънои «бародар»-ро дорад. Дар уқёнусу баҳрҳо 70 навъи ин ҷонвари қарин бо инсон мавҷуд аст.
Суръати ҳаракати он ба ҳисоби миёна дар як соат то 50 километрро ташкил дода, барои нафас гирифтан ҳар як-ду дақиқа рӯйи об мебарояд.
Таъкид мегардад, ки далфин садоро на танҳо бо гӯш мешунавад, балки бо баданаш ҳис мекунад.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОБО ВА НАБЕРА
Яке аз дигаре пурсид:
– Фалониро шоир мегӯянд, оё ин рост аст?
– Бале, рост. Ӯ набераи фалон шоири машҳур аст. Аммо байни онҳо фарқият калон.
– Чӣ хел?
– Одамон ба бобояш пул медоданд, то ӯ шеърҳояшро хонаду онҳо ҳаловат баранд. Наберааш бошад, баръакс, ба одамон пул медиҳад, то тоқат карда, шеърҳояшро гӯш кунанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
ҶЕК ЛОНДОН
Аз «муаллифи афсонаҳо дар бораи саг» то шуҳрати ҷаҳонгир
Ҷек Лондонро аксарият ҳамчун ҳикоянавис ё журналисти ҳарбӣ хуб мешиносанд. Хоса ҳаводорони асарҳои саргузаштии ӯ ҳанӯз ҳам хеле зиёданд. Вале кам касоне медонанд, ки мунаққидони замонаш ҳамеша барои мавқеъ пайдо накардани ӯ миёни аҳли зиё талош кардаву муваффақ мешуданд. Ҳатто ӯро таҳқиромез «муаллифи афсонаҳо дар бораи саг» ном мебурдаанд. Вале, ба қавле «сад задани сӯзангару як задани оҳангар», баъди бо беш аз 80 забони дунё чоп шудани яке аз романҳои машҳураш «Фарёди гузаштагон» («Зов предков») ному насаби ӯро якбора оламгир мекунад.
Бовар нокарданист, вале далел аст, ки Ҷек Лондон бо заҳмати нависандагияш дар замони худ 1 миллион доллари ИМА даромад ёфтааст, ки ин миёни тамоми адибони ҷаҳони то замони ӯ дастоварди беназир маҳсуб меёбад.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ВАРЗИШГАРОНИ МУВАФФАҚИ ОЛАМ
ЕЛЕНА ИСИНБАЕВА
Елена Исинбаева, варзишгари Россия, дар намуди варзиши ҷаҳидан ба баландӣ бо хода яке аз муваффақтаринҳо ба ҳисоб меравад. Ӯ ду карат чемпиони олимпӣ (2004,2008) буда, ҳафт карат чемпиони ҷаҳон ва қаҳрамони Аврупо низ мебошад.
22-юми июли соли 2005 дар мусобиқае, ки дар Лондон баргузор гардид, Елена бори аввал дар таърихи варзиши ҷаҳидан бо хода миёни занон баландии панҷ метрро фатҳ намуд. Елена Исинбаева 18-уми августи соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин баландии 5,05 метрро ҷаҳида, рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Дар маҷмуъ, ӯ тули фаъолияти варзишиаш 28 рекорди ҷаҳонӣ мегузорад.
Елена солҳои 2007 ва 2009, тибқи фарзияи Laureus World Sports Awards, беҳтарин варзишгари сайёра эътироф шудааст.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
БОЗЁФТИ СКЕЛЕТИ 4000-СОЛАИ МОДАРУ КӮДАК
Тибқи иттилои сомонаи kratko-news.com, дар натиҷаи ҳафриёт бостоншиносони Чин аз зери харобаҳои Помпеяи Шарқ (ҳудуди ҳозираи Чин) скелети модареро, ки кӯшидааст, кӯдакашро аз оқибати фалокатбори заминларза ҳифз бикунад, пайдо намуданд.
Тавре аз скелети пайдошуда мушоҳида мегардад, зан бо дастони худ кӯдакашро, ки ба гумони ғолиб писарбача аст, дар оғӯш гирифтааст.
Чуноне гуфта мешавад, соли 2000-ум то эраи мо дар Чин заминларзаи шадиде ба амал омад, ки боиси обхезиҳои зиёд гардид. Ин ҳодисаро дар таърих, баъзан, ҳамчун «Помпеяи чинӣ» ном мебаранд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
«ОХИРИН ДИДОР»
Ин тасвир на танҳо як акс, балки саҳифаи охирини достони муҳаббатест, ки ҳафт даҳсола идома дошт. Дар он Дерек ва Маргарет ду ҳамсари содиқе, ки аз синни ҷавонӣ то охирин нафас дар канори ҳам буданд, бо зиндагӣ падруд мегӯянд.
Соли 2021, баъд аз солиёни зиёди зиндагӣ, ҳар ду гирифтори бемории COVID-19 мешаванд ва дар бемористон онҳоро дар ҳуҷраҳои алоҳида бистарӣ мекунанд. Мутаассифона, сарфи назар аз муолиҷаҳои бардавом, аҳволи онҳо бадтар мегардад. Вақте табибон мефаҳманд, ки Маргарет рӯзҳои охирини умрашро паси сар мекунад, тасмим мегиранд, онҳоро ба як ҳуҷра биоваранд. Онҳо аз дидани ҳам ашк рехта, дастони якдигарро сахт мефишоранд. Ин лаҳзаи охирини дидор буд... Дерек 31-уми январ аз олам мегузараду Маргарет пас аз се рӯз.
Ин акси охирини онҳост. Суратгире, ки ин лаҳзаҳоро мегирад, зери он чунин навиштааст: «Муҳаббатро метавон гуфт, навишт, суруд... Дар ҳамин ҳол, баъзан, як акс ҳамаи чизро ифшо мекунад».
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
БОНУИ ДОРОТАРИНИ ОЛАМ КИСТ?
Соли равон маҷаллаи молиявию иқтисодии Forbes (ИМA) Элис Уолтони амрикоиро сарватмандтарин бонуи олам эълом кард.
Тавре сомонаи маҷалла иттилоъ медиҳад, дороии ягона духтари муассиси шабакаи мағозаҳои Walmart ва Sam's Club Сэм Уолтон, ки 11 дарсади саҳмияҳои ширкат дар ихтиёри ӯст, 101 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Таҳияи Ш. ШОКИР
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БЕРНАРД ШОУ
Драматурги ҷавони ҳавобаланде, ки асари тозаэҷодашро барои наздикони хонавода мехонд, аз Бернард пурсид:
– Шумо дар бораи ба намоиш гузоштани драмаи ман чӣ андеша доред?
– Мехоҳам ба зудӣ дар бузургтарин толор намоиш дода шавад.
Падари сарватманд, ки мизбони маҳфил буд, дасти Бернардро фишурд ва аз номи писараш миннатдорӣ кард.
– Ҷойи миннатдорӣ нест, – гуфт Бернард Шоу, – мақсади ман ин аст, ки бигузор мардум намоишҳои хому хасакиро тамошо карда, ба қадри асарҳои ҳақиқӣ тавре ки лозим аст, расанд.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ГЕНДЕЛ
Операи машҳури Гендел бо номи «Риналдо» муддати тулонӣ, ба қавле, чанг гирифта хоб буд, зеро худи ӯ аз тангдастӣ тавони чоп кардан надошт. Аз қазо, вақте як сарватманд операи ӯро нашр кард, аз фурӯш даромаде дид, ки дар коғаз намеғунҷад. Ба муаллифи бечора бошад, чун бар ивази «Шоҳнома» ба ҳаким Фирдавсӣ ҳамагӣ чанд тангаи камарзиш дод. Гендел, ки фоидаи воқеии асарашро медонист, сари ҷаҳл ба сарватманд дод зад:
– Гӯш кун, барои тантанаи адолат, ин дафъа ту опера менависиву ман чоп мекунам.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
БОНУИ ДОРОТАРИНИ ОЛАМ КИСТ?
Соли равон маҷаллаи молиявию иқтисодии Forbes (ИМA) Элис Уолтони амрикоиро сарватмандтарин бонуи олам эълом кард.
Тавре сомонаи маҷалла иттилоъ медиҳад, дороии ягона духтари муассиси шабакаи мағозаҳои Walmart ва Sam's Club Сэм Уолтон, ки 11 дарсади саҳмияҳои ширкат дар ихтиёри ӯст, 101 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Таҳияи Ш. ШОКИР
ЧӢ ГУНА МУҲИТ ОДАМОНРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД?
Духтари ҷавон ба назди падараш омада, бо алам гуфт:
– Ман аз ҳама чиз хаста шудаам, зеро дар ҳаёт пайваста душворӣ мекашам... Намедонам чӣ кор кунам.
Падар дар ҷавоб духтарашро ба ошпазхона бурда, ба болои плита се деги об, ки дар ҳар яки он сабзӣ, тухм ва қаҳва буд, гузошт.
Баъди чанд дақиқа плитаро хомӯш карда, аз духтараш пурсид:
– Ба маҳсулот чӣ шуд?
– Сабзӣ ва тухм ҷӯшида, қаҳва об гардид.
– Дуруст, – ҷавоб дод падар, – аммо, агар амиқтар назар кунем, мебинем, ки сабзӣ, ки сахт буд, ҳангоми ҷӯшидан нарм гашт. Баръакс, тухми моеъ сахт шуд. Дар зоҳир як хел монданд, вале зери таъсири оби ҷӯшон дигар гаштанд. Бо одамон низ ҳамин ҳолат рух медиҳад. Одамони зоҳиран қавӣ метавонанд нотавон, заиф шаванд, дар ҳоле ки одамони нозук ва нарм қавӣ гарданд...
– Аммо дар бораи қаҳва чӣ метавон гуфт? – бо тааҷҷуб пурсид духтар.
– Инаш аз ҳама ҷолиб аст. Қаҳва обро комилан тағйир дод, яъне онро ба нӯшокии аҷиби хушбӯй табдил кард. Пас, метавон хулоса кард: ашхосе ҳастанд, ки онҳоро муҳит тағйир дода наметавонад, балки онҳо худашон вазъиятро иваз ва ба чизи нав табдил медиҳанд, яъне аз муҳит барои хеш суд меоваранд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ДАҒАЛТАРИН ПЕШХИЗМАТ
Соли 1980 дағалтарин пешхизмати ҷаҳон Эдсел Форд Фунг дар тарабхонаи Сэм Вуи Сан-Франсиско кор мекард. Фунг муштариёнро бо ибораи “Шин ва хомӯш шав!” ва ҳангоми хизмат онҳоро таҳқир ва интихоби хӯрокашонро танқид мекард.
Одамоне, ки Фунгро мешинохтанд, мегуфтанд, ки ӯ руҳан солим нест, аммо дар назар шӯхтабиат менамуд. Вале маҳз ҳамин хислат ва амалҳои ӯ, ки журналистон аз он ҳангома барангехта буданд, сайёҳони зиёди дохиливу хориҷиро ба тарабхона ҷалб менамуд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
7. Ғори Мамонт (ИМА)
Дар боғи миллии ғори Мамонт, воқеъ дар иёлати Кентукки, системаи ғорҳои дарозтарин дар ҷаҳон мавҷуданд. Қисмати кашфшудаи он 676 километр тул кашида, дорои 225 гузаргоҳи зеризаминӣ, тақрибан 20 толори калон ва зиёда аз 20 чоҳи чуқур мебошад. Дар дохили он дарёҳои зеризаминӣ, нақбҳо, лабиринтҳо ва сохторҳои зебое мавҷуданд, ки давоми миллионҳо сол ба вуҷуд омадаанд.
Шумо метавонед, ки ба ғори Мамонт ҳамчун як қисме аз экскурсияҳои сершумор ташриф оред. Дар он ҷо ба меҳмонон имконоти гуногун пешниҳод карда мешавад. Давомнокии тамошо аз 1 то 6 соат аст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ПАНД
Ҳаёт мисли оина аст: вақте ки ту ба он механдӣ, он низ ба ту механдад.
***
Хушбахтӣ на дар мансаб, балки дар қаноат ва руҳи озод аст.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ПСИХЕЯ
Астероиде, ки метавонад ҳар сокини Заминро миллиардер кунад
Тавре муҳаққиқони Идораи миллии ИМА оид ба аэронавтика ва таҳқиқи фазои кайҳонӣ (NASA) арз медоранд, ҷирми осмонии бо номи Психея 16 метавонад бо захираҳои худ, ки тақрибан 700 квинтиллион долларро ташкил медиҳад, ҳар сокини Заминро миллиардер кунад.
Агар ин сарват байни тамоми мардум тақсим шавад, ба ҳар кадоми онҳо 87,5 миллиард долларӣ мерасад.
Бино ба гуфтаи онҳо, астероид, асосан, аз металлҳои қиматбаҳо – тилло, платина, никел – иборат аст.
Астероидро ҳанӯз соли 1852 ситорашиноси итолиёвӣ Аннибале Де Гаспарис кашф карда, онро ба хотири олиҳаи Юнони Қадим Психея (аз юнонӣ маънояш “руҳ”, “равон”) ном гузошт.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
БАЛАНДТАРИН ЧАРХАИ ДУНЁ
Баландтарин чархаи тамошои ҷаҳон бо номи «Чашми Дубай» дар ҷазираи сунъии шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб – Блувотерс қомат меафрозад. Тавре сомонаи dubaitours.ru хабар медиҳад, баландии он 250 метрро ташкил медиҳад.
Чарха аз 48 кабина иборат буда, дар худ метавонад 1750 тамошобинро гунҷонад. Зикр мегардад, ки гардиши пурраи он 38 дақиқаро дар бар мегирад.
Сохтмони он моҳи майи соли 2015 оғоз ёфта, ифтитоҳаш 21-уми октябри соли 2021 доир шуд. Таъкид мешавад, ки дар бунёди чархаи «Чашми Дубай» беҳтарин мутахассисони даҳ мамлакат, аз ҷумла АМА, Корея, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Нидерланд, саҳм гузоштаанд.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
АСПАКБОЗӢ
Аспакбозӣ як намуди варзишест, ки ҳаракатҳои савора дар болои асп баҳо дода мешавад. Фақат асп ҳақиқӣ нест, балки чӯбист.
Ба ин намуди варзиш, ки ба барномаи таълимии мактабҳои Финляндия шомил аст, асосан, духтарони аз 10 то 17-сола иштирок мекунанд. Вале дӯстдорони калонсол низ ҳастанд.
Дар рафти намоиш иштирокчӣ ба майдон баромада, унсурҳои идора кардани асп ва ҷаҳиданро нишон медиҳад. Дар бахши ҷаҳиш иштирокчӣ бояд монеаҳоро, ки шумораашон 5-то буда, баландиашон гуногунанд (аз 20 то 150 сантиметр), паси сар кунад.
Ин бозии кӯдакона на танҳо дар Финляндия, балки Нидерланд, ИМА, Шведсия, Россия, Дания, Британияи Кабир ва Австралия низ мавриди эътирофи умум қарор дорад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
Калимаи дарозтарин дар забони англисӣ дорои 189 819 ҳарф буда, маънои он сафедаи титин (сафедаи азиме, ки дар организми зинда маълум аст ва дар мушакҳои рахдор мавҷуд аст) мебошад.
* * *
Барги рустании азимҷуссаи Кокколоба 2,5 метр буда, ба ҳисоби миёна баландии он ба 15 метр мерасад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Тезтарин ҳет-трик дар 4 топ-чемпионатҳои Аврупо
1. Балде Кейта, футболбози сенегалии бошгоҳи «Латсио» дар мавсими солҳои 2016-2017 дар 5 дақиқа ба дарвозаи «Палермо» се тӯб ворид кард, ки ҳамчун зудтарин ҳет-трик дар Серия А (Италия) сабт гардид.
2. Мавсими гузашта ҳамлагари бошгоҳи «Атлетико» Александер Сёрлоти норвегӣ ба дарвозаи «Реал Сосйедад» дар 3 дақиқаву 57 сония се гол зад, ки тезтарин ҳет-трик дар Ла Лигаи Испания (асри XXI) дониста шуд.
(идома дорад)
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
