ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

29 сентябр 2025, Душанбе
14


Идомаи сафари корӣ
Ба истифода додани корхонаи гач ва масолеҳи сохтмонӣ
26-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти боз як корхонаи саноатӣ – ҶДММ «Зиннат Гач» оғоз бахшиданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 35- умин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ бо роҳбарии Абдулҳафиз Раҳимов сохта шуда, собит мекунад, ки соҳибкорон дастгириҳои давлат аз бахши хусусиро хуб истифода мекунанд.
Дар корхона, бо истифода аз конҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Ваҳдат, гачкартон, ғуррагачҳо, ранг, намудҳои ширеши тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовар ва дигар молҳои ивазкунандаи воридот, мутобиқ ба талаботи стандартҳои дохилу хориҷ, истеҳсол мешаванд. Иттилоъ дода шуд, ки 75 дарсади ашёи хом аз дохили кишвар дастрас мегардад.
ҶДММ «Зиннат Гач» бо тавлиди 14 номгӯи маҳсулот аз ҷумлаи калонтарин корхонаҳои саноатии шаҳри Ваҳдат аст.
Шаклу андозаҳои гачкартон гуногун буда, ба гармӣ ва намнокӣ тобовар мебошад. Ин маҳсулот дар таъмиру ороиши девор ва сақфи иншооти гуногун васеъ истифода мегардад.
Хатҳои технологӣ насли нави истеҳсоли кишварҳои пешрафта буда, иқтидори лоиҳавӣ дар як сол як миллион гачкартон ва 50 тонна маҳсулоти дигари сохтмониро ташкил менамояд.
Мутахассисон ашёи хомро қабл аз коркард бо истифода аз муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот санҷида, сипас барои истеҳсолот пешниҳод менамоянд. Ин раванд эътимод ба сифат ва рақобатпазир будани маҳсулотро бештар мекунад.
Дар шароите, ки сохтмон дар Тоҷикистон босуръат рушд мекунад, бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ аҳамияти хеле бузург дорад.
Пас аз ба фаъолият оғоз намудани иншоот, 40 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, ин шумора ояндаи наздик ба 100 кас хоҳад расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми гурӯҳи соҳибкоронро дар самти бунёди иншооти нави саноатӣ, ки дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, нақш мегузорад, муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ин тадбир ба истифодаи васеи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, коҳиши вобастагӣ аз воридот, муҳайёсозии ҷойҳои нави кор, рушди иқтисод ва дар маҷмуъ, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаҳои воқеӣ мегузорад.

Ифтитоҳи корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон»
Сеюмин иншооти саноатӣ – корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон» дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Корхона дар заминаи имтиёзу сабукиҳои давлат ба соҳибкорон бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд ёфтааст. Хатҳои технологӣ аз хориҷи кишвар ворид гашта, маҳсулоти он бо шаклу андозаҳои гуногун ва мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ истеҳсол мешавад. Дар марҳалаи аввал дар ин ҷо 65 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, тасмим аст, ки ин шумора пас аз фаъолияти шабонарӯзии корхона ба 150 кас мерасад. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як моҳ истеҳсоли 6 миллиону 240 ҳазор ва дар як сол 75 миллион донаро ташкил медиҳад.
Ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид гардида, дар анборҳо бо риояи талаботи санитарӣ нигаҳдорӣ мешавад. Соҳибкорон ният доранд, ки ояндаи наздик истеҳсоли қисми зиёди ашёи хоми ин корхонаро дар дохили кишвар ба роҳ монанд.
Бехатарӣ ва сифати маҳсулот пеш аз коркард дар озмоишгоҳ бо истифода аз таҷҳизоти муосир санҷида мешавад. Маҳсулоти ниҳоӣ ба бозору мағозаҳо тавассути нақлиёти махсуси ширкат дастрас мегардад.
Се иншооти саноатӣ: ҶДММ «Талант», ҶДММ «Зиннат Гач» ва корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон», ки дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтанд, ба афзоиши иқтидори истеҳсоли ватанӣ мусоидат менамоянд. Дар се корхона ҳоло 165 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, имкони афзун шудани ин шумора вуҷуд дорад.

Боздид аз хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши
маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти такрорӣ
26-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар деҳоти Раҷаб Исмоилов бо нашъунамои дарахтони хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ шинос шуданд.
Ин хоҷагии ниҳолпарварӣ дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади амалишавии Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои то давраи соли 2040 бунёд шуд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати замини хоҷагии ниҳолпарварӣ 5 гектар буда, дар он беш аз 25 ҳазор бех ниҳолу дарахтони гуногуни ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ парвариш мешавад.
Ҳоло дар ин ҷо парвариши намудҳои нодири ниҳолу дарахтон, аз ҷумла секвойя, можжевелник, берёза, павловния, арча, магнолия, шамшод, дуб ва санавбар, дар маҷмуъ 20 навъ, мутобиқ ба иқлим бо усулҳои муосири инноватисионӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як гӯшаи хоҷагии ниҳолпарварӣ барои беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва тарғибу ташвиқи ниҳолшинонӣ як ниҳоли нодири ороишии секвойя шинонданд.
Зимни суҳбат бо мутахассисон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани навъҳои дарахтони нодири ороишӣ ва таъмини шаҳру ноҳияҳо бо ин навъи дарахтон тавсияҳои муфид доданд.
Баъди шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон, дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои нону хӯрокҳои миллӣ боздид намуданд. Мувофиқи маълумотҳо, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Ваҳдат 19 ҳазору 470 гектар замини кишт мавҷуд аст, ки 6 ҳазору 460 гектари онро боғу токзор ташкил медиҳад.
Кишоварзони шаҳр сабзавоту полизӣ ва меваи тару тоза, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, тарбузу харбуза, себу ангурро бо шаклу услуби зебо ба намоиш гузоштанд. Ҳамаи ин самараи заҳмати пурганҷи деҳқонон буда, аз фаровонӣ ва файзу баракат дар кишвари биҳиштосоямон дарак медиҳад.
Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти кишти такрорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Барот Абдураҳимов ва Абдурауф Раҷабов дидан намуданд.
Хоҷагии деҳқонии Барот Абдураҳимов дар майдони 1 гектар кишти такрории 70 садяк ғалла ва 30 садяк картошка гузарондааст.
Хоҷагии деҳқонии Абдурауф Раҷабов дар ихтиёри худ 9 гектар замин дорад, ҳоло дар 6 гектари он кишти такрорӣ гузаронда шудааст.
Ҳоло хоҷагидорон, пас аз ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ, кишти такрориро ба роҳ монда, ҳар қитъа замини корамро самараноку оқилона истифода менамоянд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Ваҳдат дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар зиёда аз 6 ҳазору 800 гектар, аз ҷумла дар 3 ҳазору 203 гектар ғалла, 22 гектар картошка, 6 гектар полизӣ, 1143 гектар сабзавот ва дигар зироат кишти такрорӣ гузаронда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо вазъи нашъунамои дарахтон, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва рафти кишти такрорӣ ба заҳмату меҳнати деҳқонон баҳои баланд дода, барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дастуру тавсияҳо доданд.

Санаи нашр: 29.09.2025 №: 187