САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

30 сентябр 2025, Сешанбе
21


30-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд.
Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дар ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, маҳсулоти консервшуда, полизӣ ва ғалладонагию лӯбиёиҳо, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ ва такрорӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид, замини ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 10 ҳазору 214 гектар расонданд. Бартарӣ ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладонагӣ, лӯбиёиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полизӣ, ки иқлими ноҳия барои кишту парвариши онҳо бештар мусоид мебошад, дода шудааст. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияи Файзобод афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1-уми сентябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 7 ҳазору 116 тонна картошка, 7 ҳазору 39 тонна ғалладонагӣ, 7 ҳазору 646 тонна меваҷот, 6 ҳазору 97 тонна сабзавот, 155 тонна ангур, 9 тонна полизӣ, 10 ҳазору 755 тонна шир, 2 ҳазору 156 тонна гӯшт, 53 тонна асал, 2,8 тонна моҳӣ ва 48 миллиону 375 ҳазор дона тухм истеҳсол гашт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаланфури булғорӣ ва лӯбиёиҳо аз кишти такрорӣ дар майдони 240 гектар идома дорад. Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони заҳматқарини ноҳия дар самти истифодаи замин аст. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумлаи анвои гуногуни нон, фатир ва кулча ҳам дар шакли густурда, бозгӯи заҳмати аҳлона аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи маҳсулот барои давраи тирамоҳу зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор ва дар муҳлати муайянгардида бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа гузарондани кишти тирамоҳӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ
30-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.
Нахуст, бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта шуд.
Майдони Парчами давлатӣ ба таври муосир ва бо унсурҳои меъмории миллӣ бунёд ёфт. Иншооти мазкур бо ҳадафи таҳкими худшиносӣ ва боло бурдани эҳсоси ватандӯстии сокинон эъмор гардида, рамзи ваҳдату ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 55 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноияш 7 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар майдони муқаддасоти миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи пайкараи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд. Баландии муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ 7 метр ва зерпояи он 5 метр мебошад. Иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ноҳияи Файзобод ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати 46 садяк бунёд гашт.
Тадбири мазкур дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ гардид. Қомат афрохтани муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Файзобод ба майдони муқаддасоти миллӣ ҳусни дигар зам намуда, шаҳодати тарғиб ва ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги пурифтихори тоҷикон аст.
Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди иншооти навро дар маркази ноҳия дар самти қадрдонии шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Аз ин пас майдони муқаддасоти миллӣ ба яке аз маконҳои асосии баргузории ҷашну чорабиниҳои давлатию миллӣ мубаддал гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинон имконоти мусоид фароҳам мешавад. Ба масъалаи сабзазор ва гулпӯшнамоии атрофи иншооти тозабунёд таваҷҷуҳ зоҳир гашта, ҳудуди он бо гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию сояафкан ва фаввораҳои зебо оро ёфтааст.
Бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозӣ, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атрофи майдони Парчами давлатӣ ва назди пайкараи Исмоили Сомонӣ сафолакпӯш ва чароғон шудааст, ки шабонгоҳ хеле зебову назаррабо мебошад.

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Файзобод
30-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои мазкур бо дастгирӣ аз ташаббусҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истиқболи сазовор аз Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, дар он барои кору фаъолият шароити мусоид фароҳам омадааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод 3 ҳазору 690 нафар аъзо дошта, аз он 960 касашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия 49 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият менамояд. Бино сеошёна буда, дар масоҳати 375 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ аз ҷониби аъзои ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Дар бино китобхона бо фарогирии асарҳои Роҳбари давлат ва дигар китобу асарҳои мондагори олимону адибони бузурги классику муосири тоҷик, ҳамзамон, 6 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ ва маҷлисгоҳ мавҷуд аст. Ҳуҷраҳои корӣ бо компютер ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад, ки минбаъд кормандон бо азму иродаи устувор дар амалисозии ҳадафу барномаҳои ҳизбӣ софдилона кору фаъолият намоянд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод суҳбат ороста, онҳоро ба иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз давлату миллат ҳидоят намуданд.
Ифтитоҳи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ
30-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқавориро мавриди истифода қарор доданд.
Бино сеошёна буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав, 14 мутахассис дар ҳуҷраҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз кору фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Корҳои сохтмонӣ дар бинои Марказ соли 2023 оғоз ёфта, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Усмон-Сохтмон” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд гардидааст.
Кормандон ва мутахассисони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар барои фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Бунёди бинои муосири хизматрасонӣ ва ташкили озмоишгоҳи замонавӣ имконият фароҳам месозад, ки таъмини бехатарии озуқаворӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи солимии ҷомеа таъмин гардад. Фаъолияти ҳамарӯзаи мутахассисони Марказ дар чор самт – фитосанитарӣ, қонунгузорӣ, бойторӣ ва карантин равона гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити кор дар Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ, таваҷҷуҳи масъулонро ба таъмини амнияти озуқаворӣ, назорати доимӣ ва бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ, ки шарти муҳими солимии мардум ба ҳисоб меравад, ҷалб намуда, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар оянда ба мутахассисони соҳа маслиҳатҳои судманд доданд.
Иншооти навбунёд дар доираи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни пурифтихори миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баҳри таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ бунёд гардид. Саҳни идораи Марказ бо гулу буттаҳои гуногуни мавсимӣ зебову сабзкорӣ шудааст.

Санаи нашр: 30.09.2025 №: 188