САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ

01 октябр 2025, Чоршанбе
34


Ифтитоҳи бинои шуъбаи маориф
30-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои шуъбаи маорифи ноҳияро, ки баҳри истиқболи сазовор аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфт, мавриди истифода қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки 20-уми сентябри соли 2019 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳия санги асос гузошта буданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардид. Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод сеошёна буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон мебошад. Маҷлисгоҳ 100 ҷойи нишаст дошта, дар он барои баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам омадааст. Атрофи иншооти тозабунёд чароғон ва сабзкорӣ шудааст, ки ба маркази ноҳия зебоии дучанд зам мекунад. Бунёди бинои нави шуъбаи маориф барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам овард.
Ин иқдом барои аҳли маориф имкон медиҳад, ки фаъолияташонро мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монда, барои рушди соҳа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи хонандагон саҳм гузоранд. Ҳоло дар ноҳияи Файзобод 68 муассисаи таълимӣ, як гимназияи хусусӣ ва 4 кӯдакистон бо фарогирии зиёда аз 30 ҳазор хонанда фаъолият доранд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити иншооти нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон ва масъулони соҳаи маориф барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Қариб 50 дарсади кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзободро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 22 нафар тибқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, ки 12 нафараш духтарон мебошанд. Дар маҷмуъ, давоми солҳои охир 305 духтари ноҳия тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Шаҳтакиён ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии №6-уми деҳаи Шаҳтакиён, ки «Баҳор» ном гирифтааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат бо мусоидати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфт. Муассиса аз 5 ҳуҷра ва ошхона иборат буда, бо шароити мусоид таъмин мебошад ва тибқи лоиҳа, барои 50 кӯдак пешбинӣ мегардад. Ороиши бино ва саҳну майдони бозӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, рахти хоб, мизу курсӣ ва аёнияту ашёи хониш мувофиқ ба завқи кӯдакону наврасон фароҳам гардидааст. КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои маишӣ, таваққуфгоҳ, анбор ва иншооти ёрирасон мебошад. Сокинони ноҳияи Файзобод бо назардошти шароити фароҳамшуда ва таъмини ҷойҳои кор ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.
Собиқадори соҳаи маориф Носир Саиди 80-сола, ки умри пурбаракати худро ба омӯзгории забони англисӣ бахшида, имрӯз низ дар шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият дорад, намунаи садоқат ба касб ва фидокорӣ мебошад.
Зимни суҳбати самимӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Носир Саид, барои хизмати арзандааш дар таълиму тарбияи насли наврас изҳори сипос карданд.

Муаррифии лоиҳаи банақшагирии Ҷамоати шаҳраки Вашгирд
30-юми сентябр дар ноҳияи Файзобод Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи муфассали банақшагирии Ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуданд.
Дар асоси нақшаи генералӣ, шаҳраки нав дар масоҳати 163 гектар тарҳрезӣ шуда, барои аҳолии зиёда аз 90 ҳазор кас пешбинӣ мешавад. Лоиҳа фарогири бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 5 муассисаи таълимии ҳар кадом бо 1200 ҷойи нишаст, 3 кӯдакистон барои 600 кӯдак, биноҳои маъмурии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла прокуратура, суд, шуъбаҳои кумитаи амнияти миллӣ, ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳо мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон, татбиқи лоиҳа дар ду марҳала сурат мегирад. Дар қисми ҷанубӣ иншооти маъмурӣ ва хонаҳои аз 6 то 10-ошёна, дар қисмати дигари шаҳрак биноҳои аз 9 то 14-ошёна бунёд хоҳанд шуд. Ҳамзамон, таҷдиди маркази маъмурии Ҷамоати шаҳраки Вашгирд низ дар назар дошта шудааст. Зимни таҳияи нақша, ба санъати меъмории миллӣ ва истифодаи масолеҳи баландсифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гашт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми шиносоӣ бо тарҳҳо, риояи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ва истифодаи масолеҳи босифатро таъкид сохта, масъулонро барои назорати пурраи ҷараёни сохтмон муваззаф карданд. Ҳамзамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст ва кӯдакистон барои 240 кӯдак дар деҳаи Шерамони деҳоти Меҳробод санги асос гузоштанд. Муассисаи таълимӣ ва кӯдакистон аз ҷониби Бобоҷон Каримзода, ки собиқадори милитсияи тоҷик аст ва писари соҳибкораш Манучеҳр Каримзода бо тарҳи замонавӣ бунёд мегардад.
Тавре иттилоъ доданд, сохтмони як муассисаи таҳсилоти томактабии дигар барои 400 кӯдак аз ҷониби онҳо дар шаҳри Душанбе низ ҳоло идома дорад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падари саховатпеша ва фарзанди ташаббускораш барои иҷрои чунин амалҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуда, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳо доданд. Бо татбиқи ин лоиҳаҳои муҳим, симои ноҳияи Файзобод боз ҳам зеботар гашта, шароити зиндагӣ ва таҳсилу тарбияи кӯдакон беҳтар мешавад.

Ифтитоҳи маркази ташхису табобат
30-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави маркази ташхису табобатро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои асосии маркази ташхису табобат дар назди беморхонаи марказии ноҳия дар масоҳати 3 ҳазору 375 метри мураббаъ бунёд гардида, аз се ошёна ва 214 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 226 кат иборат аст. Дар марказ, ҳамчунин, шуъбаҳои қабул ва ташхис, ёрии фаврии тиббӣ, ҷарроҳӣ, шуъбаи таваллуд бо 5 кат барои модар ва кӯдак, шуъбаи табобати интенсивӣ барои кӯдакон бо 6 кат, барои калонсолон бо 8 кат ва ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншооти муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро ба истиқболи сазовори Ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Дар иншооти тандурустӣ 124 дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дастрас гардид, ки дастгоҳи тиббии муосир, ки бе буриши бадан барои амалиёти ҷарроҳӣ пешбинӣ шудааст, катҳои махсус барои беморон, таҷҳизоти даруннигарии видеоӣ, ташхиси дилу рагҳо, бронхоскоп, рентгени рақамӣ, видеоэндоскоп ва видеобронхоскопи сайёр аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар маркази нави ташхису табобат 30 мутахассиси дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунад, ки аксари онҳо аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ мебошад. Дар ошёнаҳои дигари маркази ташхис шуъбаҳо бо катҳои муолиҷавӣ ва хизматрасониҳои зарурӣ барои фаъолияти самарабахши табибон ва истифодаи беморон муҳайёст. Ҳамчунин, дар иншооти тандурустӣ гӯшаи гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки дар он бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши табиати Тоҷикистон бо бренди миллии истеҳсоли ватанӣ дар шакли хушк ва нӯшобаҳо маводи шифобахш омода мешавад.
Маркази ташхису табобат дорои маҷлисгоҳ бо 120 курсӣ буда, дар ҳудуди иншоот таваққуфгоҳ низ сохта шуд. Бинои нави маркази ташхисию табобатӣ бо тарҳи зебои муосир бунёд ёфта, саҳн ва атрофи он бо ниҳолҳои ҳамешасабз сабзу хуррам гардонда шуда, чароғакҳои ороишӣ ба атрофи бино зебоии тоза зам менамояд.
Табибон ва сокинон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста изҳори сипос карданд. Бо фарох гардидани шароити муосир ва сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ, минбаъд сокинони маҳаллӣ метавонанд бе харҷи зиёдатӣ ташхису табобатро дар дохили ноҳия анҷом диҳанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва табибону кормандони маркази тандурустии ноҳия барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Ба истифода додани бинои маркази саломатӣ
30-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод ба таври фосилавӣ бинои нави маркази саломатии деҳаи Сафедхоки ноҳияро ифтитоҳ намуданд.
Бинои навбунёд бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар масоҳати 760 метри мураббаъ бунёд ёфт. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти муосири тандурустӣ дуошёна буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ ва 8 кати хоб мебошад. Дар бинои нав барои 12 мутахассиси маҳаллии соҳа ҷойи кор таъмин гардида, барои ташхису табобати сокинон имконияти васеъ фароҳам аст. Деҳаи Сафедхок дорои 373 хоҷагӣ буда, дар он беш аз 3 ҳазор кас зиндагӣ менамояд. Бунёди маркази муосири тиббӣ барои сокинон туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи Ҷашни пурифтихори миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Маркази тандурустӣ дар деҳаи Сафедхок дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи меъёрҳои соҳа бунёд ёфта, дар он барои ёрии аввалияи тиббӣ, ташхиси ултрасадо, як озмоишгоҳ, муоинаи бемориҳои занона, ҳуҷраи хатна ва ғайра шароити мусоиду муосир фароҳам омадааст.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Чаноро»
30-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод дар деҳаи Хами Савраи деҳоти Ҷавонон аз қитъаи замини помидор дар хоҷагии деҳқонии «Чаноро» дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки майдони хоҷагии деҳқонии «Чаноро» 611 гектарро ташкил дода, имсол саҳмдорони хоҷагӣ, дар баробари дигар зироатҳои кишоварзӣ, дар 4 гектари он помидори гулобии хоси ноҳия ва навъҳои дурагаи серҳосил киштанд. Ҳосилнокии ин навъҳо тибқи хислатномаашон бо назардошти риояи қоидаҳои агротехникӣ аз 500 то 700-сентнерӣ аз ҳар гектар мебошад. Имсол низ чун солҳои қаблӣ дар ин самт саҳмдорони хоҷагӣ пешсаф буда, барои таъмини бозори истеъмолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифат масъуланд. Ҳосили фаровони помидор дар хоҷагӣ заҳмати пайваста ва дилбастагии саҳмдоронро ба замин бозгӯ мекунад.
Зимни суҳбати самимӣ кишоварзон аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар ёдовар шуда, иброз доштанд, ки дар оянда низ барои рушди ин бахши кишоварзӣ фаъолиятро аз рӯйи таҷрибаи андӯхтаашон боз ҳам беҳтар ба роҳ мемонанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва саҳмдорони хоҷагӣ барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, васеъ намудани масоҳати кишт, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, истифодаи тухмиҳои навъҳои серҳосил ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ дастуру тавсияҳо доданд. Иқлими ноҳия барои ба даст овардани ҳосили зиёду босифати навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ мувофиқ буда, имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 355,6 гектар навъҳои серҳосили помидор кишт гардид. Ҳосили ҷамъоваришуда аз ин навъи сабзавоти серталабот ба ҳолати 28-уми сентябри соли равон 5 ҳазору 714 тоннаро ташкил медиҳад.

Боздид аз хоҷагии деҳқонии "Солеҳҷон"
30-юми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бинисумчи деҳоти Чашмасор аз боғи хоҷагии деҳқонии «Солеҳҷон» дидан намуданд.
Майдони хоҷагии деҳқонии «Солеҳҷон» 1 гектар буда, дар шафати он 23 гектар замини чунин боғҳои серҳосил мавҷуд аст. Ҳосили пурбори себҳои “зарринтоб”, “ситораи кӯҳсор” ва ноки «нозанин», ки навъҳои асосии меваҳои боғро дар ин минтақа ташкил медиҳанд, заҳмати садоқатмандонаи боғдорон арзёбӣ гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли гузашта дар ин минтақа аз ҳар гектар боғи себ 25-тоннагӣ ҳосил гирифтаанд. Имсол низ ҷамъоварии ҳосили себ дар хоҷагии деҳқонии «Солеҳҷон» даҳаи аввали моҳи октябр оғоз мегардад ва тибқи таҳлили мутахассисони соҳа, аз ҳар гектари он имкон аст, беш аз 25 тонна ҳосил гиранд. Ҳосил аз ин боғҳо, дар баробари таъмини бозор, дар сардхонаҳо захира мешавад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боғдорон суҳбати самимӣ анҷом дода, барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосил, васеъсозии масоҳати боғ, бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот ва аз ин ҳисоб тақвият бахшидани иқтидори содиротии кишвар маслиҳатҳои муфид доданд.
Мавриди зикр аст, ки иқлими ноҳияи Файзобод барои парвариши себу нок мусоид буда, майдони боғот дар ноҳия ба 6 ҳазору 420 гектар баробар гардидааст. Соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 34 гектар боғи нав бунёд карданд. Ба ҳолати 1-уми сентябр аз ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 7 ҳазору 646 тонна мева ҷамъ овардаанд. Кишоварзон тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат боғҳои меваҳои содиротиро афзун намуда, аз ин ҳисоб ҳосили фаровон ба даст меоранд. Ҳосил аз ин боғҳо, дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ, ба содирот равона мегардад. Бо зиёдшавии майдони боғҳо, дар баробари афзудани ҳаҷми истеҳсоли мева, шумораи ҷойҳои кор низ зиёд шуда, аҳолӣ бо шуғли мавсимӣ ва доимӣ фаро гирифта мешаванд.

Санаи нашр: 01.10.2025 №: 189