САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

02 октябр 2025, Панҷшанбе
19


2-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварданд.
Ифтитоҳи Мактаби президентӣ
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дар деҳаи Дӯстии деҳоти Кангурт Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро, ки аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ – бародарон Шамсулло ва Маҳмадзоҳир Соҳибовҳо бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Аслан, ин муассисаи таълимӣ барои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шуда буд, вале бо назардошти он ки дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб сохта ва муҷаҳҳаз шудааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ дастур доданд, ки он ба Мактаби президентӣ барои деҳоти Кангурт ва Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик табдил дода шавад. Тибқи супориши дигар, ҳамаи омӯзгорону хонандагон бояд тариқи озмун қабул карда шаванд. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар назди Мактаби президентӣ барои 400 хонанда хобгоҳ ва барои 200 кӯдак муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ сохта шаванд.
Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 700 хонанда пешбинӣ мешавад. Бинои таълимӣ сеошёна буда, 27 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 240 ҷойи нишаст, китобхонаи анъанавӣ ва электронии ба хатти интернети баландсуръат пайваст, толору майдонча барои бозиҳои волейболу баскетбол, ошхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон дорад.
Китобхона дорои адабиёти зиёди таълимию бадеӣ буда, аз он омӯзгорон ва ҳам хонандагон метавонанд васеъ истифода баранд. Иншоот ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст ва кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоид, ба ташаккули дониши хонандагон мусоидат менамояд. Синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ низ таъмин аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он ки “маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад”, ҳайати омӯзгоронро ба истифодаи хуби имконоти фароҳамшуда ва ба омода кардани кадрҳои дорои дониши баланд ҳидоят сохтанд.
Фаъолияти таҷҳизоти мутамаркази гармидиҳии иншоот таъсири манфии фасли сармо ба раванди таълимро пешгирӣ менамояд. Дар назди муассиса чоҳҳои зеризаминӣ канда шуда, оби ошомиданӣ дар ҳавзи ғунҷоишаш 50 метри мукааб захира мегардад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки раванди таълим дар муассиса бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд гузарондани машғулиятҳо ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба ҷалб гардидаанд. Ифтитоҳи муассисаи таълимӣ як қадами устувор дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2040 мебошад ва ба тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тавсеаи имкониятҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо ба назар гирифтани афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ тасмим гирифта шудааст, ки роҳандозии тадбирҳо барои ба таҳсил фаро гирифтани 1500 хонанда дар ду баст дар ин муассиса шароит муҳайё гардад. Майдончаи варзиш, ки дар назди иншоот сохта шудааст, воситаи хуби ташаккули тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари хонандагон ба тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ ва боло бурдани завқи онҳо ба варзиш мебошад. Сабзкории ҳудуди иншоот, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда ба ҳусни муассиса ва ҳам деҳа зебоии дигар зам мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи муассисаи замонавии таълимиро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ карда, ба соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланд бародарон Соҳибовҳо барои ин иқдоми наҷиб изҳори сипос намуданд ва ба омӯзгорон барои тарбияи насли ҳушманду доно дастуру тавсияҳо доданд.

Бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ
Ба истифода додани биноҳои иловагӣ дар назди 2 муассисаи таълимӣ, 1 муассисаи тандурустӣ ва хатти оби ошомиданӣ барои 30 ҳазор сокини шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик ба рушди таҳсилот, хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва дастрасии мардум ба оби тоза заминаи мусоид мегузоранд.
Бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо тарҳу сифати хуб сохта шуда, барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони деҳаи Чавроқ бунёд ёфтааст. 10 синфхона барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз ба омӯзиши назариявӣ ва амалии хонандагон нақш мегузорад. Бинои дуюми иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар деҳаи Чашмаи деҳоти Гурдоварон сохта шуда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Дар заминаи рӯ ба беҳбудӣ овардани сатҳи зиндагии мардум ва пайваста зиёд шудани шумораи аҳолӣ, зарурати бунёди бинои иловагии таълимӣ дар ин деҳа ва дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон ба миён омада буд. Ба ин хотир, ба бунёди бинои таълимии иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 тасмим гирифта шуд.
Муассиса бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, ҳарорати синфхонаҳо муътадил нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳар ду бинои иловагӣ маркази ташаккули барвақтии кӯдакон сохта шудааст, ки он пояи асосии рушди зеҳнӣ, равонӣ ва иҷтимоии кӯдакро аз солҳои аввал мегузорад.
Машғулиятҳои махсуси таълимӣ ва омӯзишии кӯдакон бо истифода аз аёниятҳои зарурӣ амалӣ шуда, онҳоро ба марҳалаи мактабӣ омода менамояд. Дар идомаи ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи тиб шуъбаҳои таваллуд, бачагона, эҳё ва ҷарроҳии маркази саломатии ноҳияи Темурмалик таъмир ва бо номгӯи зиёди дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ҷиҳозонда шуд.
Хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон аз ҷониби 40 табиб бо истифода аз муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот расонда мешавад. Таъмир ва насби таҷҳизот дар маркази саломатии ноҳияи Темурмалик бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд амалӣ гардид. Шуъбаҳои таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳё ва шуъбаи бачагона, дар маҷмуъ, барои қабули 100 нафар дар як вақт пешбинӣ мешавад. Ба ин муассисаи тандурустӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим шуд, ки боиси сипосу қадрдонии кормандон ва мардум гашт. Бунёди шабакаҳои нави обтаъминкунӣ дар ноҳияи Темурмалик аз ҷумлаи муҳимтарин иншоот буд, ки аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт. Ду лоиҳаи марбут ба таъмини сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ аз ҷониби соҳибкори саховатпеша Ҳабибулло Сулаймонов амалӣ шуд.
Мардум аз норасоии об дар маркази маъмурии ноҳия – шаҳраки Баҳманрӯд, деҳоти Танобчӣ ва Гурдоварон, маҳаллаҳои Баҳодурон, Чашма, Заркамар, Гурондеҳ, Саидмуъминобод ва Танобчии Боло солҳои зиёд азият мекашиданд.
Таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳсозии шароити зиндагии мардум акнун ба ҳалли ин масъала мусоидат намуд. Рӯйи даст гирифтани иқдоми мазкур бозгӯи ҳамовозии сокинони ватандӯст бо сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, боиси дастрасии 30 ҳазор кас аз аҳолии ноҳияи Темурмалик ба ин неъмат шуд. Тасмим аст, ки ояндаи наздик боз 5 ҳазор сокини деҳоти дурдасти ноҳия дар масофаҳои то 12 километр бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардад. Об аз дарёи Сурхоб дар ҳавзи дорои ғунҷоиши 7 ҳазор метри мукааб захира шуда, аввал такшин мешавад. Оби ба ин тариқ софшуда боз бо истифода аз таҷҳизоти муосир аз чанд марҳалаи поксозӣ мегузарад ва аввал ба 8 махзани оби дар нуқтаҳои гуногун сохташуда ва аз онҳо ба хонаҳои мардум интиқол меёбад. Тибқи нишондоди лоиҳавӣ, пойгоҳҳои барқии обкашӣ иқтидор доранд, ки дар як шабонарӯз обкаширо то ба 4500 метри мукааб расонанд.
Барои истифодаи сариштакоронаи об дар ҳар хона ҳисобкунакҳо насб шудааст. Таъмири иншоот ва таҷҳизот, пардохти неруи барқ ва дигар хароҷоти пойгоҳҳои обкаширо соҳибкори ватанӣ бар дӯш гирифта, ният дорад, ки маблағи аз ҳисоби истифодаи об ҷамъовардашударо дар дигар корҳои ободонӣ сарф намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкор Ҳабибулло Сулаймоновро намунаи хуби инсондӯстӣ ва нақш гузоштан дар пешрафти Ватан арзёбӣ намуда, ба масъулон дастур доданд, ки ӯ ба мукофоти давлатӣ пешниҳод шавад.

Ифтитоҳи варзишгоҳ дар маркази деҳоти Кангурт
2-юми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар деҳоти Кангурт варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш бо фармоиши Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои 6000 ҷойи нишаст мебошад. Аз моҳи августи соли 2022 бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар маркази деҳоти Кангурт бунёд намудани иншооти муосири варзишиву солимгардонӣ иқдом гирифта шуда, он дар муҳлати се сол бо ҷалби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланду риояи талаботи меъморӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Масоҳати варзишгоҳ 13 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар чор гӯшаи иншоот барои гузарондани бозиҳои футбол чароғакҳои равшанидиҳанда насб шудаанд. Ҳамзамон, дар бинои дуошёнаи варзишгоҳ барои меҳмонон, мураббиён ва ровиёни варзиш 12 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ ва иншооти ёрирасон бунёд гардид. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави варзишӣ, 10 сокини ҳамин деҳа бо кор таъмин шуд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони навраси дастаи футболи Лигаи дуюми Тоҷикистон – “Сурхоб” суҳбат карда, онҳоро ба дӯст доштани варзиш ва рушди ҷисмониву равонӣ ҳидоят намуданд.
Мавриди зикр аст, ки барои амалисозии ҳадафҳои ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти муосири варзишӣ сохта мешаванд, ки ин тадбир ба рушду оммавигардонии футбол ва, умуман, тарзи ҳаёти солим замина мегузорад. Дар робита ба ин, дар ду соли охир дар деҳот ва шаҳраки ноҳияи Темурмалик 8 майдонча ва 6 толори варзиш ва 4 муассисаи давлатии мактабҳои варзишӣ ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншоот, аз ҷумла варзишгоҳҳои ноҳияи Восеъ бо 22 ҳазор ҷойи нишаст, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ва ноҳияи Вахш бо 5 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Кангурт
2-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, ҳамзамон, иншооти дигари ҷашнӣ – майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 метр, дарозии матоъ 20 ва паҳноиаш 10 метр мебошад.
Майдони Парчами давлатӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии мардум аз ҷониби соҳибкорону сокинони саховатпешаи деҳоти Кангурт, аз ҷумла Анвар Қурбонов, Шерхон Салимзода ва Каромат Абдиев, сохта шудааст.
Тарҳи муосири майдони Парчами давлатӣ хеле ҷолиб буда, ҳисси ватандӯстии ҳар бинанда, умеду бовар ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва устуворию омодагии ӯро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол боз ҳам баланд мебардорад.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҷавонони ноҳия онҳоро неруи созанда ва пешбарандаи имрӯзу ояндаи давлат номиданд.
Пешвои миллат ҷавононро ба донишомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри осудагию оромии Ватан ҳидоят намуданд. Дар атрофи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, барои сайругашти шабонарӯзии мардум фаввораҳои замонавӣ бунёд ва чароғакҳои муосир бо панелҳои офтобӣ насб шудаанд.
Аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мешаванд, ки ин василаи муҳими парвариши ҳисси худшиносии миллӣ дар замири насли ояндасози кишвар мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону сокинони дар ин кори басо муҳим саҳм гузошта арзи сипос намуданд.
Соҳибкор Анвар Қурбонов дар ҷавоб иттилоъ дод, ки тасмим дорад дар маркази деҳоти Кангурт як муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ барои 400 кӯдак бисозад.

Санаи нашр: 02.10.2025 №: 190