ДАВЛАТДОРӢ. НАҚШИ ЗАБОН ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Рӯзи ягонаи тарғибот баргузор гардид.
Гурӯҳҳои тарғиботӣ, ки иборат аз намояндагони мақомоти иҷроия, устодони донишгоҳҳо, ходимони илм ва намояндагони ВАО буданд, дар як қатор шаҳру навоҳии вилоят бо аҳолӣ мулоқот карданд.
Дар ин робита, дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Фарҳод Мукаррамзода, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва устодони донишгоҳҳо вохӯрӣ баргузор шуд.
Фарҳод Мукаррамзода таъкид намуд, ки забони модарӣ пояи ҳастии миллат, шиносномаи фарҳанг ва мояи ифтихори миллии мо аст.
Устодони донишгоҳҳо, аз ҷумла Зоҳидҷон Қурғонов ва Шуҳратҷон Абдуллозода, оид ба аҳамияти риояи қоидаҳои нави имло ва нақши забони тоҷикӣ дар илму маърифат ибрози андеша карданд.
Дар шаҳри Конибодом бошад, рӯзи ягонаи ахбор дар Коллеҷи омӯзгорӣ ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов, сармуҳаррири рӯзномаи “Шуълаи умед” Мирзоаъзам Мақсудов ва намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор шуд. Суханварон зарурати тарбияи эҳсоси масъулиятшиносиро дар риояи забони адабии тоҷикӣ таъкид сохтанд.
Дар шаҳри Гулистон низ зимни мулоқоти тарғиботӣ риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар муошират, истифодаи он дар воситаҳои ахбори омма матраҳ шуд. Мавҷуда Ӯрунова ва Зулфинисо Раҷабова, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар баромадҳои худ таъкид карданд, ки эҳтиром ба забон – эҳтиром ба миллат ва таърихи он аст.
Дар ҷараёни ҳамаи мулоқотҳо зикр гардид, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бояд дар тамоми муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, риоя гардад. Забони тоҷикӣ имрӯз дорои меъёрҳои дақиқи имло ва услуб мебошад, ки истифодаи дурусти он масъулияти ҳар як шаҳрванди худшиносу соҳибфарҳанг аст.
Зикр шуд, ки Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июни соли 2021 тасдиқ шудааст, бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоту коргузорӣ ва расонаҳо ба таври ҷиддӣ риоя шаванд.
Иштирокчиён нақши ВАО, аз ҷумла матбуотро, ҳамчун минбари таблиғи сиёсати давлатӣ ва бедории фарҳангӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Рӯзи ягонаи ахбор, ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстону Ашт, Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен ва Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Ҳадафи ин чорабиниҳо тақвияти эҳсоси худшиносию миллатдӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати забонӣ ва ҳифзи забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ буд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
