
Ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯст дар шаҳру деҳоти Исфара биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат меафрозанду намои шаҳрро зеботар мегардонанд.

Дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинону соҳибкорони деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара низ дар бунёди иншооти ҷашнӣ саҳми босазо мегузоранд. Аз ҷумла, дар деҳоти мазкур сохтмони майдони Парчами давлатӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, маркази хизматрасонӣ, муассисаҳо, майдончаҳои варзиш ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ босуръат идома дорад. Ҳангоми сохтмон ба санъати меъмории миллӣ, устуворӣ ва зебоии бино, инчунин, ҳифзи муҳити зист диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Дар деҳоти Чоркӯҳ ба бунёди иншооти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус равона мегардад. Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст дар деҳоти мазкур муассисаҳои нав ва дигар иншооти соҳаи маориф бунёд мешаванд. Илова бар ин, бо дастгирии соҳибкор Мизроб Валиев бунёди майдончаи варзиш идома дорад, ки дар оянда наврасони маҳаллаи Таги Бораи деҳоти Чоркӯҳ дар он ба тамрин фаро гирифта мешаванд. Сохтмони бинои МТМУ №79 низ босуръат идома дорад. Тавре ба хабарнигори мо аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят маълумот доданд, дар шаҳраки Шӯроб бо саҳми соҳибкори ватандӯст Раҳимҷон Азимов Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-ум, ки соли 1949 бунёд шудааст, навсозӣ мешавад. Бо ташаббуси соҳибкор дар Муассиса чор кабинети фаннӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, се лаборатория, ошхона, китобхона, маркази омӯзиши ҳунар барои писарону духтарон, майдончаҳои варзиш ва маркази инкишофи кӯдак бунёд хоҳанд шуд.

Чанде пеш зимни мулоқот бо сокинони деҳот раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода ва раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлату Ҳукумат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, саҳми соҳибкорон ва мардуми маҳаллиро дар пешбурди корҳои ободонӣ махсусан таъкид намуданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.10.2025
№: 190