БОХТАР. ТАНЗИМИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

03 октябр 2025, Ҷумъа
26
Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии давлат аст. Хушбахтона, ин ҳадаф торафт наздик мешавад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28.12. 2024) зикр шудааст: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
Қобили зикр аст, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбинии ҷавобгарии ҷиноятӣ дар ҳолатҳои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ тағйиру иловаҳои нав ворид гардиданд. Баъди ин, акнун бобати истифодаи неруи барқ эътибори махсус пайдо шуд.
Дар филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар, ки масъули асосии таъмингари барқ ва ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аст, дар ду шабакаи барқии шаҳрӣ ва даҳ шабакаи барқии ноҳиявӣ роҳбарон иваз гардиданд. Аксарият дарк карданд, ки мувофиқи талаботи нав аз уҳдаи кор намебароянд, бо ихтиёри худ аз вазифа рафтанд. Акнун ба ҳисобу китоби саҳеҳи барқ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Бо ин мақсад, мутобиқи лоиҳаи кам кардани талафоти барқ дар вилояти Хатлон ва барномаҳои пилотӣ 30732 ҳисобкунаки ҳушманди электрикӣ васл гардид. Аз моҳи августи соли ҷорӣ, як системаи муосири баҳисобгирии автоматикунондашудаи энергияи барқ мавриди санҷиш қарор гирифт. Ин лоиҳаи пилотӣ, ки аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз ёфт, ба истифодаи технологияи пешрафтаи фотоҳисобот такя мекунад. Принсипи асосии кори ин система истифодаи алгоритмҳои шинохти тасвир (Image Recognition) ва технологияи OCR (Optical Character Recognition) мебошад. Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқ ва рақами силсилавии он аз аксҳои гирифташуда ба таври автоматӣ шинохта ва хонда шаванд. Маълумоти ҷамъомада ба таври электронии бехато ба системаи марказии ҳисоббаробаркунӣ интиқол ёфта, барои таҳияи ҳисоботи моҳона истифода мешавад. Ин раванд зарурати дахолати дастӣ ва эҳтимолияти содир шудани хаторо, ки дар натиҷаи сабти носаҳеҳ изофанависиро ба вуҷуд меорад, комилан аз байн мебарад.
Дар марҳалаи дуюми татбиқи лоиҳа, ки то охири соли 2025 дар ҳамаи нуқтаҳои хизматрасонии ноҳияҳои зертобеи филиал анҷом хоҳад ёфт, механизми ҷамъоварии маълумот боз ҳам мукаммал мегардад. Истифодабарандагон тавассути барномаи мобилии махсусгардондашуда, ки бо системаи марказӣ ҳамгиро шудааст, вазифадор мешаванд, ки дар санаи 1-уми ҳар моҳ аз ҳисобкунаки худ аксбардорӣ намуда, маълумотро ба низоми иттилоотии марказӣ ирсол кунанд. Ин усул ба филиал имкон медиҳад, ки дар як вақт аз тамоми гиреҳҳои шабака маълумоти саҳеҳро ба даст орад. Маълумоти саҳеҳ ва саривақтии истифодаи барқ, таҳлили дақиқи талафоти техникӣ ва тиҷоратии шабакаро осон мегардонад. Бо муқоисаи нишондодҳои воридотӣ ва истеъмолӣ ҷойҳои талафот ба таври мушаххас муайян карда мешаванд, ки ин ба оптимизатсияи ҷараёни интиқоли барқ ва пешгирии ғорати неруи барқ мусоидат менамояд.
Дар қаламрави Бохтар корхонаҳои аз барқ қарздор зиёданд. Барои рӯёндани қарзи барқ акнун тадбирҳо ҷиддӣ ва мушаххас гардиданд. Дар асоси тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд, филиали ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Бохтар ба мақомоти прокуратура ва суд даъвоҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади пардохти қарзҳо мактубҳои расмӣ ирсол кард, ки онҳо натиҷа дода истодаанд.
Дар доираи санҷиши қарзҳои дебитории Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар филиалҳои шаҳру ноҳияҳо, таҳлили амиқи вазъият гузаронда шуд. Дар натиҷаи таҳлил дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ ҳолатҳои изофанависии қарзҳои дебиторӣ дар моҳҳо ва солҳои қаблӣ ошкор гардиданд. Нисбат ба масъулони шабакаҳои барқи ноҳиявӣ, ки ба ин хатоҳо роҳ додаанд, чораҳои зарурӣ андешида, масъалаи ҷавобгарии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо дастуру роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намудан ва дар ин раванд таҳким ёфтани низоми дохилии соҳа моро дилпур мекунад, ки ҳадафи олии соҳаи энергетика – пурра бартараф намудани норасоии неруи барқ дар кишвар ва ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардидани мо торафт наздик мешавад.
Муҳаммад ҒУЛОМЗОДА,
менеҷери раёсати назорати барқи ҶСК “Шабакаҳои
тақсимоти барқ"
Санаи нашр: 03.10.2025 №: 191