ФАРХОР. ОБОДКОРӢ ШИОРИ МАРДУМИСТ!

03 октябр 2025, Ҷумъа
72

Имрӯзҳо дар ноҳияи Фархор сокинон дар партави иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми ватандӯстона барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили зироатҳо ва шарафёб шудан ба дастовардҳои назаррас аз пештара талоши бештар доранд. Дар ҳар маҳал иншооти нав, ободкорӣ, корҳои сохтмону раванди ҳосилғундорӣ ба чашм мерасанд. Бахусус, чиниши пахта дар ин шабу рӯз бо ҷӯшу хурӯш ва дилгармӣ ҷараён дорад. Мо, ки тайи ду рӯз дар ин ноҳияи зебоманзар қарор доштем, ҳамаро дар такопӯи корҳои саҳрову бунёдкорӣ дарёфтем, ки шоистаи таҳсин аст.


ҲАДАФИ МАРДУМ САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ОБОДИСТ

Бо расидан ба маркази ноҳия вориди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шудем, то бо роҳбарияти он ҳамсуҳбат шуда, нақшаи кории худро дар миён гузорем. Аммо дар ин ҷо аз роҳбарият касеро пайдо накардем, зеро ҳама пайи иҷрои коре дар маконе ҳузур доштанд. Танҳо мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияро дарёфтем. Номбурда моро бо хушҳолӣ истиқбол намуда, гуфт, ки раиси ноҳия Зариф Назирӣ ҳамроҳ бо муовинону дигар масъулон барои назорати рафти ҷамъоварии ҳосили пахта, инчунин, суҳбат бо даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ аз субҳи солеҳон баромаданд. Ниҳоят, муовини раиси ноҳия Дилбар Раҳматуллозода бо мо ҳамсуҳбат шуда, аз ҳамкории судманди рӯзномаи "Ҷумҳурият" ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори хушнудӣ намуд. Ба гуфтаи номбурда, дар ноҳия, аллакай, нисфи дурнамои истеҳсоли пахта иҷро шуда, кишти тирамоҳӣ бомаром давом дорад. Ҳамзамон, ноҳияи Фархор дар ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешсаф буда, дар рӯзи аввал аз иҷрои нақша мужда дод. Корҳои созандагӣ бо наздик омадани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ авҷи тоза мегиранд.

76 ДАРСАДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Пагоҳии рӯз аз иншооти гуногуни навбунёд, ки ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар гӯшаю канори ноҳия қомат афрохтаанду ба ҳусни он зебоии дигар зам намудаанд, боздид намудем. Нахуст, тамошои иншооти ҷашниро аз деҳоти Хуросон шуруъ кардем. Чунончи ба мо иттилоъ доданд, дар ин ҷо давоми як соли охир чанд бинои хуштарҳи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Биноҳои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фархор, ташхисгоҳи 5-ошёна, қасри фарҳанг иборат аз 3 ошёна, бинои ҷамоати деҳот, хадамоти оташнишонӣ, аз ҷумлаи корҳои бунёдкорист. Роҳҳо ва гузаргоҳҳои атрофи биноҳо мумфарш ва бо сангҳои ороишӣ хеле зебо карда шудаанд.

 
Тавре Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Фархор, иттилоъ дод, дар зиёда аз 330 бинову иншооти ҷашнӣ ё 76,32 дарсад корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар Фархор сохтмону навсозии 435 иншоот дар назар дошта шудааст. 
Ба иттилои раиси ноҳия, сохтмони босуръати иншооти гуногун ягона дастоварди диёри Фархори бостон набуда, дар соҳаҳои дигари он ҳам пешравиҳо назаррасанд.

– То имрӯз аз 19 ҳазор тонна дурнамои истеҳсоли пахта наздики 50 дарсад ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ низ назаррас буда, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 111 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаҳои маориф зиёда аз 64 миллион сомонӣ, тандурустӣ 20,9 миллион сомонӣ ва соҳаҳои буҷетӣ 12,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ сурат гирифтааст. 
Соҳаи бахши хусусӣ низ дар ноҳия рӯ ба рушд дошта, шумораи субъектони соҳибкорӣ ба 8,5 ҳазор расидааст. Аз ҳисоби онҳо имсол ба буҷет бештар аз 50 миллион сомонӣ ворид гардид. Ҳамчунин, амалишавии 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 15,6 миллион сомонӣ дар ноҳия идома дорад, ки ба пешрафти соҳаҳо такони ҷиддӣ мебахшанд. Имсол иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 ба охир мерасад. Аз 198 лоиҳаи дар он пешбинигардида, 161-тоаш ба маблағи қариб 460 миллион сомонӣ ё 81,3 дарсад амалӣ гардид, – гуфт Зариф Назирӣ.

 
Ба андешаи Фахриддин Зайниддинзода, сардори шуъбаи меъморӣ ва сохтмони ноҳияи Фархор, дар як муддати кӯтоҳ бузургтарин корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ноҳия ҷараёни тоза гирифта, симои меъмории ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия хеле дигаргун гардиданд.
– То имрӯз биноҳои 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1720 ҷойи нишаст дар ду баст, 130 синфхонаи иловагӣ барои 6240 хонанда дар ду баст, 6 бунгоҳи тиббӣ, 14 маркази саломатӣ, 3 таваллудхона, 2 маркази ташхисӣ, клиника, 16 корхонаи саноатӣ, 10 майдончаи варзишӣ, 15 пули мошингузар сохта шуда, 4 муассисаи таълимӣ, варзишгоҳи марказӣ таъмир гардид. Дар ин радиф 70,3 километр роҳ мумфарш ва беш аз 90 километри дигар сангфарш карда шуд. Инчунин, сохтмончиён 38 километр масири навбунёдро чароғон намуданд. Сохтмони иншооти боқимонда тибқи нақша бомаром ҷараён дорад.
Рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни миллӣ банд ба банд зери назорати роҳбарияти ноҳия аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар байни соҳибкорону аҳолӣ доир ба корҳои ободониву созандагӣ дар деҳоти Зафар, Деҳқонобод, Гулшан ва Истиқлол корҳои сохтмонӣ то андозае суст ҷараён доранд. Ҳол он ки дар ин маврид, дар асоси суҳбатҳо бо сокинон, бунёди иншооту биноҳои мардум ба онҳо эҳтиёҷдошта ба нақша гирифта шуда, шахсони алоҳида ваъдаи иҷрои онро дода буданд. Аз ин рӯ, раисони ҷамоатҳои мазкурро лозим меояд, ки бо раисони маҳаллаҳо, соҳибкорон ва шахсони обрӯманд корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намуда, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида чораҷӯӣ намоянд. Ҳамзамон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор низ бояд масъулияти баланди бунёдкориву созандагиро эҳсос намуда, дар амалишавии нақшаи чорабиниҳо мусоидат намоянд, – гуфт номбурда.

САБҚАТИ ОБОДКОРӢ ЧУН РАСМИ ВАТАНДОРӢ АНЪАНА МЕШАВАД
Бо роҳбарии Мансурҷон Умаров, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳия, имрӯзҳо созандагию ободкорӣ ва саҳмгузорӣ ба пешрафту шукуфоии Меҳан ба чорабинии ватандӯстонаи хурду бузург табдил ёфтааст. Ҳар кас мекӯшад барои ободии диёраш маблағе диҳад, каланде занаду худро аз дигарон канор нагирад.
Пас аз дидани иншооти гуногуни навсохти замонавӣ ба тамошои роҳу гузаргоҳҳои ба тозагӣ мумфаршудаи деҳоти Ватан, Дарқад ва Хуросон рафтем. Аз даста-даста дилгармона сарҷамъ шудани мардуми меҳнаткаш ҷиҳати анҷом додани корҳои роҳсозӣ ва давутозашон барои дигар ободкориҳо бармеояд, ки онҳо зодгоҳи худро зеботар дидан мехоҳанд. Маҳз ҳамин сабқати ободкорӣ дар ҳар қадам ин ҷо чун расми ватандорӣ ҷилва медиҳад. Мо натиҷаи кору пайкори ватандӯстонаро, аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Хуросон, хуб мушоҳида намудем. Дидани роҳи деҳаи Соҳилоб, ки бо ташаббуси мардум мумфаршу зебо шудааст, ҳар касро ба ваҷд меорад. Суҳбати мо бо мардони меҳанпарасту меҳнатдӯст, ки дар роҳи мумфаршсозии роҳи маҳаллӣ ва таъмири мактаб арақи ҷабин рехтанд ва маблағи бо обилаи кафи дасти худ пайдокардаро сарф карданд, гуворо буд. Онҳо на танҳо барои рафтуояшон роҳ сохтанд, балки ба хотири ояндаи дурахшони Ватан мактаби зодгоҳашонро таъмиру обод намуданд. Убайдулло Мирзоев ва Сорбон Бурҳонов аз зумраи ташаббускорони ин кори хайр мебошанд.
– Мо дар қиболи ташаббусҳои хирадмандонаи Роҳбари давлат барои ободии Ватан аз мумфаршсозии роҳи деҳа ва таъмири мактаб корро оғоз кардем. Дар муддати 7-8 моҳ фарзандони ин сарзамин бо шунидани ташаббуси нек сарҷамъ шуда, барои сохтмони роҳҳои маҳаллӣ бештар аз 2 миллион сомонӣ саҳмгузорӣ намуданд. Бо ин пул тавонистем зиёда аз 3 километр роҳи деҳаи Соҳилобро мумфарш гардонем. Ҳамчунин, мехоҳем ин роҳро чароғон созем. Ин кори мо ҳамагӣ аз баҳори имсол шуруъ шуд. Қаблан ин масир бисёр ноҳамвору валангор буд. Дар ин фосилаи вақт мактаби зодгоҳамонро ҳам таъмиру навсозӣ кардем. Бо ин кор гуфтан мехоҳем, ки агар ҳар яки мо дар ободии диёри худ саҳм гузорем, дар ниҳоят Тоҷикистон ободтару шукуфотар мегардад, – гуфтанд ҳамсуҳбатони мо.
Маҳмадсаид Самадов, раиси Ҷамоати деҳоти Хуросон, зимни суҳбат гуфт, ки ҳоло ободсозии роҳу маҳалҳо дар деҳоти ноҳия ба мусобиқаи ҳамагонӣ табдил ёфтааст. Айни замон, дар умум, дар деҳоти Хуросон аз ҷониби бошандагони он 30 километр роҳ мумфарш шуда, дар роҳҳои боқимонда корҳои ҳамворсозӣ ҷараён доранд. Танҳо бо дастгирии соҳибкори меҳандӯсти ноҳия Диловар Муҳиддинов тақрибан 17 километр роҳи маҳаллӣ мумфарш карда шуд. Бо ободу зебо гардидани роҳҳои дохилӣ ва биною иншооти шафати онҳо деҳоти мо ҳусни шаҳракро гирифта истодааст.
Тавре роҳбарони ҷамоатҳои деҳот ба мо иттилоъ доданд, имсол бо саҳми сокинон тақрибан 42 километр роҳи маҳаллии ноҳияи Фархор мумфарш шудааст, ки иқдоми хеле бузург ва бесобиқаи ватандӯстона мебошад.

ВАҚТЕ СОЗАНДАГИҲО АВҶ МЕГИРАНД, ҶОЙҲОИ КОР НИЗ ФАРОВОН МЕШАВАНД
Мусаллам аст, ки бунёди босуръати иншооти таъиноти гуногун дар ноҳия ба афзоиши истеҳсолоти дохилӣ ва беҳтар гардидани шароити кору сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат намудааст.
Тавре Дилором Ҷӯразода, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, иттилоъ дод, дар ҳашт моҳи соли равон 771 сокини маҳаллӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, сохтмон, савдо ва дигар бахшҳо бо ҷойи кор таъмин шуд. Тибқи нақша, то охири сол таъсиси боз беш аз 200 ҷойи кори нав дар назар аст.
– Солҳои охир корҳои ободониву сабзкорӣ дар гӯшаву канори мамлакат равнақ ёфтаанд. Ин амал барои ба шуғли мавсимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон мусоидат менамояд. Аз ҳисоби аҳолии бешуғли ноҳия 40 нафар ба чунин корҳо сафарбар гардид. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти мақомоти Агентӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор тавассути рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна мебошад. Бо ин мақсад, ба 22 нафар ба маблағи беш аз 97 500 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Шаҳрвандони қарзи имтиёзнок дарёфтнамуда ба корҳои соҳибкорӣ машғул гардида, асосан, дар соҳаҳои истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ машғуланд ва ба рушди иқтисодии ноҳия саҳм мегузоранд. Албатта, ин иқдом ба ташкили ҷойҳои нави кор ва тақвияти бахши соҳибкории хурду миёна мусоидат менамояд. Самти дигари фаъолияти мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъину пардохти ёрипулӣ ба бекорон мебошад. Дар ҳашт моҳи соли равон, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, 245 бекори дар қайди мақомоти Агентӣ буда, дар маҷмуъ, ба маблағи 159 600 сомонӣ ёрипулӣ гирифт, – иброз дошт Дилором Ҷӯразода.
Ҳамчунин, баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ яке аз роҳҳои асосии бо кор таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Аз аввали сол дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот бо иштироки намояндаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, деҳаҳо ва корфармоён нуҳ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда, барои корҷӯён 412 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озоди худро пешниҳод намуданд. Аз ин ҳисоб, 126 шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва 106 нафар, хусусан бонувону ҷавонон, барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. Талошҳо барои барқарорсозии фаъолияти шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта низ самти муҳим дар сиёсати шуғли аҳолии ноҳия мебошад.

МАВЗЕИ УРТАБУЗ. БО ДАСТГИРИИ ҲУКУМАТ 5 ҲАЗОР ГЕКТАР ШОДОБ ГАРДИД
Тавре Насрулло Вализода, муовини раиси ноҳия, иброз дошт, ин минтақа солҳои пеш аз норасоии оби полизӣ танқисӣ мекашид.
– Солҳои қабл ҳафтаҳо мо бо кишоварзон ин ҷо пойгоҳҳои обкашро таъмир мекардем, то зироатҳоро аз талаф наҷот диҳем. Баъзан обёрӣ даҳ рӯз бештар қатъ мегардид ва зироатҳо хушк мешуданд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати кишвар соли гузашта 5 обкаши пуриқтидор насб шуда, кори мо осону таъмини об дар мавзеи Уртабуз бениҳоят хуб гардид. Кишоварзон бо фаровонӣ ба оби полизӣ дастрасӣ ёфтанд. Минтақаи Уртабуз тақрибан 5 ҳазор гектар замини киштро дар бар мегирад, ки таъмини мунтазами об дар ин ҷо ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳоло ки ба он ҷо меравем, як манзараи шодобу сабзу хуррамро мебинем, ки аз баракати дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат мебошад ва барзгарони ин ҷо ҳамеша аз Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити обёрӣ изҳори сипос мекунанд. Зироатҳо хуб нашъунамо ёфта, марди деҳқонро ба кор дилгармтар месозанд. Аз ин лиҳоз, ҳосилнокии зироатҳо низ боло рафту акнун домони хирмани кишоварзон васеътар мегардад, – гуфт номбурда.
Ба иттилои Наҷибулло Ҳусенов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, баробари навсозии каналҳои обёрӣ, ҳамчунин, поксозии заҳбуру заҳкашҳои майдонҳои кишт дар ноҳия босуръат ҷараён дорад. То имрӯз давра ба давра қариб 140 километр заҳбур тоза карда шуд.
Дар ин шабу рӯз, ки аҳолии мамлакат дилгармона корҳои созандагию бунёдкорӣ карда, боз талош меварзанд, то дар ҷодаи истеҳсолоти саноатию кишоварзӣ ба нишондиҳандаҳои бузургтар ноил шаванд, дар ҳар хонадон пешрафту ободиро дарёфтан имкон дорад. Дастовардҳои чашмраси мардуми фозил ва меҳнатқарини Фархор зери бо дастгирии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳодати ҳамбастагию муттаҳидии онҳо дар атрофи иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯзҳо ба чашми сар мебинем. Ин ҷо мо муште аз хирвор дар бораи натиҷаҳои кору зиндагии мардум ва фаъолияти масъулони соҳаҳои ноҳия рӯи саҳифа овардем. Инъикоси камтарин дастовардҳои мардуми ин диёри бостон дар як навишта намеғунҷаду далелҳои рушди ҳар соҳаи ҳаёти он корномаеанд шоистаи тавсиф. Умедворем, ки минбаъд низ корномаи мардуми ноҳияи Фархор аз дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоии азимтару шукӯҳмандтар иборат хоҳад буд.

Кароматулло АТО,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
Душанбе – Фархор – Душанбе

Санаи нашр: 03.10.2025 №: 191