УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ

03 октябр 2025, Ҷумъа
26


Ӯ ҳунарманди саршиноси театру синамо ва дӯстдоштатарин ҳаҷвнигори тоҷик буда, доғтарин масоили иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро аз роҳи танз матраҳ менамуд. Яке аз мубаллиғони тавонои ҳунари тоҷик буд, бо ҳаҷву ҳазлҳои худ мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекард.
Ин ном ба хурду бузурги кишвар ошност. Бо шуниданаш дар лабони мардум табассум пайдо мешавад. Ин табассум бар ивази заҳматҳои фаровони ӯ мебошад. Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, орденҳои Дӯстӣ ва Ситораи Президент дараҷаи III, 20-уми марти соли 1941 дар ноҳияи Кангурт (ҳоло Темурмалик) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Падараш Раҷабалӣ Эмомов шахси саводнок буда, аз санъати навозандагӣ ҳам огоҳӣ дошт. Модараш Балхинисо, ки Убайдулло Раҷабов ӯро аввалин устоди худ медонист, ҳанӯз бармаҳал, ҳангоми дар синфи дуюм хонданаш, ин дунёро падруд мегӯяд…
Ӯ баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ ба омӯзишгоҳи санъати пойтахт дохил шуда, онро бо ихтисоси рассом хатм мекунад. Соли 1959 дар назди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо ибтикори коргардони маъруф ва роҳбари бадеии театр Ефим Исаевич Мителман студияи маҳорати актёрӣ таъсис меёбад. Убайдулло Раҷабов аз тариқи озмун ба ин мактаби касбӣ роҳ меёбад ва соли 1964 курси панҷсолаи онро дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе хатм мекунад.
Ҳамон сол Убайдулло Раҷабов ба Театри Лоҳутӣ ба кор даъват мешавад. Дар ин макони ҳунар ӯ бо бузургтарин чеҳраҳои санъату ҳунар, аз қабили Муҳаммадҷон Қосимов, Туҳфа Фозилова, Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева, Низом Нурҷонов аз наздик шинос шуда, бо онҳо кору эҷод менамояд.
Соли 1968 бо амри Вазорати фарҳанг барои бунёд ва такмили театри касбӣ дар шаҳри Кӯлоб Убайдулло Раҷабовро ба Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ ба ҳайси актёр ва коргардон мефиристанд. Соли 1970 ӯ дубора ба Театри Лоҳутӣ бармегардад.
Соли 1977 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, соли 1982 факултети режиссёриро хатм мекунад.
Боре ҳунарвари мумтоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шодравон Ҳабибулло Абдураззоқов дар бораи мавсуф чунин арз доштааст: «Убайдулло Раҷабов ҳеҷ пуштибон, дастгир, ёвар, кумакрасону тарғибгар надошт. Ба ин пояи баланди ҳунару шуҳрате, ки расидааст, натиҷаи саъю талош, кӯшишу омӯзиш ва машаққату бедорхобиҳои худи ӯст».
Дар ҳақиқат Убайдулло Раҷабов касби худро бениҳоят дӯст медошт. Барои рушду инкишофи он тамоми неруи зеҳнию ақлӣ ва ҷисмонии худро сарф мекард. Ин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ шуҳрат пайдо намуда, миёни мардум шинохтатарину дӯстдоштатарин ҳунарманд гардид. Филмҳои «Муҷассамаи ишқ», «Садо аз тобут», «Зиндагии Ҷақабой», «Гилеми кабуд», «Чарх» ва даҳҳо саҳнаҳои ҳаҷвии ӯро то ҳол мардум бо завқ тамошо мекунад.
«Аз ибтидои ба майдони ҳунар омадан, Убайдулло Раҷабов бо равия ва ҷараёну услуби хоси худ ба дилҳо роҳ ёфт», – мегӯяд Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо…
Соли 1991 Убайдулло Раҷабов бо хоҳиши худ аз Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз кор меравад. Ҳамон сол театри намунавии минётураи «Оина»-ро таъсис медиҳад, ки он як падидаи тозаи фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин театр филмномаву саҳнаҳои ҷолибро пешкаши мухлисон намуд, ки ҳам барои синамои тоҷик ва ҳам дар тарбияи мардум нақши бузург гузошт.
Убайдулло Раҷабов соли 2000-ум раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мешавад. Ҳангоми ин масъулиятро ба дӯш доштан низ, ӯ аз саҳна канор нарафт. Дар якчанд филмҳо нақши асосиро бозид. Даҳҳо намоишҳои ҳаҷвиро ба саҳна гузошт. Бо саъю талоши ӯ ансамбли рақсии «Гулрез» рӯи саҳна омад.
Убайдулло Раҷабов ба ғайр аз ҳунарпешаи мумтоз будан, инчунин, таҳиягар, донандаи хуби мусиқӣ, этнография, ҳунарҳо ва фолклори мардумӣ буд…
Аз соли 2004 то охири умр ӯ муаллиф ва роҳбари бадеии барномаҳои ҳунарию консертии намоишҳои давлатӣ буд. Бисёр консертҳо, таҷлили ҷашнвораву идҳои мардумӣ, чорабиниҳои давлатию фарҳангӣ бо завқу истеъдоди Убайдулло Раҷабов таҳия ва барномарезӣ шудаанд, ки он аз дониши баланд, қобилияти роҳбарӣ ва ташкилотчии хуб буданаш, дарак медод…
Убайдулло Раҷабов 1-уми июли соли 2021 дар синни 80-солагӣ бар асари беморӣ аз дунё гузашт. Ҳарчанд ҷойи ӯ имрӯз дар саҳна холист, дар дили мухлисон абадан ҷой гирифтааст. Чеҳраи хандони ӯ бо нақшҳои ҷолибаш ҳамеша бо мост.

Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 03.10.2025 №: 191