ШОМИ ШАНБЕ

03 октябр 2025, Ҷумъа
22


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОИ «АХТАР»
АЗ ЧАП БА РОСТ:
1. *** Шекспир, драматурги барҷастаи англис. 3. «Нанг ва ***», романи Муҳиддини Хоҷазод. 4. Қисми либос. 6. Исои ***. 8. «*** ва Ҷулетта». 9. Муродифи вожаи «ситора». 10. Асари И. С. Тургенев. 12. Навъи санъати шеър. 13. Кайҳоннаварди ИҶШС. 14. Қаҳрамони филми «Бандии Қафқоз». 15. *** Ҳамдамов, бастакор ва дирижёри барҷастаи тоҷик. 16. «Ину он кай метавонад *** монад ба он?» (Бозор Собир).

АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. *** Шарифзода, шоири фақиди тоҷик. 2. Қаҳрамони романи «Фирдавсӣ» - и Сотим Улуғзода. 3. Шоҳ дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 5. *** Бақозода, шоири фақиди тоҷик. 7. Ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.11. Металли химиявӣ. 12.*** Сергеевич Тургенев, адиби шинохтаи рус.

Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор


Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика

Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «БОКС»
1. Раҳимов 2. Кроуфорд 3. Пакяо 4. Мэйвезер 5. Тсзю 6. Усик 7. Алварес
8. Иноуэ 9. Бенавидес 10. Ҷонс 11. Уайлдер 12. Бетербиев 13. Бивол
14. Дэвис 15. Накатани 16. Стивенсон 17. Рунгвисаи 18. Дортикос


10 нафаре, ки дар соҳаи тиб таҳаввулот карданд
9. Флоренс Найтингейл (солҳои 1820-1910)
Бонуи қавиирода Флоренс Найтингейл бори аввал дар олам аввалин мактаби ҳамшираҳои шафқатро дар беморхонаи Фомаи муқаддас дар Лондон созмон дод.
Дар ҷанги Қрим ин зани ҷасур ҳамроҳи 38 шогирдаш ба артиши Бритониё рафт ва исбот кард, ки шифоёбии захмиён на танҳо аз маҳорати духтур, балки аз сифати нигоҳубин дар беморхонаҳои ҳарбӣ низ вобаста аст.
Ба ифтихори мавлуди ӯ 12-уми май Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиббӣ муқаррар шудааст ва хатмкардаҳои мактабҳои тиббии Бритониё бо номи Флоренс Найтингейл савганд ёд мекунанд.

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


МАҲАТМА ГАНДИ ВА ФАЛСАФАИ Ӯ

Арбоби давлатӣ ва ҷамъиятии Ҳиндустон, яке аз пешвоён ва идеологҳои ҳаракат барои истиқлолияти Ҳиндустон Маҳатма Ганди таҳсилоти ҳуқуқшиносиро дар Лондон гирифтааст.
Ӯ соли 1891, баъд аз хатми таҳсил, ба ватанаш бармегардад, вале муваффақ намешавад. Аз ин хотир, барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони ҳинд ба Африқои Ҷанубӣ меравад.
Вақте ӯро барои эътироз бар зидди зулм латукӯб мекунанд, фалсафаи бидуни зӯроварӣ – «сатйаграҳа» (аз санскрит маънояш ҳақиқатталошӣ)-ро таҳия мекунад. Фалсафаи ӯ ба ҳаракати бузурги озодихоҳӣ табдил меёбад.

Омодасоз Кароматулло АТО


ВАҚТЕ ҒАЛАТ АНДЕША МАКУНЕМ…

Сиёсатмадори шаҳири бритонӣ Уинстон Черчилл гуфтааст:
“Вақте 20-солаед, ба афкори дигарон роҷеъ ба худатон аҳамият медиҳед.
Вақте 40-сола мешавед, фикри атрофиён дигар бароятон муҳим нест.
Вақте 60-сола шудед, мефаҳмед, ки дигарон дар бораи шумо, ҳатто фикр ҳам намекардаанд!».
Таҳияи Кароматулло АТО


КАХИ КАВСАДЗЕ
Рамзи садоқат ба зан

Кахи Кавсадзеро аксарият мешиносанд. Дасти кам медонанд, ки ӯро ҳамон як нақши оламгираш – Абдулло дар филми «Белое солнце пустыни» шуҳрат бахшидааст. Ҳарчанд Кахи бо Пйер Ришар низ нақш офаридаву Дон Кихоти машҳурро ҳам бозидааст. Ва шояд дӯстдорони санъати синамо медонанд, ки Кахи ҳамсабақу ҳампешаи худ Белла Мирианашвилиро ҳамсари якумра интихоб кардаву бо ӯ 26 сол зиндагии якҷоя доштааст. Вале, ба гумони ғолиб, аксарият намедонанд, ки Белла аз 26 соли зиндагӣ бо Кахи 23 сол дар аробачаи маъюбӣ ба сар бурдааст.
Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки баъди таваллуди фарзанди дуюм – писараш Иракли – Белла тавони роҳ рафтанро аз даст дода, ноилоҷ ба аробачаи маъюбӣ менишинад. Аниқтараш, ӯ худро барои саломатии фарзанд қурбон мекунад. Аҷибтар ин аст, ки Кахи то лаҳзаҳои охирини зиндагии ҳамсараш, яъне тули 23 сол, содиқ ва ҳамдаму ҳамрози ӯ боқӣ мемонад. Соли 1992, вақте Белла дунёи фониро тарк мекунад, Кахи ҳамагӣ 57 сол дошт, вале то дами марг, аниқтараш 28 соли дигар муҷаррад зиста, ба Белла – ишқи аввалаш, содиқ мемонад.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА

КРОУФОРД УСИКРО ДАР РАДАБАНДИИ ҶАҲОНӢ САРНАГУН КАРД
Боксёри мағлубнопазири амрикоӣ Теренс Кроуфорд (42-0, 31-тоаш нокаут) пас аз пирӯзӣ бар боксёри амрикоии мексикоитабор Саул Алварес (дар вазни то 76,2 кг) чемпиони мутлақи ҷаҳон шуда, дар радабандии беҳтарин боксёри олам сарфи назар аз вазн ба мақоми аввал баромад. Дар ин бора маҷаллаи The Ring хабар медиҳад.
Қувваозмоӣ 14-уми сентябр дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА доир гашта буд. Бино ба навиштаи маҷалла, Теренс Кроуфорд бо ҳукми якдилонаи доварон (116-112; 115-113; 115-113) ғолиб омад.
Бояд гуфт, ки то ин дам ҷои якумро боксёри мағлубнопазири украинӣ Александр Усик (24-0, 15-тоаш нокаут) мегирифт. Акнун, ӯ ба зинаи дуюм фуромада, боксёри мағлубнопазири ҷопонӣ Наоя Иноуэ (31-0, 27-тоаш нокаут) дар ҷои сеюм қарор дорад.
Тибқи хабарҳои интернетӣ, ҳақмузди Саул Алварес 150 миллион доллари ИМА ва Теренс Кроуфорд 50 миллион долларро ташкил дод.
Таҳияи Ш. АБДУЛЛО


ҲАРАКАТ ДОДАНИ КИШТИИ 700-ТОННАГӢ БО ДАНДОН
Варзишгари мисрӣ, чемпиони ҷаҳон оид ба пауэрлифтинг Ашраф Муҳаммад бо дандонҳояш киштии 700-тоннагиро ба ҳаракат дароварда, рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Дар ин бора рӯзномаи “Al Khaleej” хабар додааст.
Ашраф Муҳаммад рекорди қаблиро, ки варзишгари украинӣ Олег Скавиш бо ҳаракат додани киштии вазнаш беш аз 600 тонна гузошта буд, паси сар кард.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА

Баландтарин пули ҷаҳон дар Чин ба истифода дода шуд

Дар Чин сохтмони боз як лоиҳаи нодири муҳандисӣ анҷом ёфт. Ин дафъа рекорди нав барои баландтарин пули нақлиётгард аст. Он дар болои рӯди Бейпан, дар баландии 625 метр аз маҷрои дарё бунёд гардид.
Пул дар музофоти Гуйчжоу, ҷанубу ғарби Чин, аст, ки ноҳияи Люжии шаҳри Люпаншуйро бо музофоти Анлун мепайвандад. Дарозии он 2890 метрро ташкил медиҳад.
Ин пул ба ронандагон имкон медиҳад, ки дар муддати чанд дақиқа аз дара гузаранд, ки ин кор қаблан то ду соат тул мекашид.
Таҳияи М. ОДИНАЕВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДЕВОНА
Аз суҳбати телефонӣ:
– Азизам, шумо ба шоҳроҳи ҷанубӣ омада истодаед?
– Бале, чӣ буд?
– Эҳтиёт кунед, телевизион хабар дод, ки кадом як девона дар ин шоҳроҳ муқобили ҳаракати роҳ мошин меронад.
– Як девона не азизам, ин ҷо ҳамаи девонаҳо муқобили ман ронда истодаанд.

Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА


КАРУЗО
Карузои машҳур мебоист аз бонк маблағи калон мегирифт. Аз қазо, вақте назди хазинадор ҳозир шуд, ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ҳамроҳ надошт. Чун ноилоҷ кӣ будани худро ошкор месозад, бонкдорон боисрор талаб мекунанд, ки порае аз операи машҳури «Ҳасрат»-ро сарояд.
Баъди фурсате, ҳунарманд чунон наъра мекашад, ки долонҳои бонк моломоли одамони раҳгузар мешаванд. Хазинадоре ҳайрон мепурсад:
– Шумо бе оркестр чӣ гуна тавонистед ҳамаро қоил карда, бе ҳуҷҷат маблағ гиред?
– Бовар кунед, хаёлам бори аввал аз таҳти дил дар ҳамин бонки шумо опера сурудам, – мегӯяд ҳунарманд.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА

РЕГБОЛ
Ин намуд унсурҳои якчанд намуди варзишро дар бар мегирад: гӯштӣ, баскетбол ва регби. Он дар Россия ба миён омадааст. Инчунин, дар Нидерланд, Фаронса ва Чех дастаҳои касбии регбол вуҷуд доранд.
Азбаски бозӣ ҳаракатҳои сахти ҷисмонӣ дорад, бозигарон тасмаболинҳои ҳимояи зонуҳо ва оринҷ мепӯшанд. Регбол дар майдони баскетбол ва бо либоси гӯштӣ бозӣ карда мешавад ва ҳар даста 6 бозигар дорад. Мақсади бозӣ одӣ аст: тӯбро ҳарчи бештар ба сабади ҳариф партофтан.
Ба ақидаи коршиносон, регбол барои гӯштигирон бисёр муфид мебошад. Суръати тез ва партофти дақиқи тӯб ба рушди чолокӣ, қувват ва ҳамоҳангсозӣ мусоидат мекунад.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ

ДОРОИИ МАСК БА 0,5 ТРИЛЛИОН ДОЛЛАР РАСИД
Тавре сомонаи www. Life.ru бо истинод ба маҷаллаи амрикоии Forbes хабар медиҳад, бозаргони машҳур Илон Маск (ИМА) дар олам аввалин нафаре шуд, ки дороии ӯ ба 500 миллиард доллар расид.
Ин дар натиҷаи 4 дарсад боло рафтани нархи саҳмияҳои ширкати ӯ Tesla ба амал омад.
Ҳамчунин, зикр мешавад, ки дар радабандии миллиардерон пас аз Маск муассиси ширкати Oracle Ларри Эллисон бо дороии 340 миллиард доллар қарор дорад.
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА


МУВАФФАҚИЯТИ ДУХТАРИ ДЕҲОТӢ
Тао Хуабии чинӣ дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон ба дунё омадааст. Ӯ дар айёми ҷавонӣ дар саҳро кор мекард ва ҳеҷ гоҳ таҳсил накардааст. Баъдан, издивоҷ карда, соҳиби ду фарзанд мешавад. Дере нагузашта, шавҳараш вафот мекунад ва барои таъмини фарзандонаш Тао дар хонааш тарабхонаи хурде бо номи “Лао Ган Ма” кушод, ки одамон махсус барои хӯрдани чошнӣ (соус) меомаданд. Дар корхона аввал 40 коргар кор мекард, баъдан ба 200 нафар расид. Ҳоло даромади солонаи ширкати Тао Хуаби садҳо миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


ПИРӮЗИИ КАРЛОС АЛКАРАС ДАР US OPEN

Тибқи иттилои сомонаи championat.com, 7-уми сентябр дар корти Артур Эши шаҳри Ню-Йорк Карлос Алкараси испанӣ дар вохӯрии финалӣ Янник Синнери италиявиро бо ҳисоби 3:1 (6:2, 3:6, 6:1, 6:4) шикаст дода, миёни мардон ғолиби Чемпионати кушоди ИМА оид ба теннис гардид ва бо ҷом ва 5 миллион доллар сарфароз шуд.
Пас аз ин пирӯзӣ, Карлос Алкарас бо касби 11 540 имтиёз дар радабандии ҷаҳонии АТР (Ассотсиатсия теннисистҳои касбӣ) ба мақоми аввал баромад.

Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР

РОСТИИ ДАҒАЛ БАДТАР АЗ ДУРӮҒИ НАРМ?
Боре дар ҷамъе аз одамон ин пурсиш рӯ зад: рости дағал нохушояндтар аст ё дурӯғи нарм?
– Албатта, ростӣ беҳтар аст, агарчи дағал ҳам бошад. Дурӯғ ба ҳар навъе, ки бошад, бадтар аст, – посух доданд ҳамагон.
Аммо ҳақиқати ҳол нишон медиҳад, ки он ҷамъият дурӯғ гуфтанд, зеро дар рӯзгор мо зиёд дурӯғҳои нарм мешунавему эътироз намекунем. Вале ба як бор дағал гуфтани касе, агарчи рост бошад, мушавваш мешавем. Барои муддати дароз аз он озурдахотир мебошем. Пас, рост гуфтан ҳам нармӣ мехоҳад, вагарна дурӯғи нарм беҳтар аз он хоҳад буд.

Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Тезтарин ҳет-трик дар 4 топ чемпионатҳои Аврупо
3. Роберт Левандовскийи лаҳистонӣ зимни дар ҳайати «Бавария» бозӣ кардан, дар мавсими солҳои 2015-2016 ба дарвозаи «Волфсбург» дар 3 дақиқаву 22 сония се тӯб ворид намуда, муаллифи зудтарин ҳет-трик дар таърихи Бундеслигаи Олмон гардид.
4. Тезтарин ҳет-трик дар Премйер лигаи Англия ба футболбози сенегалӣ Садио Мане тааллуқ дорад. Ӯ ҳангоми бозигари бошгоҳи «Саутҳемптон» (2014-2015) будан, ба дарвозаи «Астон Вилла» дар 2 дақиқаву 56 сония се гол задааст.
Аз русӣ тарҷимаи
Иброҳими САЙФУЛЛО


ҲАР КАСЕРО БАҲРИ КОРЕ СОХТАНД

– Ҳар одами рӯйи Замин барои ҳалли мушкиле офарида шудааст, – гуфта буд боре бибии доноям.
Ман аз ин суханони ӯ хеле ҳайратзада шудам.
– Масалан, ту барои ҳалли мушкили касе фиристода шудаӣ, – илова кард ӯ ва шарҳ дод: қобилияте, ки ба ту дода шудааст, шояд ба ҳама зарур набошад, аммо он, албатта, барои касе лозим аст – табассуми ту, муҳаббат ё неруи ту.

Таҳияи С. УМАРАЛӢ


ОДАТҲОИ АҶИБ
1. ҲИНДУСТОН: ҷашни Ҳолли
Мардум дар ин ҷашни миллӣ ба ҳамдигар хокаи рангоранг мепошанд, ки рамзи шодӣ ва ҳамдигарфаҳмист.

2.ТУРКИЯ: пешгӯӣ бо қаҳва
Меҳмонро бо чой ва қаҳваи туркӣ пешвоз гирифта, бо қаҳва ояндаашонро пешгӯӣ мекунанд.


3. ШВЕЙТСАРИЯ: пешвози сагҳо
Дар баъзе ҷашнҳо сагҳо ва ҳайвонҳои маҳаллӣ бо либосҳои ороишӣ пешвоз гирифта мешаванд.
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА


ТАЙЛЕР ПЕРРИ
Гаҳе пушт ба зину гаҳе зин ба пушт

Ҳунарманд ва коргардони машҳури Ҳолливуд Тайлер Перри дар баробари соҳиби ҷоизаи «Оскар» будан, инчунин, барандаи ҷоизаи «Тамашки тиллоӣ» мебошад, ки барои бадтарин офаридаҳо дар соҳаи синамо супурда мешавад.
Аҷиб ин аст, ки ҳарчанд ӯ мард бошад ҳам, ин ҷоизаро барои иҷрои бадтарин нақши занона дар филми «Tyler Perry's Boo 2! A Madea Halloween» гирифтааст.
Воқеан, Тайлер Перри дар ин филм иҷрокунандаи нақши асосӣ, коргардон ва муаллифи сенария мебошад.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА

Санаи нашр: 03.10.2025 №: 191